|

Барномаи СУБД–и Microsoft Access Стрктураи базаи маълумот, майдонҳо

Тартибдиханда: admin

Дохил кард: Сино Эгамбердиев

Санаи дохилгардида: 2013-01-19


Ба сифати чунин объекти омўзишӣ СИБМ Microsoft Access–ро дида мебароем. Оинаи асосии Ms Access чунин намуд дорад (Пуск=>Прог­раммы=>Ms Access, Пуск=>Выполнить=>Msaccess):
Оинаи асосии СИБМ Microsoft Access
Структураи базаи маълумотҳои оддитарин. Ҷадвалҳо
Қайд менамоем, ки агар дар базаи маълумотҳо ягон маълумот нигоҳ дошта нашуда бошад ҳам, он базаи маълумотҳои мукаммал ҳисобида мешавад. Гарчанде, чунин базаи маълумотҳо маълумотҳоро дар бар надорад, вале он дорои структура, яъне иттилоот мебошад. Структураи база тарзҳои дохилнамоии маълумотҳоро ба база ва нигоҳдории маълумотҳоро муайян менамояд.
Базаи маълумотҳо дилхоҳ объектҳоро дар бар гирифта метавонад ва яке аз объектҳои асосии дилхоҳ базаи маълумотҳо ин ҷадвалҳо мебошанд. Ҳар як базаи маълумотҳо ақаллан як ҷадвал дорад. Дар ҳолати охирин структураи базаи маълумотҳо ба структураи ҷадвали он айниятан монанд мешавад.
Маълум аст, ки структураи ҷадвали дученакаро сатру сутунҳои он ташкил медиҳанд. Дар базаи маълумотҳо сатрҳо – навиштаҷот, сутунҳо – майдон номида мешаванд. Структураи базаи маълумотҳоро дар ниҳояти кор майдонҳои он муайян менамоянд. Масалан, агар дар база навиштаҷот набошад, ин маънои онро дорад, ки базаи маълумотҳо танҳо бо гурўҳи майдонҳои худ ташкил ёфтааст. Лекин, агар майдонҳои (ё хосиятҳои майдонҳо) ҷадвали базавӣ (асосӣ) тағйир дода шаванд, ин маънои тағйирдиҳии структураи базаи маълумотҳо ва мувофиқан ҳосил намудани базаи маълумотҳои навро дорад.
Ҷадвалҳо яке аз намуди объектҳо мебошанд, ки ба базаи маълумотҳои Microsoft Access дохил мешаванд. Дар расми зерин оинаи муоширатии асосии базаи маълумотҳо инъикос ёфтааст, ки дар он тамоми объектҳо оварда шудаанд:
Оинаи объектҳои СИБМ Microsoft Access
Дар оинаи мазкур объектҳои базаи маълумотҳои Microsoft Access – Ҷадвалҳо (Таблицы), Дархостҳо (Запросы), Шаклҳо (Формы), Ҳисоботҳо (Отчеты), Саҳифаҳо (Страницы), Макросҳо (Макросы) ва Модулҳо (Модули) инъикос ёфтаанд. Аз тамоми намуди объектҳо танҳо ҷадвалҳо барои нигоҳдории иттилоот пешбинӣ шудаанд. Дигар намуди объектҳо барои азназаргузаронӣ, муҳаррирӣ, коркард ва таҳлили маълумотҳо пешбинӣ шуда, дастраснамоии маълумотҳоро ба таври аёнӣ таъмин менамоянд.
Майдонҳо
Майдонҳо ҷузъи асосии базаи маълумотҳои барномаи Access мебошанд. Онҳо на танҳо структураи базаи маълумотҳоро муайян менамоянд, балки инчунин, хосиятҳои маълумотҳои ба ҳар як катакчаи майдон дохилшударо низ муайян мекунанд. Майдонҳои ҷадвали СИБМ Ms Access дорои чунин хосиятҳо буда метавонанд:
Номи майдон – ҳангоми амалиётҳои автоматикӣ бо база бо ин ном ба маълумотҳои майдон муроҷиат мекунанд (одатан номи майдонҳо ҳамчун сарлавҳаи сутунҳои ҷадвал инъикос меёбанд);
Намуди майдон – намуди қиматҳои майдонро муайян мекунад;
Андозаи майдон – дарозии ниҳоии маълумотҳоро (бо рамзҳо), ки дар майдон ҷойгир шуда метавонанд, муайян менамояд;
Формати майдон – тарзи форматиронии маълумотҳоро дар катакчаҳои майдон муайян менамояд;
Ниқоби дохилнамоӣ – муайянкунандаи шакли дохил намудани маълумотҳо ба майдон (воситаи автоматикунонии дохилкунии маълумотҳо);
Имзо – сарлавҳаи сутуни ҷадвалро барои майдони додашуда муайян менамояд (агар имзо муайян нашуда бошад, он гоҳ, ба сифати сарлавҳаи сутун хосияти Номи майдон истифода мешавад);
Шарти маълумотгузорӣ – маҳдудияте, ки барои санҷиши саҳеҳии маълумотҳои дохилшаванда пешбинӣ шудааст (одатан барои маълумотҳои намуди ададӣ, молиявӣ ё намуди сана дошта истифода мешавад);
Ахборот оиди хатогӣ – ахбороти матнӣ, ки ҳангоми ба майдон дохил намудани маълумотҳои хато бароварда мешавад;
Майдони зарурӣ – хосияте, ки зарурати бо маълумотҳо пурра шудани майдонро ҳангоми пурра намудани базаи маълумотҳо муайян менамояд;
Сатрҳои холӣ – хосияте, ки дохилнамоии маълумотҳои сатрии холиро иҷозат медиҳад;
Майдони индексиронишуда – дар чунин майдонҳо амалиётҳои ҷустуҷўӣ ва батартибдарории маълумотҳо бо суръати баланд иҷро мешаванд.
Қайд менамоем, ки рўйхати хосиятҳои мазкур асосан барои майдонҳои намуди матнӣ тааллуқ доранд. Дигар намуди майдонҳо мумкин аст, ки чунин хосиятҳоро надошта бошанд ва хосиятҳои худро илова намоянд.

Дидан карданд: 4449

Мавзӯъҳои монанд:

Мафхуми умумии SQL, типи маълумот ва воситахои муайянкардани доменхо. Таърихи кутохи SQL

Ҳисоботҳо

Сохтан ва таҳрири майдонҳои алоқаманд

Сохтани навиштаҷот

Формаҳо ва сохтори онҳо. Кор бо формаҳо

Кор бо дархостҳо. Дархостҳои ҷамъбастӣ

Кор бо дархостҳо. Ҳисоббарорӣ дар дархостҳо

Кор бо дархостҳо. Дархост бо параметрҳо.

Кор бо объекти базаи маълумот: дархостҳо. Дархости интихобӣ

Мафҳуми «робита» дар СИБМ Соз кардани робитаи байни ҷадвалҳо.

Коментари дохил карданд:

Каментарй дохил кард: 333333
Санаи дохилгардида: 2013-04-24

3333

Каментарй дохил кард: sorbon.okimsho@mail.ru
Санаи дохилгардида: 2014-07-10

Барои гирифтани маълумот хуб мешуд агар ин дархостро ба почтаи электрони равон мекардед

Каментарй дохил кард: Suhrob E-mail
Санаи дохилгардида: 2017-09-15

Базаи Маълумотхо


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: