|

Ташкили СИБМ дар MS Access. Мафҳуми объект, хусуиятҳо ва тавсифи онҳо

Тартибдиханда: admin

Дохил кард: Алишер Фозилов

Санаи дохилгардида: 2017-09-05

Системахои идоракунии базаи маълумот (СИБМ) – ин воситахои барномавие мебошанд, ки бо воситаи онхо метавонем базаи маълумот созем, онро пур намоем ва бо он кор намоем. Дар чахон системахои идоракунии базаи маълумоти гуногун мавчуд аст. Бисёрии онхо дар асл махсули тайёр набуда, забони барномасозии махсусгардонидашудае мебошанд, ки  хар шахси ин забонро  азхуднамуда метавонад худ чунин сохторхоеро, ки ба ӯ қулай аст, созад, ба он элементхои лозимаи идоракуниро дохил намояд. Ба ин забонхо Clipper, Paradox, FoxPro тааллук доранд.
Эхтиёчоти барномасози хамавакт дохилнамоии васеи базаи маълумотро ба бизнеси хурдро нигах медошт. Ташкилотхои бузург кобилияти фармоиши барномасозии системаи махсусгардонидашударо доранд. Ба ташкилотхои хурд аксар вакт  натанхо хал кардан, балки онро дуруст пешбини (сформулировать) карда наметавонистанд.
Ин холат бо пайдоиши системаи идоракунии базаи маълумоти Access дар таркиби пакети Microsoft Office тагйир ёфт. Версияхои пешинаи ин барнома ракамхои Access 2.0 и Access 95-ро доштанд.
Бо воситаи Access истифодабарандагони одди воситаи сохтан ва  истифодабарии   базахои маълумоти пуркувват бе истифодабарии барномасозиро ба даст оварданд. Ба хар хол кор дар Access  имконияти барномасозиро рад наменамояд. Бо хохиши худ метавон системаро ташаккул дод. Барои ин донистани асоси барномасози дар забони Visual Basic зарур аст.
Боз яке аз чихатхои мусбии он барнома дар он аст, ки ин барнома бо Word, Excel ва дигар барномахои пакети Office алокаманди дорад. Маълумотхои дар замимахои гуногуни ба ин пакет дохилшаванда осон аз як замима ба дигараш импорт ва экспорт мешаванд.
Объектхои Access
Оинаи хозираи Access бо соддагии худ фарк мекунад. Шаш кисми ин оина шаш объектхоро, ки бо онхо барнома кор мекунад дар бар мегирад.
Чадвалхо(таблицы)- объекти асосии бзаи маълумот . бо онхо мо аллакай шинос мебошем. Дар онхо маълумот нигох дошта мешавад. Базаи маълумоти релятсиони метавонад чадвалхои зиёди ба хам пайвандро дошта бошад.
Дархостхо(запросы)-  ин сохторхои махсусе, ки барои коркарди маълумоти база пешбини шудаанд. Бо ёрии дархостхо маълумотхоро ба тартиб медароранд, филтр менамоянд, чудо менамоянд(отбирают), тагйир медиханд, муттахид менамоянд, яъне бонхо амалхо ичро менамоянд(обрабатывают).
Формахо- ин объектхое мебошанд, к ибо воситаи  онхо ба база маълумоти навро дохил менамоянд ва имконияти  маълумоти мавчударо медихад.
Хисоботхо- ин  баръакси форма мебошад.  Бо ёрии онхо маълумотхоро ба принтер ба таври кулай ва зохиран фахмо пешниход карда мешаванд.
Макросхо – ин макрофармонхо мебошанд. Агар ягон амал бо база махсусан бисёр такрор ёбад, аз максад дур нест, ки якчанд фармонро ба як макрос гурухбанди намуда онро бо комбинатсияи тугмачахо гузоштан мумкин аст.
Модулхо – ин проседурахои барномавие, ки дар забони Visual Basic навишта шудаанд. Агар воситахои стнадартии Access нокифоя бошад, барномасоз метавонад онро бо воситаи навиштани модули лозима  васеъ намояд.
Речахои(режимы) кор бо Access
Аз нуктаи назари ташкилоти хангоми кор бо дилхох базаи маълумот ду речаи гуногун мавчуд аст:

  • Лоиханоки (проектировочный) ва стифодабари(эксплуатационный (пользовательский).

Ташкилотчии базаи маълумот  хукук дорад дар он объектхои нав созад(масалан, чадвал),  сохтори он,  хусусияти майдонхоро нишон дихад, алокаи  лозимаро муайян намояд. У бо структураи база кор мекунад ва ба база ичозати пурраро надорад. Дар як база метавонад як, ду ва якчанд тадкикотчи бошад.
Истифодабарандаи база- ин шахсе мебошад, ки  онро бо информатсия бо воситаи форма пурра намояд, маълумотро бо воситаи дархост коркард намояд ва натичаро дар намуди чадвалхои натичави ва хисоботхо гирад. Дар як база метавонад миллион истифодабаранда боша два инчунин дастраси барои сохтори базаи маълумот барои онхо пушида аст.
Ба оинаи аввалаи базаи маълумот нигаред. Ба гайр аз шаш кисм барои объектхо он инчуни се тугмаи фармоиши дорад: «открыть», «конструктор», «создать». Бо воситаи онхо низ речаи кор бо база интихоб карда мешавад.
Тугмаи «Открыть» объекти интихобшударо мекушояд. Агар он чадвал бошад, онро метавон дида баромад, ба он маълумоти нав дохил намуд ва он маълумотеро, ки дохил шуда буд, тагйир дихад.
Тугмаи «Коструктор» инчунин объекти махсусро мекушояд, лекин ба таври дигар. Он сохтори базаро мекушояд ва имкон медихад, ки тагйир додани дохили он буда не, балки сохтори   он мебошад. Агар он чадвал бошад, метавонем ба он майдони навро дохил намоем ва хусусияти майдонхои мавчуд бударо тагйир дихем. Агар ин форма бошад, дар он метавонем элементхои идоракуниро сохта атгйир дихем. Маълум аст, ки ин реча барои истифодабарандагони база не, балки барои тадкикотчиёни он хизмат менамояд.

Амали тугмаи «Создать» ба номи он мувофикат мекунад. Он барои сохтани объектхои нав хизмат менамояд. Ин элементи идоракуни низ барои тадкикотчиёни база пешбини шудааст. Чадвалхо, дархостхо, формахо ва хисоботхоро метавонем бо якчанд рох тартиб дихем:  автомати, даст ива бо ёрии Мастер.

Дидан карданд: 1706

Мавзӯъҳои монанд:

Мафхуми умумии SQL, типи маълумот ва воситахои муайянкардани доменхо. Таърихи кутохи SQL

Ҳисоботҳо

Сохтан ва таҳрири майдонҳои алоқаманд

Сохтани навиштаҷот

Формаҳо ва сохтори онҳо. Кор бо формаҳо

Кор бо дархостҳо. Дархостҳои ҷамъбастӣ

Кор бо дархостҳо. Ҳисоббарорӣ дар дархостҳо

Кор бо дархостҳо. Дархост бо параметрҳо.

Кор бо объекти базаи маълумот: дархостҳо. Дархости интихобӣ

Мафҳуми «робита» дар СИБМ Соз кардани робитаи байни ҷадвалҳо.

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: