phone +992 92 854 6699
email info@durahshon.tj
Хуш омадед ба сомонаи DURAHSHON.TJ

Дар ин ҷо Шумо маводхо точикӣ, сурудҳои тару тоза, видеоклипҳо, шеърҳои тоҷикӣ, реферату корҳои курсӣ-ро ба худ дастраст карда метавонед!!!

linebet
Загрузка...

Мавзӯҳо

Корхона ҳамчун моликияти умумихалқӣ, дар ҳуҷҷатҳои оморӣ ва коргузорӣ ба ҳайси ташкилотҳои истеҳсолии давлатӣ: завод, фабрика, иттиҳодияҳои истеҳсолӣ, иттиҳодияҳои илмию истеҳсолӣ ба тавсиб мерасид.


Мувофиқи қонунгузориҳо корхона барои риоя кардани манфиати ҷомеаву шаҳрвандон, қонунҳову ҳифзи муҳити атроф, афзун гардондани боигарии корхонаю сарвати ҷамъият, баланд бардоштани самараи истеҳсолот ва оқилона истифода кардани захираҳои маҳдуди ҷомеа ҷавобгар мебошад.


Ҳангоми гузариш ба иқтисоди бозорӣ таъсир ва бунёд гардидани бисёрукладӣ, масъалаи таъмин кардани ҳуқуқи соҳибкорӣ, шароити танзими муносибатҳои дохилӣ ва бурунмарзӣ, ташкили сохтори иқтисодӣ ва иҷтимоии онҳо ва тарзу услуби фаъолияти корхонаҳо дар низоми улуми иқтисод ба мадди аввал гузошта мешавад


Фаъолияти корхона, хоҳ - нохоҳ бо принсипҳои иқтисоди бозорӣ (интихоби озодонаи намуд ва шакли фаъолият, баробарҳуқуқии субъектҳои бозорӣ тибқи шаклҳои гуногуни моликият, нарх муқарраркунии озод, худтанзимкунии фаъолияти хоҷагидорӣ, ҷавобгарии иқтисодӣ, худмаблағгузорӣ, худидоракунӣ, худтанзимкунӣ...) алоқаманд мебошад.


Новобаста аз сирати мансубият ба ин ё он шакли моликият, ҳаҷму меъёр, миқдори тавлиди неъматҳову адои хизмат, ҳар як корхона барои иҷрои вазифа ва мақсади муайян нигаронида мешавад.


Заминаҳои айнии бавуҷудомадани фирма аз давраи андӯхти ибтидоии капитал (сармоя) оғоз ёфта, дар замони таҳаввули истеҳсолоти калони мошинӣ (инқилоби саноатии капитализм) ҳамчун корхонаҳои хусуси (фардӣ)-и аз ҳам ҷудо, барои ташкил гардидани фаъолияти соҳибкорӣ таҳкурсӣ гузоштааст



Сурудҳо


Видео

icon
Музыка способна оказывать известное воздействие на этическую сторону души; и раз музыка обладает такими свойствами, то, очевидно, она должна быть включена в число предметов воспитания молодежи.

OUR PARTNERS
  • partner 1
  • partner 2
  • partner 3