Дата: 2018-10-18
О?ангароне, ки ин касбро ба шогирдон меом?зонданд, бо барпо намудани маросими «камарбандон» ба он?о фоти?аи кори муста?илонаро медоданд. Му?лати шогирд? та?рибан 3–4 сол идома меёфт. Шогирдон дар ин давра дар хонаи усто зиндаг? ва бо ? кор мекарданд. Усто дар баробари ом?зонидани ма?орату малакаи О?ангар? инчунин ба шогирдон рисолаи касбро мехонд ва ё мазмунашро на?л мекард. Аз кору р?згори нахустин о?ангар, пири ин касб – ?азрати Довуд ривоят?о мегуфт.
О?ангар?, яке аз касб?ои ?адимии маъмули то?икон, ки то ба имр?з идома дорад. Маъруфияти ин пеша вобаста ба ниёз ва талаботи мардум ба ма?сулоти о?ангар? аст. Дар гузашта устохона ё корхона?о (корго??о)-и о?ангар? дар ?ар ша?ру де?а мав?уд буданд. Чунонки дар рисолаи ин касб омадааст, о?ангар? аз чи?илу як ?унар иборат буда, ?ар яке аз дигаре фар? дорад, масалан, устои калангар, мехгар, мисгар, дегрез, наълк?б, кордсоз, ?улфсоз ва ?айра.
Рушди исте?соли маснуоти о?ангар? дар охири асри 19 ва ибтидои асри 20 дар ша?ру наво?ии то?икнишин бештар мушо?ида шудааст, зеро пас аз ?амро? карда шудани Осиёи Марказ? ба ?айати Руссия воридоти ашиёи хом, аз ?умла, о?ан меафзояд. Аз он пештар масъалаи дарёфти ашиёи хом барои о?ангарони де?от хеле мушкил буд. Дар Шу?нону Вахон бинобар камёб будани о?ан наъли аспонро аз шох?ои бузи к??и месохтанд. Дар Ван? о?анро бо ро?и гудохтани маъдани к??? ба даст меоварданд. О?ангарони ван?? о?ани исте?солшударо ба се навъ ?удо мекарданд: навъи якум ё бе?тарини он «?урч» ном дошта, барои сохтани корд, поку, табар, теша, дос ва дигар олоти те?дор ба кор мерафт. Навъи дуюмро «нармо?ан» меномиданд, ки аз он наъл, мех, зулфаки дар ва монанди ин?оро месохтанд. Навъи севуми о?ан дорои сифати паст буда, барои рехтани поза ё о?ани ?уфт истифода мешуд.
Маводи с?хти асос? барои о?ангарон ангишти дарахтони сахтч?б ба ?исоб мерафт. Дар к??истон ангиштро аз дарахтони бурс, зардолу ва баъзан аз ангат тайёр мекарданд. Олоти устохонаи о?ангар? аз к?ра, дами о?ангар?, сано?и дам, сандон, кундаи ч?б?, новаи об, путк, гиро, анбур, ка?анбур, ?алам ё сумба, хоиск ва ?айра иборат мебошад. Дар ?ар устохона ?адди а?ал як усто ва 2–3 нафар шогирд кор мекарданд. Устокалон дар назди к?раи оташ истода, ба анбур о?анро дар оташ сурх мекард ва ?амро?и яке аз ?амкорон ё шогирдон онро дар болои сандон бо путку хоискзада, ба шакли дилхо? медаровард. Шогирди дигар банди саночи дамро мунтазам болову поин кашида, ба шуълаи ангишт бод медод, то ки оташ беист забона занад. Ма?сулоти сохтаи о?ангарон гуногун буданд. Аз ?умла, олоти кор: каланд, бел, теша, хоркантеша, табар, искана, исканатабар, новатеша, токбур, бол?а, анбур; асбоб?ои р?згор-кафгир , дег, корд, оташгирак, зулфаки дар, мехча,даравши м?кид?з?, поку; олоти кишоварз? – дос, о?ани ?уфт, гулмех, наъл бо мехаш ва ?айра исте?сол мешуданд.
Дар гузашта дар ?ар де?а усто?ои о?ангар ба тари?и авлод? кор мекарданд. Дар де?оти Дарвоз о?ангарон як бор дар як сол ?а? мегирифтанд, он?ам дар тирамо?, ?ангоми ?унучини ?осил буд. ?ар як де??он ба о?ангар як таба? гандум, як таба? тути хушк ва дигар ма?сулоти кишоварзию бо?дор? медод. Як таба? дар байни мардум во?иди вазн ба ?исоб мерафт, ки он аз 8–12 то?? иборат буда, ба 10–12 кг баробар буд. Усто?ои о?ангар мушкилоти мардумро дар кор?ои о?ангар? осон намуда, дар давоми сол ба он?о олоти ме?нат сохта медоданд. ?оло о?ангарон чунин а?дномаи ?амкориро бекор карда, барои ?ар як хизматашон музди ало?ида мегиранд.
О?ангароне, ки ин касбро ба шогирдон меом?зонданд, бо барпо намудани маросими «камарбандон» ба он?о фоти?аи кори муста?илонаро медоданд. Му?лати шогирд? та?рибан 3–4 сол идома меёфт. Шогирдон дар ин давра дар хонаи усто зиндаг? ва бо ? кор мекарданд. Усто дар баробари ом?зонидани ма?орату малакаи О?ангар? инчунин ба шогирдон рисолаи касбро мехонд ва ё мазмунашро на?л мекард. Аз кору р?згори нахустин о?ангар, пири ин касб – ?азрати Довуд ривоят?о мегуфт. Дар навбати худ усто?ои о?ангар бояд ?ар сари чанд ва?т дар хона?ои худ зиёфат ороста, пешвои ин касб, устодон, мулло?о ва ?амкасбони худро ба он даъват мекарданд. Ин гуна маросим «арво?и пирон» ном дошта, ба хотири шод намудани арво?и гузаштагони ин касб барпо мешуд. Дар он пас аз таомх?р? ?атман рисолаи касби о?ангар? хонда мешуд, аз ?уръон оят?о тиловат менамуданд.
Дар сол?ои ?окимияти Ш?рав? бархе аз устохона?ои о?ангар? ба ?айати колхозу савхоз?о даромада, ба устохона?ои таъмири олоти кишоварз? табдил ёфтанд.
?оло вобаста ба та?йир ёфтани шароити моддии зиндаг? ва бо мол?ои исте?соли фабрик? таъмин гардидани а?ол? э?тиё? ба усто?ои о?ангар кам шудааст. Вале дар минта?а?ои к??истони То?икистон мардум ?оло ?ам ба баъзе ма?сулоти о?ангарони ма?алл? э?тиё? доранд. Бинобар ин о?ангар? ?амчун касби авлод? ?оло ?ам дар баъзе ша?ру де?оти То?икистон, бахусус дар но?ия?ои Истаравшан, Исфара, Конибодом, Ху?анд, Пан?акент, Ашт, Ша?ринав, ?исор, Рудак?, Турсунзода, Кулоб, Дан?ара, Бал?увон, Ховалинг, Ш?рообод, Рашт, Тавилдара, Дарвоз, Нуробод, Файзобод, риво? дорад.
Та?ияи Диловар Солиев,
мутахассиси шуъбаи адабиёт доир
ба фар?анг ва ?унар.
Просмотр: 944
Музыка способна оказывать известное воздействие на этическую сторону души; и раз музыка обладает такими свойствами, то, очевидно, она должна быть включена в число предметов воспитания молодежи.
© 2020 DURAHSHON.TJ. All rights reserved