|

Базаи маълумоти релятсионӣ

Тартибдиханда: admin

Дохил кард: Сино Эгамбердиев

Санаи дохилгардида: 2013-01-17

         Базаи маълумоти релятсионӣ − фосилаи калонтарин дар таърихи ташаккулёбии назарияи БМ он вақт буд, ки модели релятсионӣ ба амал тасдиқ карда шуд. Назарияи БМ релятсионӣ аз тарафи доктор Коддом аз ширкати IBM соли 1970 сохта шуд. Яке аз вазифаҳо модели релятсионӣ ин сабук кардани структураи БМ буд. Дар он нишондиҳандаи аниқ барои ояндаю гузашта ва маълумот дар намуди ҷадвал дар сатру сутунҳо ҷой гиронида шуда буд. Дархост ба чунин ҷадвалҳо, ҷадвали навро бармегардонад, ки барои дархостҳои оянда ёрдамчӣ шуда метавонад. Агар як мафҳумро ҳам баргардонад, он ҷадвал аз як сатру аз як сутун иборат аст (расми 4).
Вақте, ки SQL-дархостҳо ҷадвалро бармегардонад ин зарур аст, ин онро мефаҳмонад, ки натиҷаи дархостро аз нав ба база баргардонидан дар намуди ҷадвал мумкин аст. Дар ин ҷо натиҷаи ду ва зиёда дархостҳо структураи якхеларо доранд ва онҳоро барои муттаҳид кардан ба як ҷадвал имконият маҷуд аст.
Дар ин модел барои як база якчанд ҷадвалро тартиб додан ва мувофиқи қоида онҳоро бо ҳам алоқаманд кардан мумкин аст.


id

name

Text

1

Intel Pentium 4

Ram  DDR-1gb, video-cart 512mb, LSD-монитор

2

Dual Core

Ram  DDR2-1gb, video-cart 512mb, LSD-монитор

3

Core two Duo

Ram  DDR2-3gb, video-cart 1gb, LSD-монитор

Расми 4. Базаи маълумоти релатсионӣ
Дар ин ҷо id – идентификатор(аз 1 то беохири рақами бутун), name – номи протсессорҳои компютер, text – маълумоти кутоҳ оиди хорактеристикаи компютер.
Дар ин ҷадвал ҳар як сатр ба монанди дигар ҷадвалҳои база барои як компютер маълумот дорад ва ҳамин тавр дар базаи релатсионӣ маълумотро дохил карда мешавад.

            Модели ба объект нигаронидашуда – дар ин намуди база маълумот ба намуди объектҳо нигоҳ дошта мешавад. Бо чунин БМ кор кардан осон аст. Аммо имрӯзҳо ин хел БМ мисли БМ–и ратсионалӣ машҳур нашудааст ва истеҳсолкунандагонаш ҳам баробар шуда натавонистааст.
            Модели гибридӣ – он БМ–ро гибридӣ мегӯянд, ки базаи объектиро ба релятсионӣ якҷоя карда шуда бошад. Дар вақтҳои охир ин хел БМ – ро, БМ – и объективӣ – релятсионӣ меноманд. Ба ин БМ мисол шуда метваонад объективӣ – релятсионии СИБМ (СУБД) – и Oracle.


Дидан карданд: 2123

Мавзӯъҳои монанд:

Мафхуми умумии SQL, типи маълумот ва воситахои муайянкардани доменхо. Таърихи кутохи SQL

Ҳисоботҳо

Сохтан ва таҳрири майдонҳои алоқаманд

Сохтани навиштаҷот

Формаҳо ва сохтори онҳо. Кор бо формаҳо

Кор бо дархостҳо. Дархостҳои ҷамъбастӣ

Кор бо дархостҳо. Ҳисоббарорӣ дар дархостҳо

Кор бо дархостҳо. Дархост бо параметрҳо.

Кор бо объекти базаи маълумот: дархостҳо. Дархости интихобӣ

Мафҳуми «робита» дар СИБМ Соз кардани робитаи байни ҷадвалҳо.

Коментари дохил карданд:

Каментарй дохил кард: salimpardaev46@gmail.com
Санаи дохилгардида: 2017-12-29

Давомаш

Каментарй дохил кард: nasimikromov9900
Санаи дохилгардида: 2018-04-15

Садриддин Айни Кахрамони халки точик Темурмалик.Очерки адаби тарихи.

Каментарй дохил кард: nasimikromov9900
Санаи дохилгардида: 2018-04-15

Мемори дар асри 15


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: