Дата: 2018-10-20
Дирафши Ковиён?, дирафш (байра?)-и устура?, мардум? ва баъдан давлатии подшо?они ?адими ориё? (эрон?). Аввалин дирафши а?дод?-миллии то?икон «Дирафши Ковиён (Ахтари Ковиён) – дирафши бузурги шо?они асотирии Каён?, таърихи Ха?оманиш?, Ашкон? ва Сосон? буд, ки мувофи?и ривоёти а?воми эрон? аз замони Фаридун боз ву?уд доштааст, то дар ?у?уми араб ба дасти онон афтод ва нобуд шуд. Агарч? ибтидои зу?ури он ба ибороти имрўз? «асотир?»-ст, вале мав?удиятиаш дар имтидоди давраи Ха?оманишин то ба соли 632 комилан собитшуда аст. Яъне, тўлм 1200 соли во?еии маълум - то зу?ури ислом - му?аддастарин дирафши давлатдории эронитаборон будааст.
Таърихи асотириаш ба иттифо?и кулли маъхаз?ои маълум чунон аст, ки пас аз он ки Коваи О?ангар пешбанди чармини худро дирафш сохт ва дар та?ти он мардумро алай?и За??оки золим шўронд ва пирўз шуд, дирафши мазбур ?амчун рамзи пирўзии милл? бар ?акимони а?наб? миёни ?авм?ои ориё? му?аддас дониста шуд. Дар он ?ангом мардумони шўрида Фаридунро бар тахти Эрон нишониданд ва ин дирафшро ?амчун дирафши хоссаи шо? бад-ў бахшидаанд, ки баъд аз ин ?ар шо?е, ки ба тахт менишаст, дирафши мазкур ба ихтиёри ў дода мешуд.
Аз навишта?ои кулли таърихнома?о – бахусус аз Таърихи Табар? – бармеояд, ки Фаридун баъд аз 20 соле, ки ?амро? бо Кова буд ва Кова бимурд, тамоми дороии Коваро ба фарзандони ў бахшид, аммо ин дирафшро дар хазинаи давлат ?амчун фоли нек ниго? медошт ва ба ?ар ?арбе, ки мерафт, онро мекушод ва бо худ мебурд, то зафар меёфт. Ибни Асир менависад, ки мардум ба даст овардани пирўзи?оро дар мушкилоти давлатдории худ «аз баракати он дирафш донистанд ва онро ба фоли нек гирифтанд ва гиром? щумурданд ва дар бузургдошти он кўшиданд, то ?ое, ки ин дирафш дар назди подшо?они Эрон бузургтарин дирафше шуд, киаз он хайру баракат ме?устанд ва онро «Дирафши Ковиён» меномиданд. Онро ба ро? намеандохтанд, магар дар кор?ои бисёр бузург ва онро барнамеафрохтанд, магар … ?ангоме ки бо пешомад?ои бузург рў ба рў мешуданд».
Аз ин буд, ки – менависад Табар? – минбаъд ?ар подшо?е, ки бар тахти давлати эрониён менишаст, ин дирафшро бо худ медошт ва ?ар подшо?е аз худ гав?ару ё?уте бар он меафзуд, то пўст дар миёни он гав?ар?о нопадид шуд. Пас онро «Дирафши Ковиён» ном карданд. Ва маънии «дирафш» дар па?лав? алам (ливо) буд ва эрониён чизи ларзанда ва рахшандаи тобонро «дирафшон» мегуфтанд ва ?ам ?ар го?, ки онро мекушоданд, ба воситаи дурру гав?ар?ое, ки дошт, дурафшон, яъне рахшандаи тобон мешуд, аз ин рў ин калима маъруф ва минбаъд ?ар дирафше, ки меафроштанд, ма?з бо ?амин номи «дирафш» маъмул мешуд.
Дар чигунагии шаклу таркиби ин дирафш то ба имрўз ахбори мухталиф расидааст, баъзе бар онанд, ки чармпорае будааст аз пўсти шер, ё паланг, ё хирс, ки онро ?аблан Кова ?амчун пешбанди кори хеш истифода мекардааст ва баъд аз он, ки ба» дара?а»-и дирафш? расид, онро суфтатар ва ба шакли зеботар, ки ба алам монанд буда бошад, карданд. Ба навиштаи со?иби «Бур?они ?отеъ» «?акиме будааст дар улуми тилисмот ба?оят мо?ир, ки шакли сад дар сад бар он на?ш карда буд. Ва баъзе гўянд шакле аз сўхтаги?ои оташ дар он чарм ба ?ам расида буд, ки ин хосият дошт, яъне дар ?анг, ки он ?амро? буд, албатта фат? мешуд».
Дар андозаи дирафш низ а?идаи ягона нест. Азбаски онро аз пешбанде пеш ва албатта, аз аз пўсти як ?айвон ?ам бештар надонистанд. Аммо дар «Таърихи Табар?» менависад: «Ин алам аз пўсти паланг буд ва ба арз ?ашт зироъ ва тўл дувозда? зироъ», яъне та?рибан чор метр бар шаш метр. Аммо маълум нест, ки Табар? дирафши кадом а?дро дар назар дорад; а?ли ?ахоманиш?о ё Сосониёнро? Дар ?ар сурат, агар ин гуфтаро ?а?и?ате бошад, пас онро баъдан аз якчанд пўсти ороишдодашудаи паланг устокорона нусхабардор? карда ва бузургтару пур?айбаттар сохта буданд”. Аммо дар Лу?атномаи Де?худо ва Муъин инро низ оварданд, ки дирафши мазбур иборат буд аз як ?итъаи чармпораи чоргўшае, ки бар болои як найза насб шуда аз нўги найза ба пушти он аз тарафи боло пайдо буда ва бар рўи чарм, ки зеб додашуда ба ?ариру гав?ар буда, шакли як ситорае буда, мураккаб аз ча?ор парра ва дар маркази он доираи кўчаке ва ?амчунин дар болои он низ доираи кўчаке, ки ?ариб ба я?ин ?амон аст, ки Фирдавс? аз он ба «Ахтари Ковиён?» таъбир мекунад. Ва аз тарафи та?тонии чарм ча?ор реша ба ранг?ои мухталифи сурху зард ва бунафш овехта будааст.
Бостоншиносон дар соли 1833 ?ангоми ковиш?ои бостоншинос? ?исмат?ое аз ша?ри дар соли 79 милод? зери вулканмондаи Помпеи Итолиёро падид овардаанд, ки дар он миён тасвири рангаи зебое дар тахтасанге ба даст омад. Хотамкории мазбур мутаалли? ба асри дуюми милод аст. Ин хотамкор? иборат аз тасвири са?наи ?анге буд, ки дар соли 323 ?абл аз милод миёни Искандар ва Дорои Сеюм ба ву?ўъ пайваста буд. Дар ин акс Доро дар болои аробаи ?анг? дар миёни лашкариёнаш ва дар а?иби ў саворе дирафше дар даст на??ош? шудааст, ки мутаассифона ба ?амин ?исмати хотамкор? шикасте ворид омадааст, ки бад-он восита дуруст санги дирафш ?увайдо нест. Вале бо ву?уди ин ?исмати болоии худи дирафш ва нўки найзае , ки дирафш бад-он васл аст ва ?амчунин ?исмате аз реша?ое, ки барои зинати дирафш овехта буданд, ба хуб? намоён аст.
Ин ма?оларо аз китоби “Донишномаи фар?анги мардуми то?ик” (?исми якум) и?тибос шуд. Китоб соли 2015 аз ?ониби Сарредаксияи Энсиклопедияи миллии то?ик чоп шудааст. Хонандагон метавонанд бо он дар толори хониши Шуъбаи адабиёт доир ба фар?анг ва ?унар, во?еъ дар ошёнаи чоруми Китобхонаи милл? ошно шаванд.
Та?ияи Нигина Ма?мудова,
мутахассиси шуъбаи адабиёт
доир ба фар?анг ва ?унар
Просмотр: 837
Музыка способна оказывать известное воздействие на этическую сторону души; и раз музыка обладает такими свойствами, то, очевидно, она должна быть включена в число предметов воспитания молодежи.
© 2020 DURAHSHON.TJ. All rights reserved