Дата: 2018-10-20
Алочабоф? дар Фе?ристи миллии фар?анги ?айримодд? дар бахши касбу ?унар?о та?ти ра?ами Е037 ба?айд гирифта шудааст.
Алочабоф? дар бисёр ша?р?ои то?икнишини Осиёи Марказ?, аз ?умла дар Ху?анд, Самар?анд, Бухоро, ?исор (?арато?), Кўлоб ва дигар ша?р?о маълум буд. Дар Осиёи Марказ? алоча ба ном?ои зебак, фаранг? ва абрешим? маълум аст. Алочае, ки тору пудаш аз ресмони ма?алл? та?ия мешуд, зебак ном дошт. Алочае, ки аз ресмони аврупо? бофта мешуд, фаранг? ва оне, ки аз абрешиму ресмон буд – алочаи абрешим? номида мешуд. Алоча матои ра?дори рангоранг ва дорои на?шу нигори мураккабу реза мебошад. На?ши алоча аз ро??ои ?аррангаи ?абуд, сабз, сиё?, сурх ва зард таркиб меёбад. На?ш?ои он «митт?», «мушку зафар» ва «байра?» ном доранд.
Алочаи ?исор? аввал?о тангбар буд. Дар охири асри XIX бари он аз «чор ангушту чоряк» (26-27 см) то (56-58 см) васеъ карда шуд, ки онро мардум? ма?алл? «олчинбар» («оршинбар») меномиданд. Дарозии ин гуна олочаро 12,5 оршин (8,8 м) чен карда мебуриданд, ки он «як лўла» ном дошт. Аз он як ?омаи мардона ва ё як куртаи занона духтан мумкин буд.
И?тибосе, ки овардем, аз са?ифаи 36-38 «Донишномаи фар?анги мардуми то?ик» буда, муаллиф Дилшод Ра?имов мебошад. ?обили зикр аст, «Донишномаи фар?анги мардуми то?ик» дар асоси «Барномаи ?ифзи мероси фар?анги ?айримоддии хал?и то?ик барои сол?ои 2013-2020» бо ибтикори Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии То?ик ?илди аввали соли 2015 ба чоп расидааст.
Донишномаи мазкур барои муаррифии арзиш?ои маънавии хал?и азизамон на?ши му?им дорад. Ин китоби бисёр?илда доир ба анъана?о, урфу одат?о, маросим?о ва дигар суннат?ои миллии мардуми то?ик маълумот дода, хонандаро ба таърихи ташаккули фар?анги миллиамон шинос менамояд.
Тиб?и иттилои масъулини Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии То?ик дар ?илд?ои баъд? оид ба мавзўъ?ои ало?идаи фар?анги ?айримоддии мардум? аз ?умла, «Наврўз», «Сўзан?», «Бофандаг?», «Косиб?», «Либос?ои мардум?», «Бози?ои бачагона», «?ашн?ои и?тимоии мардум?» маълумоти донишномавиро барои хонандагон пешни?од менамояд.
Шуъбаи адабиёт доир ба фар?анг ва ?унар и?дом гирифтааст, ки минбаъд маълумоти мухтасарро аз китоби мазкур тиб?и «Фе?ристи миллии мероси фар?ангии ?айримодд?» ро?еъ ба унсур?ои ало?ида пешни?оди хонандагон намояд.
Аммо касоне, ки майли дидану мутолиаи ин Донишнома доранд, метавонанд ба шуъба муро?иат намоянд.
Та?ияи Бунафша Абдура?имова,
Мутахассиси пешбари шуъбаи
адабиёт доир ба фар?анг ва ?унар
Просмотр: 931
Музыка способна оказывать известное воздействие на этическую сторону души; и раз музыка обладает такими свойствами, то, очевидно, она должна быть включена в число предметов воспитания молодежи.
© 2020 DURAHSHON.TJ. All rights reserved