|

ДОВТАЛАБ КАЙ ВА ЧЙ ТАВР БОЯД АЗ ҚАЙД ГУЗАРАД?

Тартибдиханда: ntc.tj/tj/

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2019-02-08

Марҳалаи асосии бақайдгирии довталабон аз 1-уми март то 15-уми апрел дар нуқтаҳои бақайдгирии шаҳру ноҳияҳои интихобшудаи ҷумҳурӣ сурат мегирад. Дар бораи макони нуқтаҳои бақайдгирӣ тавассути сомонаи Марказ ва расонаҳои хабарӣ маълумот пешниҳод мегардад. Довталаб дар марҳалаи асосии бақайдгирӣ дар ҳар нуқтаи бақайдгирие, ки бихоҳад (чи дар нуқтаи ба макони зисташ наздик ва чи дар пойтахт ва ё шаҳр ё ноҳияҳои дигар), худро сабти ном карда метавонад. Бақайдгирии довталаб баъди пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ аз ҷониби ӯ дар ҳузураш ба воситаи техника ва технологияи муосир амалӣ мегардад. Забон ва макони имтиҳонсупориро довталаб дар вақти бақайдгирӣ ихтиёран муайян мекунад. Ҳамаи маълумоти барои довталаб зарурӣ дар варақаи бақайдгирӣ (расмҳои 1 ва 2) дарҷ гашта, ба ӯ пешниҳод карда мешавад.
Довталаб ихтисосҳои ба худ писандро бо дарназардошти муассисаҳои таълимӣ, шакли таҳсил (рӯзона, шабона, ғоибона ва фосилавӣ) ва намуди таҳсил (ройгон ё пулакӣ) интихоб карда метавонад. Барои довталабоне, ки таҳсилоти умумии асосӣ (пас аз хатми синфи 9-ум) доранд, тибқи нақшаи қабули донишҷӯён танҳо таҳсили рӯзона пешбинӣ гардидааст.
Шахсони зерин ҳуқуқ доранд, ки барои иштирок дар ИМД аз қайд гузаранд:

  1. шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон - хатмкардагони солҳои пеш ва соли 2019-уми муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии асосӣ - хатмкардагон ё хатмкунандагони синфи 9-ум (барои ихтисосҳои дахлдори муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ), миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  2. шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии асосӣ, миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ё миёнаи касбии кишварҳои хориҷиро хатм намуда, ҳуҷҷати тасдиқкунанда ва шаҳодатномаи баробарарзишии ҳуҷҷатҳоро оид ба таҳсилот доранд;
  1. шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандии муқими Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки хатмкарда ё хатмкунандаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии асосӣ, миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ё миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳастанд (танҳо мувофиқи ихтисосҳои таҳсилашон пулакӣ);
  2. шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандии муқими Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки хатмкарда ё хатмкунандаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии асосӣ, миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ё миёнаи касбии хориҷа ҳастанд (танҳо мувофиқи ихтисосҳои таҳсилашон пулакӣ) ва оид ба таҳсилот ҳуҷҷати тасдиқкунанда ва шаҳодатномаи баробарарзишии ҳуҷҷатҳоро доранд.

Шахсоне, ки хатмкунанда ё хатмкардаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ буда, дар бораи гирифтани таҳсилоти миёнаи умумӣ - синфи 11 ҳуҷҷати дахлдор надоранд, танҳо аз муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ ихтисосҳоеро интихоб карда метавонанд, ки қабули донишҷӯён аз рӯйи онҳо дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ- синфи 9-умба роҳ монда мешавад.
Хатмкунанда ва хатмкардаҳои курсҳои тайёрии муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дар ИМД дар асоси талаботи умумӣ иштирок мекунанд.
Пас аз бақайдгирӣ ба довталаб варақаи бақайдгирӣ дода мешавад. Дар он маълумоти инфиродии довталаб, комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкарда, макон ва забони имтиҳонсупорӣ, рақами назоратӣ ва рамзи муваққатӣ барои ворид шудан ба кабинети инфиродӣ ва ғайра дарҷ мегардад. Дар давоми то 3 рӯзи пас аз бақайдгирӣ кабинети инфиродии довталаб фаъол мегардад. Оид ба тарзи истифодаи кабинети инфиродӣ дар бахши “Имкониятҳои кабинети инфиродӣ чӣ гуна аст?” маълумоти бештар оварда шудааст.
Барои бақайдгирии довталаб ҳуҷҷатҳои зерин талаб карда мешавад:

  1. асл ва нусхаи шиноснома ё ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи шахсият бо муҳру сурат, ки мақоми ваколатдори давлатӣ додааст (барои хатмкунандагони синфи 9-ум - маълумотнома бо сурат аз ҷойи истиқомат);
  2. ҳуҷҷат дар бораи таҳсилот:
  3. маълумотнома (бо муҳр ва сурат) аз муассисаи таълимӣ дар бораи хатмкунандаи синфи 9-ум будан (барои хатмкунандаҳои синфи 9-ум);
  4. маълумотнома (бо муҳр ва сурат) аз муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ дар бораи хатмкунандаи синфи 11-ум будан (барои хатмкунандаҳои муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ);
  5. маълумотнома (бо муҳр ва сурат) аз муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар бораи хатмкунанда будан (барои хатмкунандаҳои муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ);
  6. маълумотнома (бо муҳр ва сурат) аз муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ дар хусуси хатмкунанда будан (барои хатмкунандаҳои муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ);
  7. асл ва нусхаи аттестат (шаҳодатнома) дар бораи таҳсилоти умумии асосӣ (барои онҳое, ки синфи 9-умро хатм намудаанд);
  8. асл ва нусхаи аттестат (шаҳодатнома) дар бораи таҳсилоти миёнаи умумӣ (барои онҳое, ки синфи 11-умро хатм намудаанд);
  9. асл ва нусхаи диплом дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ (барои онҳое, ки муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбиро хатм кардаанд);
  10. асл ва нусхаи диплом дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ (барои онҳое, ки муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбиро хатм намудаанд);
  11. расид (квитансия)-и пардохти маблағ аз яке аз филиалҳои Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк" (ҳаҷми маблағро ҳар сол Марказ муайян менамояд);
  12. ҳуҷҷати тасдиқкунандаи имтиёзҳо (агар дошта бошад), аз ҷумла:
  13. хулосаи Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (маълумотномаи силсиладор) дар бораи маъюби гурӯҳи 1-ум ё 2-юм ё кӯдаки маъюб будани довталаб, агар тибқи хулосаи хадамоти мазкур барои онҳо аз рӯйи ихтисосҳои интихобкардаашон таҳсил манъ карда нашуда бошад (асл ва нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкардаи ин мақомот);
  14. хатти вафоти падар ва модар, шаҳодатнома дар бораи таваллуди довталаб - барои ятимони кулли то 21-сола (асл ва нусхаи нотариалӣ тасдиқшуда);
  15. қарори мақоми васояту парастории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ё ноҳияи дахлдор дар бораи бепарастор будани довталаб - барои бепарасторони то 21-сола (асл ва нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкардаи ин мақомот);
  16. хатти вафоти падар ё модар, шаҳодатнома дар бораи таваллуди довталаби то 21-сола - барои фарзанди хизматчии ҳарбие, ки ҳангоми иҷрои уҳдадории хизмати ҳарбӣ ҳалок гардидааст ё ҳангоми иҷрои уҳдадориҳои хизмати ҳарбӣ маъюб ё бемор шуда, бар асари он фавтидааст (асл ва нусхаи нотариалӣ тасдиқшуда). Дар хатти вафот бояд сабаби вафот мушаххас нишон дода шуда бошад;
  17. тавсияномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ғолибият дар олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявӣ ё байналмилалӣ (барои онҳое, ки ҷойи 1-ум, 2-юм ё 3-юмро ишғол намудаанд);
  18. тавсияномаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ғолибият дар озмун ё фестивалҳои тахассусии ҷумҳуриявӣ ё байналмилалии соҳаи санъат ва фарҳанг;
  19. шаҳодатнома дар бораи дорандаи унвони “Устоди варзиши дараҷаи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Устоди шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон” ё дараҷаи “Номзад ба устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон” будани довталаб (асл ва нусха);
  20. билети ҳарбӣ ё шаҳодатномаи муваққатӣ, ки барои шахсони хизмати ҳарбиро дар Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра адокарда дода шудааст (асл ва нусха).

Дар низоми ИМД ба довталаб ҳуқуқ дода мешавад, ки баъд аз бақайдгирӣ маълумоти инфиродӣ ё интихобҳояшро тағйир диҳад. Азнавбақайдгирии довталабоне, ки дар марҳалаи асосии бақайдгирӣ (аз 1-уми март то 15-уми апрел) номнавис шудаанд, дар ду марҳала - асосӣ ва иловагӣ гузаронида мешавад. Вобаста ба ин, ба чунин довталабе, ки маълумоти инфиродӣ ё интихобҳояшро тағйир додан мехоҳад, зарур аст, ки дар марҳалаи асосӣ ё иловагии азнавбақайдгирӣ худро аз нав сабти ном кунад.
Довталаб барои аз нав номнавис шудан дар марҳалаи асосии азнавбақайдгирӣ аз 16-ум то 30-юми апрел ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва расиди пардохти маблағи иловагиро бояд пешниҳод кунад. Барои ин довталаб ба нуқтаи бақайдгирие, ки дар марҳалаи асосии бақайдгирӣ худро сабти ном кардааст, бояд ҳозир шавад.
Марҳалаи иловагии азнавбақайдгирӣ барои довталабоне, ки хоҳиши иваз кардани гурӯҳи ихтисосҳо ва (ё) комбинатсияи ихтисосҳоро доранд, аз 10-ум то 20-уми июн бо пардохти маблағи пурраи бақайдгирӣ ба роҳ монда мешавад (танҳо дар шаҳри Душанбе). Имтиҳонҳо барои ин гурӯҳи довталабон дар даври иловагии имтиҳонҳо рӯзҳои 18-19-уми июл танҳо дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.
Барои азнавбақайдгирӣ аз довталаб ин ҳуҷҷатҳо талаб карда мешавад:

  1. шиноснома ё ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи шахсият (бо муҳру сурат), ки мақоми ваколатдори давлатӣ додааст (барои хатмкунандагони синфи 9-ум - маълумотнома (бо муҳру сурат) аз ҷойи истиқомат);
  2. варақаи бақайдгирии марҳалаи асосии бақайдгирӣ;
  3. расид аз яке аз филиалҳои Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк” оид ба пардохти:
  4. маблағи иловагӣ (барои марҳалаи асосии азнавбақайдгирӣ - аз 16-ум то 30-юми апрел);
  5. маблағи пурра (барои марҳалаи иловагии азнавбақайдгирӣ - аз 10-ум то 20-уми июн).

Марказ барои онҳое, ки ҳангоми марҳалаи асосии бақайдгирӣ (аз 1-уми март то 15-уми апрел) бо сабабҳои гуногун аз қайд гузашта натавонистаанд, аз ҷумла шахсоне, ки дар ин давра дар муҳоҷирати меҳнатӣ берун аз кишвар қарор доштанд ё дар Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмат мекарданд, марҳалаи иловагии бақайдгириро ба роҳ мемонад. Марҳалаи иловагии бақайдгирӣ аз 10-ум то 30-юми июн танҳо дар шаҳри Душанбе гузаронида мешавад.
Довталабоне, ки дар марҳалаи асосии бақайдгирӣ номнавис мешаванд, дар марҳалаи иловагии бақайдгирӣ ҳуқуқи иштирок карданро надоранд. Баъд аз анҷоми марҳалаи иловагии бақайдгирӣ ҳуҷҷат қабул карда намешавад.
Барои марҳалаи иловагии бақайдгирӣ ҳамон ҳуҷҷатҳое, ки дар қисмати марҳалаи асосии бақайдгирӣ номбар карда шуд, бояд пешниҳод карда шавад.

 Бақайдгирии довталабон, новобаста аз муассисаи таълимӣ, шакл ва намуди таҳсили интихобкардаашон, қатъан дар муҳлатҳои муқарраршуда мегузарад.
Агар довталаб пас аз бақайдгирӣ ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият ё рақами телефони мобилиашро иваз кунад ё дар қайди ному насабаш ғалат роҳ ёфта бошад, дар ин хусус бояд сари вақт (то эълони натиҷаҳои имтиҳонҳо) ба Марказ ариза пешниҳод намояд.

 Азнавбақайдгирии довталабоне, ки дар марҳалаи иловагии бақайдгирӣ номнавис шудаанд, бо раванди ин марҳалаи бақайдгирӣ дар як вақт ба роҳ монда мешавад.

Дидан карданд: 1709

Мавзӯъҳои монанд:

Пешномнависӣ

ДОВТАЛАБ КАЙ ВА ЧЙ ТАВР БОЯД АЗ ҚАЙД ГУЗАРАД?

Низоми имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ

СУБТЕСТИ ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК (Варианти 3)

СУБТЕСТИ ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК (Варианти 2)

СУБТЕСТИ ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК (Варианти 1)

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: