|

Ифтихор

Тартибдиханда: Ойбек Эгамбердиев

Дохил кард: Сино Эгамбердиев

Санаи дохилгардида: 2013-04-07

Дар миёни кўҳсорон сахтҷонам зодаанд,
Дар раҳи кўҳсор баҳри имтиҳонам зодаанд,
Волидайни бенишонам чун нишонам зодаанд,
Дар диёри камзамине бекаронам зодаанд.

Гарчи мегуфтанд аз қисмат бувад фардои ман,
Гарчи мегуфтанд серўзӣ бувад дунёи ман,
Гарчи дар гаҳвора мебастанд дасту пои ман,
Дар замин баҳри талоши осмонам зодаанд.

Дар миёни чор девори баланди кўҳҳо,
Ки гаронӣ мекунад бар кўҳҳо андўҳҳо,
Дар радифи қуллаҳои посбони рўҳҳо
Бо дили бедору бо рўҳи ҷавонам зодаанд.

Бо дуои мўсафедони худотарсу баор,
Бесавод,аммо саводомўзи сад омўзгор,
Бо шарофатҳои кампирҳои нимҷони ҷоннисор
Баҳри ҳоло, баҳри фардои замонам зодаанд.

Ман аз ин сон бесаводон сўхтан омўхтам,
Аз сафои сураи Қуръон сўхтан омўхтам,
Аз китоби зери болинам Ватан омўхтам-
Дар диёри байту шеъру достонам зодаанд.

Гарчи дар базми бузургон кўдаки гаҳвораам,
Бо ҳама камзарфии худ ҷузви ин сайёраам,
Шоирам ё ошиқам, майхора ё ғамхораам,
Ҳар кӣ ҳам бошам,
ба қасди душманонам зодаанд...

Дар миёни кўҳсорон кўҳсонам зодаанд,
Бо ғурури қуллаҳо ҳамошёнам зодаанд,
Дар канори чашмае баҳри дамонам зодаанд,
Дар деҳи хурде барои сад ҷаҳонам зодаанд!

Лоиқ Шералӣ

Дидан карданд: 8487

Мавзӯъҳои монанд:

Ифтихор

ҚИЁМАТ

МАНУ ТУ

Шеърҳо аз Мӯмин Қаноат, Ману шабҳои бехобӣ

Шеърҳо аз Мӯмин Қаноат, Бузургӣ ва хоксорӣ

Шеърҳо аз Лоиқи Шералӣ, Ворисон

Шеърҳо аз Лоиқи Шералӣ, ДАР ҚАТОРИ ҚУЛЛАҲОИ ТОҶИКИСТОН

Шеърҳо аз Лоиқи Шералӣ, Ситораҳо

Шеърҳо аз Лоиқи Шералӣ, Ишқи Ман аз Лоиқ Шералӣ

Шеърҳо аз Лоиқи Шералӣ, Пазмонӣ

Коментари дохил карданд:

Каментарй дохил кард: дилдора
Санаи дохилгардида: 2014-09-20

шеър ачойиб ва мазмундор.

Каментарй дохил кард: Firdavs96@Mail.ru
Санаи дохилгардида: 2015-01-03

hele ajoib firdavs 1996

Каментарй дохил кард: Ibrohim.9696@inbox.ru
Санаи дохилгардида: 2015-02-19

Prosto zur

Каментарй дохил кард: МЕХАЖОН ХАМРАЛИЕВА
Санаи дохилгардида: 2015-05-15

ЗАНГИ ОХИРДА ШЕР ДАРКОРАЙ


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: