Дата: 2018-10-20
Кулол? аз ?унар?ои суннатии маъруфи то?икон мебошад, ки ба исте?соли маснуоти гил? марбут аст. Пешаи кулол? дар гузашта бештар дар ша?р?ои калон рушд ёфта, ма?сулоти сохтаи он?о нисбатан босифат, хушнамуд ва зебо буданд. Дар де?от зарфсоз? ё кулол?, бештар ба зиммаи зан?о буд. Он?о аз гил?ои ма?алл? бидуни дастго? зарф?о сохта, дар ?ойи соя хушконида, дар оташдон?ои назди?авлиг? меп?хтанд. Барои сўзишвор?, одатан, порўи чорпои хонаг? истифода мешуд.
Ба кори кулол? дар фасл?ои гарми сол маш?ул мешуданд. Хок ва гили онро кўзагарон аз ?ойи махсус мегирифтанд. ?ар гуна хоку гил барои зарфсоз? мувофи? набуд. Гилро аввал дар офтоб хушконида, бо кўба мекўфтанд, сипас бо об онро шўрида, лой тайёр мекарданд. Баъзан бо гил регро низ аз элак гузаронида ?амро? менамуданд. Агар кулолон кўза, хум ё хурмаи калоне сохтан? шаванд, каме пашми буз меандохтанд, то ки муста?камтар шавад. Лойро бо дасту по зер карда, ?авояшро мебароварданд ва дар ?ойи сояву хушк бо латта?о пўшонида мемонданд. Лой якчанд рўз,баъзан то 10 рўз, то расидан ва часпак шуданаш мехобид. Пас аз омода шудани лой як ми?дори онро ?удо карда, ба пештахтаи лоймол? гузошта, ба шакли зарф?ои дилхо? медароварданд ва баъдан онро ба дасго? мени?оданд.
Дасго?и кулол? аз чархи пой, тир ва сандон (сумба) иборат буд. Усто бо пояш чархро тоб медод ва тири ба чарх устуворшуда низ тоб хўрда, тахтаи гирдро мечархонид. Лойи болои тахта тоб хўрда, кулол каме об ба он пошида, лойро ла?жонак мекард, то ки ба шакли муаян дароварданаш осон шавад. Дар ва?ти шакл додан кулолон аз асбоб?ои махсуси худ, ба монанди ка?корд, ?ошу?,гардангирак,товонча истифода мебурданд.Пас аз омода шудани зарф он бо ?олиб?ои белчамонанд,?ир?ирак (?ар?ара) ва ?айра ороиш дода мешуд. На?ш?ои кўза?ои сафолии ма?алл? чандон мураккаб набуданд. ?олиб?о на?ш?ои хатти уреб, бодомча, чоркун?а ва амсоли ин?оро доштанд. Баъзе зан?ои кўзагар баъд аз хушконидан ва пухтани зарф?о бо ранг?ои таби? ма?сулоти худро бо тасвир?ои гулу барг?о ва хат?ои мав?нок оро медоданд.
Зарфхои хушкшударо дар хумдон ё оташдон?ои махсус мепухтанд. Хумдон?о вобаста ба таъйиноту вазифаашон ду навъ мешуданд: хумдони калон, ки барои кўзаву хуму хурма?о сохта шуда буданд ва хумдони косаву таба?, ки хурдтар буданд. Хумдон аз гулах-фарши оташафрўз?, тур (пур)-?ойи зарфгузор? иборат буда, аз болояш сўрохие калоне мав?уд буд, ки онро “Да?ани хумдон” меномиданд. Девора?ои хумдон аз чор тараф бо номи “Мур?ак”сўрохи?ои хурде барои дудбаро? дошт. Зарф?оро аз да?анаи хумдон ба тур андохта, да?ани хумдонро бо сафолпора?ои кў?на ма?кам мекарданд.
Кулолон то 30-40 сол ?абл зарф?ои зиёди сафолиро исте?сол менамуданд.Чунончи, кўза, офтоба, хурма, хум, машрафа (машраба), якдаста, коса, шо?коса, пиёла, таба?, чилобчин, ширполо, чой?ўш, намакдон ва амсоли ин?о. Ба ?айр аз зарф?о кулолон инчунин дегдон, сарпўши дегдон, кул?, бозича?о ва дигар ма?сулоти гилиро месохтанд.
Косаву таба??оро сир медавониданд ва бо ранг?о на?ш?о кашида, ороиш медоданд. Рангро кулолон аз иш?ор, маъдан?ои таби?, гиё?у ма?сулоти ?онварон тайёр мекарданд.
Касби кулол? дар байни то?икон то ба нима?ои садаи ХХ маъмул буд, аммо бо пайдо шудани зарф?ои чинии воридот? ва филизии корхона? доираи истифодаи ма?сулоти кулол? танг шуда, касби мазкур рў ба ин?ироз овард.
И?тибос аз “Донишномаи фар?анги мардуми то?ик” (?исми якум), ки соли 2015 аз ?ониби Сарредаксияи Энсиклопедияи миллии то?ик чоп шудааст.
Та?ияи Зебуннисо Сафарова
мутахассиси пешбари шуъбаи
адабиёт доир ба фар?анг ва ?унар
Просмотр: 1230
Музыка способна оказывать известное воздействие на этическую сторону души; и раз музыка обладает такими свойствами, то, очевидно, она должна быть включена в число предметов воспитания молодежи.
© 2020 DURAHSHON.TJ. All rights reserved