Дата: 2018-10-18
Кандакор? р?йи ч?би ма?бараи Исмоили Сомон? (асри 10), ара?аи Чашмаи Айюб (аср?ои 14–17, Бухоро), раф?ои ма?бараи ?уссам ибни Аббос (Самар?анд), айвони ма?бараи де?аи Чорк??и Исфара, ме?роби Искодар (асри 10, но?ияи Айн?), ма?бараи Шайх Мусли?уддин (аср?ои 14–15, Ху?анд), ма?бараи Сайфиддини Бохарз? (асри 14), дари Г?ри Мир (асри 15, Самар?анд) ва ?айра на?ш?ои ?андас? ва таби? доранд.
Кандакор?, навъи санъати ороишиву пардозкор?, ки таввссути кандану буридани ч?б,филиззот, га?, устухон ва гил и?ро мешавад. Кандакориро барои зинат додани ашёи р?згор, ?узъ?ои меъмор? ва ?айкалтарош? ба кор мебаранд. Кандакор?, ?адимтарин ва маъмултарин навъи санъати ороишиву амали то?икон буда, анвои гуногун дорад: Кандакор? бар?астаи му?арнас?, бар?астаи нисбатан ?амвор, ум??, ангорд, дутарафа (т?ршакл, пан?ара, аррашуда) ва р?йбаст.
Кандакории ч?б. Меъморон ва на??орони то?ик аслан ч?б (бештар арча, тут, чорма?з, зардолу, чанорро) ба кор бурда, аз он ?ар гуна ашёи р?згор (таба?у коса, чумча, кафлес, санду?, бордон ва ?айра), ?исм?ои бино?ои фар?ангиву маъмуриву ?амъият?, ?олаб?ои гуногуни махсуси гулпартоии матоъ?о ва ?айра месохтанд. Шо?сутун?ову боша, раву болор, син?у дару дарвоза?ои муна??аш, са?она ва лав?а?ои ?удогонаи кандакоришуда дар меъмор? фаровон истифода мешуданд.
?адимтарин осори кандакории ч?б аз ша?р?ои, Пан?акенту Ша?ристон ёфт шудаанд, ки ба аср?ои 6–8 тааллу? доранд. Баъзе пора?ои болоро, сутун, дару дарвоза ва па?лудар?, ки бо?? мондаанд, ба усули кандакории бар?астаи му?арнас?-л?лапрдоз? ва бар?астаи нисбатан ?амвор кандакор? шуда, бо на?ш?ои ислим? ва гире? оро ёфтаанд. Баробари на?шу нигори маъмул? (х?шаи ангур, чалипо, нимдоира, чорбарг, барг, гул, тухм) дар санъати давраи то исти?лоли араби хал??ои Осиёи Марказ? му?ассамасоз? ва офаридани дигар мав?удоти хаёл? (?онвар?ои дуба?ра) риво? ёфта буд. Баъди истилои араб ва ?ор? шудани дини ислом, баробари манъ шудани бутпараст? кандакории сужадор ва на?оши?ои баландмазмун низ аз байн рафтанд (ба истиснои баъзе марказ?ои мадании Осиёи Миёна).
Кандакор? р?йи ч?би ма?бараи Исмоили Сомон? (асри 10), ара?аи Чашмаи Айюб (аср?ои 14–17, Бухоро), раф?ои ма?бараи ?уссам ибни Аббос (Самар?анд), айвони ма?бараи де?аи Чорк??и Исфара, ме?роби Искодар (асри 10, но?ияи Айн?), ма?бараи Шайх Мусли?уддин (аср?ои 14–15, Ху?анд), ма?бараи Сайфиддини Бохарз? (асри 14), дари Г?ри Мир (асри 15, Самар?анд) ва ?айра на?ш?ои ?андас? ва таби? доранд.
Пардоз ва нигоришоти ч?б охири асри 19 ва ибтидои асри 20 ?ам давом кардааст. Масоле?и асосие, ки дар р?згори то?икони к??истони Бадахшон ва ?аволии он бештар ба кор мерафт, ч?б буд. Чорхона, васса?ои му?арнас, кунгура?ои да?лез ва пориса?ои айвон, «бузовез», гав?ора, боша ва ?исми поини сутун, дару дарвоза?о. Аспи ч?бин санду? ва дигар ашиёи р?згор аз такомули санъати кандакор? дар ин но?ия ша?одат меди?анд. Акси офтобу ситора?о, набототу на?ш?ои ?андас?, ки аксаран бо услуби бар?аста ва ум?? и?ро мешуданд, маъмул буданд. Кандакори л?лапардоз – бар?астаро усто?о нимдавра, новва, пилитанок ва ?айра меномиданд. Барои нусхапарто? нова?аламу рустак ё зидув, барои кандани р?йи ч?б шутургардан, барои пайкан? (на?ш?ои хурди гирда) гурсумба ва дигар асбоб?ои кандакори истифода мшудаанд.
Дар кандакории то?ик? услуб?ои на?шунигори маъмултарини ислим?, гире?, катиба ва ?онварнусха мав?еи махсус доштанд. Ба ороишоти гире? аслан на?ш?ои ?андас?, мусаллас, мураббаъ, шакал?ои дурусту нодурусти шашкун?а, ?ашткун?а, ситора?ои 5, 12-г?ша, чоркалид, морпеч, кунгура ва ?айра мансубанд. Пардози услуби ислим? ??штаноб, мар?ула, гули бодом, гули хайр?, нилуфар, сарв, савсан, настаран, барг, шо?ибарг ва амсоли ин?оро дар бар мегирад, Шакли мур?они гуногун, мо??, мор, нахчир хосси услуби ?онварнусха мебошанд. Дар ёдгори?ои хаттии аср?ои 10– 14 катиба?о ?амчунин ба хатти сулс, к?ф?, насх р?йи ч?б ма?фуз мондаанд. Чунин катиба?оро бештар дар сутуну дарвоза?о, ара?аву изора?о ва раво??ои ч?бкор? сабт менамуданд. Кандакор? дар замони мо низ маъмул аст ва дар он ду тамоюл дида мешавад: хал?? ва касб?. Услуби хал?? идомаи анъана?ои пешинаи кандакор? буда, имр?з бештар дар де?от риво? дорад. Меъморону на??орон ва на??ошони касб? (услуби касб?) бештар ба сохтумону пардози бино?ои му?ташами фар?ангиву маърифат? ва ?амъият? маш?уланд. Усто?о Ра?имшайх Ра?абов, Очил Файёзов, Охун?он Ё?убов, Ма?судов?о, Мансуров?о, Сиро?иддин Нуриддинов, Я?ёев?о ва дигарон аз ?умлаи он намояндагони маш?ури санъати, Кандакори то?ик? мебошанд, ки дар такомули ин навъи санъат ?иссагузор? намудаанд. Махсусан Сиро?иддин Нуриддинов дар офаридани намоя?ои пурмазмуну зебоманзар («Ро?ба с?йи Ленин», «Ра??оса» ва ?айра дар толори тарабхонаи «То?икистон») устод аст.
Кандакории санг ?адимтарин навъи санъати ороишиву амалии то?икон аст. Азбаски дар сарзамини то?икон анвои санг?ои барои, Кандакори мувофи? фаровонанд, ин навъи санъат таърихи ?адим дорад. Аз Ёвон санге ?афр шудааст, ки ба давраи Бохтар ва Кушониён мансуб буда, дар р?йи он ажда?оасп ва ё мораспи саворадор канда шудааст. Аз де?аи Сух (вилояти Фар?она) санге ёфтанд, ки дар р?йи он ду мор, кандакор? шудааст ва он ба асри 2 то милод тааллу? дорад. Аз Самар?анду Нурато ба даст омадани санги кандакоришуда аз равна?и ин навъи санъат гуво?? меди?анд. Кандакории гур?ча?ои санги г?р, катиба?ои р?йи тахтасанг?о, ороиши тахтамармар?ои мадрасаву масо?ид (мадрасаи Шердор, Ма?бараи Бибихоним) аз равна?у такомули ин навъи санъат гуво?? меди?анд.
Гачкор? низ яке, аз навъ?ои маъмули санъати, кандакори буда, дар пардозу такмили дохилу беруни бино истифода мешавад. Ороишоти ?аср?ои ?адимии ?айратон (Тирмиз), Афросиёб (Самар?анд) ва Варахша (Бухоро) гуво?анд, ки ин навъи ?унар ба дара?аи равна? расидааст. Аз ?африёти Варахша ва чигунагии на?ш?о (на?ши бар?астаи дарахтон, зани мур?тан ва ?айра) бармеояд, ки гач масоле?и сохтмониву ороишии пурба?ост.
Баргирифта аз китоби «Донишномаи фар?анги мардуми то?ик» (?исми якум) ки соли 2015 аз ?ониби Сарредаксияи Энсиклопедияи Миллии То?ик чоп шудааст.
Та?ияи ??рахон ?афуров,
сармутахасисси шуъбаи адабиёт
доир ба фар?ангва ?унар
Просмотр: 1452
Музыка способна оказывать известное воздействие на этическую сторону души; и раз музыка обладает такими свойствами, то, очевидно, она должна быть включена в число предметов воспитания молодежи.
© 2020 DURAHSHON.TJ. All rights reserved