Дата: 2018-10-20
Суннат?ои либосдўзию либоспўшии то?икон дорои мазмун?ои фар?ангию ичтимо? ва асотирию эъти?од? мебошанд. Он?о зина?ои рушду тара??иёти ниёгони мардуми то?икро аз даврони бостон то ба имрўз дар худ инъикос кардаанд. ?абл аз ?ама гуфтан лозим аст, ки то?икон ба интихоби ранги либос тава??у?и махсус доранд. Аз замон?ои ?адим ниёгони то?икон – су?диёну бохтариён аз матоъ?ои пахтагин ва баъдтар абрешимини сафедранг бештар либос медўхтанд.
Ранги сафеди либос рамзи покию озодаг?, беолоиш?, бахти сапед ва сул?у амониро ифода мекард. Дар баробари он дар рўз?ои ид?ои суннатию ?ашн?ои маиш? ва рўз?ои хурсанд? то?икон, ?ам марду ?ам зан либос?ои рангию гулдор ва муна??ашро ба бар мекарданд, ки он орзую омоли рангин ва хушбахтии мардумро бозтоб менамуд. Ин анъана?о дар тўли садсола?о мардуми то?икро ?амро?? карда то, ба имрўз омода расидаанд. Имрўз?о низ либос?ои ?ашнии бонувони то?ик бештар аз газвор?ои атласу адрас, шо??, матоъ?ои гулдўзишуда, чакану гулбаст ва монанди ин?о духта мешаванд.
Ба либос?ои занонаи мили то?ик? курта, пой?ома, камзўлча, калтача, ?ома, яктак, рўймол, то??, ?уроб ва кафш дохил мешавад. Курта?ои суннатии занона дорои остину домани дарозу кушод буда, гиребони нўги остин?о ва ?исми поёни доманашон гўлдуз? мешуданд. Аз таги курта?ои гўлдуз? пўшидани пиро?ани сафед маъмул буд, ки онро куртаи тагпўш? меномиданд. Дар водии Рашту Дарвоз ва Бадахшон ба курта?ои занона шероз?ои пургули ранга часпонида мешуд. Баъзе ?унармандон шероз?оро дар худи матои курта ба воситаи даравшак медўхтанд. Махсусан, пеши бари курта?о пурра гулдўз? мешуд, ки он пешак ном дошт. Пой?ома?ои бонувон кушоду дароз буда, то бу?улаки пой мерасид. Он аз матоъ?ои читу карбос, атласу адрас ва бе?асаб медўхтанд. Пой?ома?ои бонувон кушоду дароз буда, то бу?улаки пой мерасид. Он?оро аз матоъ?ои читу карбос, атласу адрас ва бе?асаб медўхтанд. Ба ?исми поёни пой?ома шероз ё ?ияки гулдўзишуда мечаспониданд.
Дар ша?р?о зан?ои нисбатан доро курта?ои шо??, атласу кимхо ва камзўлу ?ома?ои зардўз? мепўшиданд.
То?и?ои занона дар но?ия?ои шимоли кишвар чоркун?а буда, дар води?ои ?исору Рашт, вилояти Хатлону Бадахшон то?и?ои гирд маълум буданд. То?и?ои чамандиг, иро?? ва зардўзиро бештар духтарону наварўсон ба сар мегузоштанд. Зан?о то?? пўшида, аз болои он ба сар рўймол мепартофтанд.
Рўймол?ои шол, фаранг, заргарон?, рубаст хеле рои? буданд. ?авонон рўймол?ои рангашон равшан мебастанду зан?ои калонсол рўймол?ои нисбатан торикрангро меписандиданд. Тарзу шеваи рўймолбанд? дар минта?аву наво?ии кишвар гуногун мебошад. ?авондухтарон отадан рўймоли хурдро ди??ат карда, ба сар гузошта, ду гўшаи онро ба ?афои сар бурда, гире? мекарданд. Зан?ои миёнсол рўймоли калонро ба сар гузошта, ду канори онро ба ?афо мепартофтанд. Усул?ои рўймолбандии таги мана?, пешонабанд, мушки беги?он, гирди сар, гўшгардон ва чанде дигар рои? буд.
Либос?ои анъанавии мардона аз курта, та?пўш, шалвар, яктак, ?ома, ?елак, рўймоли миёнбанд, то??, салла, кафш, ма?с?, мўза ва чанде дигар иборат мебошад. Дар кў?истон инчунин либоси болоии чакман ва пўстин низ маълум аст.
Курта?ои мардонаи то?ик? аз матои читу карбос дўхта шуда, сари гиребони он?о гулдўз? мешуд. ?ади он?о камарро пўшонида, то ба рони пой?о мерасид. Дарозии остини курта?о то банди даст расида, чандон кушод набуд. Курта?ои пешина тугма надоштанд, гиребони он?о васеъ буда, курта аз болои сар пўшида мешуд.
Яктак як навъ либоси мардонаи болопўш буда, мисли ?ома пешаш кушода аст ва бо рўймол миёнашро мебастанд. Яктак асосан аз матои суф ё карбоси сафед дўхта шуда, мардон онро дар фасл?ои гарм аз болои курта мепўшиданд ва дар зимистон аз зери ?ома ба бар мекарданд. Навъи дигари яктакро ?елак меноманд, ки аз матоъ?ои адрасу алоча ва бе?асаб дўхта мешавад.
?омаи мардонаро маъмулан аз матоъ?ои алоча, бе?асаб, сатин ва шо?? медўзанд. Дар байни абраю астари ?ома пахта гузошта, бо сўзан ба таври амуд? лаганда карда мешавад. Аз болои ?ома ба рўймоли миёнбанд камари худро мебанданд.
Дар сол?ои 1950-60 дар баробари либос?ои мардонаи суннат? либос?ои замонавии аврупо? ба истифода даромад ва то ба имрўз мардони то?ик шиму кастюм, курта, шим, джемпир, палто, борон?, куло?, либос?ои варзиш? ва монанди ин?оро ?амарўза ба бар мекунанд.
Либос?ои анъанавии мардуми то?ик имрўз?о низ дар де?оти но?ия?ои кишвар истифодаи васеъ доранд. Дар ша?р?о низ дар баробари либос?ои аврупо? либос?ои милл? мав?еи худро ниго? доштаанд. Аммо як андоза дар шаклу сохтор ва тарзи дўхти он?о та?йирот ба ву?уд омадаанд. Илова бар ин дар асоси либос?ои милл? сару либоси замонав? э?од шудаанд, ки он, бегуфтугў идомаи анъана вобаста ба шароити ?а?онишав? мебошад.
Аз китоби “Мероси фар?анги ?айримодд? дар То?икистон”. Соли нашр 2017.
Та?ияи Бунафша Абдура?имова,
мутахассиси пешбари Шуъбаи
адабиёт доир ба фар?анг ва ?унар
Просмотр: 2546
Музыка способна оказывать известное воздействие на этическую сторону души; и раз музыка обладает такими свойствами, то, очевидно, она должна быть включена в число предметов воспитания молодежи.
© 2020 DURAHSHON.TJ. All rights reserved