|

Шеърҳо аз Лоиқи Шералӣ, ДАР ҚАТОРИ ҚУЛЛАҲОИ ТОҶИКИСТОН

Тартибдиханда: admin

Дохил кард: Сино Эгамбердиев

Санаи дохилгардида: 2013-01-29


Дар қатори қуллаҳои Тоҷикистон,
Дар қатори қуллаҳои сангу хок,
Қуллаи дигар ба гардун сар кашид
Қуллаи шеъри баланду рӯҳи пок.
Қуллае андар қатори сад ҳазорон қуллаҳо –
Қуллаи шеъри баланду сода аст,
Қуллаи Мирзои Турсунзода аст.

Баъд аз ин, эй дӯстон,
Эй ҳама даъвогарони тахти шеъру достон,
Дар баландӣ ошён мондан кам аст,
Шеъри худ бар ёри худ хондан кам аст...
Гар шумо аҷдоди ӯед,
Гар шумо авлоди ӯед,
Гар шумо аз шеъри ӯ рӯи ҷаҳонро дидаед,
Ҳамчу набзи хештан набзи замон санҷидаед,
Гар шумо дидед, чун як фард олам мешавад,
Оламеро мезанад бар олам, Одам мешавад;

Гар шумо дар ҷашни дафни ӯ сиришк афшондаед,
Мисрае бар ёди ӯ аз достонаш хондаед;
Беш аз ин,
Гар шумо аз кӯҳсоред;
Беш аз ин,
Гар шумо аз ин диёри номдоред,
Беш аз ин,
Гар шумо номуси миллӣ
дар вуҷуду зоти худ доред,
Дар баландиҳои куҳҳо ошён мондан кам аст,
Ошёне
Дар баландии мақоми ӯ гузоред!


[1977]

Дидан карданд: 3076

Мавзӯъҳои монанд:

Ифтихор

ҚИЁМАТ

МАНУ ТУ

Шеърҳо аз Мӯмин Қаноат, Ману шабҳои бехобӣ

Шеърҳо аз Мӯмин Қаноат, Бузургӣ ва хоксорӣ

Шеърҳо аз Лоиқи Шералӣ, Ворисон

Шеърҳо аз Лоиқи Шералӣ, ДАР ҚАТОРИ ҚУЛЛАҲОИ ТОҶИКИСТОН

Шеърҳо аз Лоиқи Шералӣ, Ситораҳо

Шеърҳо аз Лоиқи Шералӣ, Ишқи Ман аз Лоиқ Шералӣ

Шеърҳо аз Лоиқи Шералӣ, Пазмонӣ

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: