Дата: 2015-09-19
1. Маф?уми со?ибкории таваккал? (венчур?)
Со?ибкории венчур?- со?аи махсуси фаъолияти и?тисоди мебошад, ки он ба кор карда баромадан ва дар амал татби? кардани ѓояи нави со?ибкори асос ёфта, дар «лои?аи таваккал?» та?ассум ёфта ба ма?сади ба даст овардани фоида, даромади со?ибкор? ва ё таъсиси амал менамояд.
Венчур – ин ташкилот?ои хурди (то 100 нафар коргарон ё камтар аъзо), та?рибав?, конструктор?, илм? ва ѓайра мебошад, ки дар он?о «Лои?аи таваккал?», навовар? кор карда баромадаро ба амал татби? менамояд.
Навовар? (инноватсия) – ба дастоварии навигар? аз тавлиди ѓоя то ба татби?. Со?ибкории венчур? аз шакли оддии со?ибкор? бо дара?аи баланди номуайянии гирифтани фоида фар? менамояд. Лои?аи таваккал? то ?атто дар ва?ти бомуваффа?ият амали гаштанаш, зуд истеъмол кунанда пайдо менамояд, чунки ин ма?сулоти нав барои талаботи оянда нигаронида шудааст.
Муваффа?ияти фирма?ои таваккал? ба му?ити э?одие, ки ба ширкат?ои хурд хос аст, вобаста мебошад: озод? дар ?усту?у, ?авасмандкун?, ташаббускор?, ву?уд надоштани бюрократия дар ?алли масъала?о, таваккалкор?, зуд ба амал татби? намудани ѓояи илм?-техникие, ки хусусияти хоси ширкат?ои хурди венчур? мебошад.
Дар маркази ди??ати фирма?ои венчур? ?алли муаммо?ои биотехнологии, тартиб додани барнома?ои мукаммал барои компютер?о, ташкили та??изот?ои тибб?, мавод?ои нави композициони меистад.
Давлат ба со?ибкории венчур? ёрии зиёд мерасонад. Ин ёриро институт?ои махсуси давлати, ки вазифаи он?о ёрии молияви ва ?онуни ба венчурон, ?авасмандгардонии тара??иёти он?о, таъмини он?о бо фармоиш?о ва ёрии машварати, и?ро менамояд.
Барои инкишоф додани ин со?а дар ?умхур? бояд:
Сармояи венчури ё таваккали. Тачриба нишон медихад, ки воситахои хусусии корхонахои хурд барои давом додани тадкикоти саркарда норасо аст ва онхо барои ба даст овардани маблаг аз дигар манбахо истифода менамоянд. Инхо воситахои молияви, фондхои пенсиони, ширкатхои сугуртакуни, банкхо, корпорацияхои калони саноатию-тичорати, таваккалкорон мебошад.
Сармояе, ки барои татбики барномахои навоварии майдасохибкори равона мешавад, капитали таваккали номида мешавад.
Майдасохибкорие, ки барои ба амал баровардани лоихаи илми-техникии таваккали ва номуайян ширкат меварзанд, бештар аз ёрии сармояи венчури истифода мебаранд. Ёрии пули на ба хамаи корхонахои хурди венчури расонида мешавад. Асосан он ба он корхонахои хурд маблаггузори карда мешавад, ки лоихаи онхо меъёри баланди фоидаро (30-40%) дар оянда таъмин карда тавонад.
Онхо инкишофи корхонаи венчуриро то як андоза дастгири намуда, баъд барои ба даст даровардани он мекушанд. Аввал ин корхонаро ба чамъияти саххомии кушодмубаддал намуда, сахмхои онро харида, дар шурои директорон чои асосиро ишгол намуда, сохибкорони ин корхонаро буньёд намударо охиста-охиста дур месозанд. Аз хамин сабаб сармояи венчури дар инкишофи сохибкории таваккали роли асосиро намебозад ва сохибкорон дигар манбаи маблагро афзал мешуморанд.
«Калиди пешравиро интихоб кардан осон аст – ба одами ташаббускор ва эъчодкор маблаг додан лозим аст. Сабаби таназзул низ маълум аст – шахсони ташаббускори аз маблаг махрум шудаанд» - менависад Чорч Гилдер дар китоби худ: «дар рухи сохибкори».
Сармояи венчури бо худ захирахои молиявии хусуси ё корпоративии маблаггузаронии беруниро нишон медихад, ки онхо хохиши ба ухдаи худ гирифтани дарачаи баланди таваккали ин ё он корхонаро бар ивази даромадхои нисбатан баланд аз равнаки ояндаи имконпазири он мегиранд. Маблаггузорон метавонанд хам мавкеъи фаъол ва хам бегайратро дар корхонаи таваккали интихоб кунанд. Онхо инчунин метавонанд дар идоракуни иштирок намоянд, агар он бо ноилгарди ба максадхои худи онхо вобаста бошад. Сармояи венчуриро корпоратсия ва институтхои молиявии гуногун пешниход мекунанд: конгломератхо, бонкхои молияви, компанияхои хоричи, компанияхои сугуртави ва сармоядорони алохидаи таваккалкор. Хамаи онхо сахмхои одди, сахмхои имтиёзнок, сахмхои ваколатнок ё дигар намудхои хуччатхои молиявии корхонаи венчуриро мегиранд. Фондхои сармояи хоричиро кисми зиёди давлатхо бо максади хавасмандгардонии фаъолияти сохибкори дар минтакахои худ ташкил медиханд. Пеш аз он, ки ба сармоядори венчури мурочиат кард, бояд дар хотир дошт, ки сохиби сармояи венчури, доим ба сармоягузории худ даромадхои зиёдро интизор мешавад.
2. Сохибкории лизинги: мафхум ва намудхои он.
Лизинг - ин намуди махсуси ичора ва муносибатхои ичора (дар бисьёр мавридхо хамчун объекти ичора тачхизотхо баромад мекунанд). Лизинг – намуди махсуси ичора, шакли нави маблагдихи, ин ба хам пайвастани ичора ва карздихи мебошад.
Лизинг – шакли фаъолияти молияви оиди харидани моликият ва дар асоси шартномаи лизинги ба шахсони юридики ва физики, ба мухлати муайяншуда, ба маблаги муайян, бо шартхое, ки дар шартнома кайд гаштаанд, бо хукуки дар оянда харида гирифтани он, дода мешавад.
Истифодабарии лизинг афзалияти назаррас дорад. Дар ташкили истехсолот, агар шахс тачхизотро дар шакли лизинг кабул намояд, зарурати сармояи зиёд дида намешавад.
Ба гайр аз ин, дар лизинг шакли махсулотии пардохти ичора истифода мешавад (таъминоти моле, ки дар хамон тачхизот истехсол шудааст), ки ин лизинги классики мебошад. Шакли муосири лизинг мавчуд аст, ки пардохтхои ичора дар шакли пули дода мешаванд. Ин намуди муносибати шариконро боз ичораи молияви ё лизинги молияви меноманд.
Лизинг, на факат имконияти истифодабарии воситахои карзи, балки муносибатхои махсуси амволиро дар назар дорад. Хамин тарз, лизинг ин шакли махсуси муносибатхои амволие, ки на факат додани он ба истифодабарии мухлатнок, балки имконияти фурухтани тачхизот ба истифодабаранда баъди гузаштани мухлати истифодабариро мефахмонад.
Кайд кардан лозим аст, ки баъди ба итмом расидани пардохти нархи пурраи тачхизоти ба ичора гирифташуда, хукуки хусуси аз як шарик ба дигар шарик мегузарад (ба он шахсе, ки тачхизотро ба ичора гирифтааст).
Накшаи классики лизинг мавчудияти иштирокчии онро дар назар медорад: ичорадиханда - корхонаи истехсолкунандаи тачхизот, фирмаи лизинги ва ичорагиранда – лизинггиранда. Ба гайр аз онхо дар шартномаи лизинги бонкхое, ки ба лизингдиханда барои харидани тачхизот карз медиханд, компанияхои сугурта, ки амволи лизигдихандаро сугурта мекунанд, дохил мешаванд.
Мафхуми иктисодии лизинг бо маблагдихии бевосита вобаста аст.
Лизинг шаклхои гуногун дорад ва дар инкишоф мебошад. Дар намуди амвол лизинги амволи манкул ва гайриманкулро чудо мекунанд.
Мувофики пардохтхои лизинги – лизинг бо пардохти пули, лизинг бо пардохти компенсатсиони (таъминоти махсулот), лизинг бо пардохти омехта чудо мешаванд.
Чунин намудхои лизинг мавчуд аст:
1. Лизинги молияви – ин чунин намуди муносибатхое мебошад, ки дар онхо лизингдиханда тачхизотро барои дар оянда ба истифодабаранда (лизиггиранда) додан, мехарад нархи ин тачхизот ба лизингдиханда ба намуди пардохтхои кисми, ки аз тарафи лизинггиранда пардохта мешавад, баргардонида мешавад.
2. Лизинги баргарданда – ин як намуди лизинги молияви аст, ки дар он дорандаи тачхизот онро ба компанияи лизинги мефурушад, он шартнома оиди лизинг мебанданд, яъне дар намуди лизиггиранда баромад мекунад. Ин шакл хамчун карзи ипотеки мегузарад. Дар ин маврид лизинги баргарданда хамчун амалиёти (залоги) баромад мекунад. Фурушандаи моликият, ки ичорадихандаи он мешавад, дорои пули тарафайн мухокимашуда аз хариду фуруш мешавад, харидор бошад дар сифати ичорадиханда баромад мекунад. Кайд кардан лозим аст, ки фирмае, ки пештар дорандаи ин моликият буд, ичорагиранда шуда, моликияти худро дар асоси шартхои махсуси лизинг чун пештара истифода мебарад. Дар лизинги баргарданда пардохти ичора аз руи чунин схема муайян мешавад: суммаи пардохтхо барои баргардонидани хамаи сумма ба маблаггузарандае, ки дар вакти харид сарф шудааст ва инчунин меъёри даромади миёнаро ба сармояи молияви таъмин карда метавонад, бояд расад.
3. Лизиги оперативи ё хизматрасони – ичораи кутохмуддати тачхизот аз тарафи якчанд лизинг истифодабаранда мебошад. Лизинги оперативиро дар ИМА ба таври васеъ ва оперативи, компанияи «Ай-Би-Эм», фирмаи баранда дар бозори техники, компьютери ва инчунин корпоратсияи «Мак-Доналдс-Дулаг» фирмаи баранда дар сохаи сохтмони самолётхо, чори намудаанд. Ин фирмахо дар сохаи худ пешсаф буда, на факат дар бозори амрикои, дар бозори чахони хам пешкадам мебошанд. Объектхои лизинги оперативи асосан самолёт ва автомобилхо буда, инчунин компьютерхо, факсхо ва дигар намудхои мураккаби информатсиони хам дохил мешаванд. Умуман лизинги оперативи нисбатан доираи васеъи муносибатхои шарики байни ичорадиханда ва ичорагиранда дар сохаи маблаггузори, инчунин хизматрасони, таъмири тачхизоти ичора шуда ва гайра. Ин хусусияти якуми чунин намуди лизинг. Ичорадиханда ба ухдаи худ ба кор андохтан ва таъмири техника, таълими тахассусии мутахассисони фармоишчиёне, ки дар он кор мекунанд, мегирад ва истифодабарии самараноки тачхозотро таъмин мекунад. Харочотхои ичорадиханда ба хама намудхои хизматрасони ба пардохтхои лизинги дохил мешавад.
Дигар хусуияти лизинги оперативи ин дар Принсипи амортизатсияи пурра асос наёфтани он мебошад, яъне пардохтхое, ки бо шартномаи лизинги пешбини шудаанд, арзиши пурраи тачхизотхоро руйпуш намекунанд. Дар ин маврид созиши лизинги мухлати кутохи ичораро нисбат ба мухлати амортизатсияи тачхизотро дар бар мегирад. Дар оянда ичорадиханда дароз кардани мухлати лизинг, ё фуруши тазхизоти ичора гирифташударо бо нархи бокимонда пешбини мекунад. Имконияти фуруши тачхизот ба дигар тараф, яъне шахси сеюмро пешбини мекунад.
Хусусияти фарккунандаи лизинги оперативи ин хукуки пешаки катъ кардани ичора ва баргардонидани тачхизот мебошад, ки дар шартнома хамрох карда мешавад. Ин шарти нихоят мухим барои ичорагиранда аст, чунки у дар холати кухнашавии маънавии тачхизотро бояд сугурта куна два инчунин у метавонад сари вакт аз моликияти ичорагирифташуда озод шавад.
4. Лизинг бо пардохти пурра – шакли дарозмуддати муносибатхои шарикон аст, ки дар натичаи он лизинггиранда арзиши пурраи тачхизоте, ки ба лизинг гирифтааст, мепардозад ва фоидаи муайянро ба лизингдиханда медихад.
5. Лизинг бо пардохти кисми – шакли муносибатхои шартномавие, ки дар он лизингдиханда кисми арзиши тачхизот ва фоидаи муайянро барои хизматрасони бармегардонад. Лизингдиханда дар ин маврид бор охи бастани якчанд шартнома ба максади худ мерасад.
6. Леведж-лизинг (левердж-лизинг) – шакли муносибатхое, ки дар он дар сифати лизингдиханда якчанд компанияхо, фирмахо, ташкилотхою муассисахо баромад мекунанд. Ин шартнома дар ба амаловарии лоихахои калон истифода мешавад.
7. Лизинг бо ухдадорихои иловаги – шакли муносибатхои шартномавие, ки дар он лизингдиханда ухдадорихои иловагиро ба ухдаи худ мегирад ( мисол, хизматрасонии техники, таъмири тачхизот, сугуртакуни ва гайра).
8. Лизинги соф – шакли муносибатхои шариконе, ки дар он лизингдиханда тачхозотро медихад ва хамаи муаммохое, ки бо истифодабарии он вобаста аст, ба ухдаи лизинггиранда меафтад.
Дар бастани созишномаи ичораи мошин ва тачхизоти дигар намудхои муносибатхоро истифода мебаранд:
- рейтинг – ичораи мошин ва тачхизот барои мухлати кутох (аз якчанд руз то як мох);
- хайринг – миёнамухлат (якчанд мох то як сол);
- лизинг– ичораи дарозмуддат (аз 1 то якчанд сол).
Шартхои созишномаи лизинги. Дар шакли лизинги муносибатхо ду тараф доду гирифт мекунанд: лизингдиханда ва лизинггиранда, ки байни худ шартномаи махсус мебанданд – яъне созиши лизинги.
Дар сифати лизингдиханда, симои юридикии, ки дорои литсензия барои хукуки ин фаъолият доранд, яъне корхонахои махсуси лизинги, инчунин шахрвандоне, ки бе ташкили шахси юридики фаъолият мекунанд ва хамчун сохибкори фарди ба кайд гирифта шудаанд, метавонанд баромад кунанд.
Лизинггиранда ин шахси юридики ё сохибкори фардие, ки моликиятро мувофики шартномаи лизинги барои истифода мегирад.
Дар шартномаи лизинги маълумотхое, ки барои муайянкунии моликият имконият медиханд кайд мешаванд:
- предмети (максад) лизинг;
- андозаи пардохтхои лизинги ва тартиби супоридани он;
- давомнокии шартномаи лизинги;
- хукук ва вазифахои тарафхо оиди фуруш, таъминот, боркашони, кабул, монтаж, нигохдори ва хизматрасонии моликияти лизинги;
- шартхои сугуртакуни, холатхои форс-мажор;
- шароитхои катъ кардани шартнома.
Ба гайр аз онхо дар бастани шартномаи лизинги чунин хуччатхо кабул мешаванд:
- шартномаи хариду фуруши моликияти лизинги;
- протоколи кабул, ки таъминоти объекти хариду фуруш монтаж ва ба истифода тайёркунии онро тасдик мекунад.
3. Франчайзинг
Корхонахои зиёди зуд тараккикунанда ба франчайзинг, хамчун кисми сиёсати молиявии худ руй меоваранд.
Франчайзинг (аз калимаи франсави «франшиза» - имтиёз, бартари) – шакли маъмули муносибатхои шарикон ва хамкории тичорати дар дуньё мебошад. Ин шаклро чунин корхонахои машхур хамчун «Макдональдс», фаъолона истифода мебаранд. Якумин бор ин шакли хамкори соли 1950 аз тарафи компанияхои амрикоии нафти ва мошинасози истифода бурда шуд.
Мафхуми франчайзинг чунин аст: корхонаи асоси – одатан ин корхонаи калон, боэътибор ва номдор ба корхонахои мустакили хурд оиди додани хукуки истехсол ва фуруши намуди муайяни махсулот, инчунин бо тамгаи тичоратии корхонаи додашуда, дар бозори муайян хизмат расонад, шартнома мебандад.
Дар ин накшаи додугирифт ду тараф иштирок мекунанд:
- франчайзер – компанияи асосие, ки намудхои муайяни хукук ва инчунин хукуки истифодабарии тамгаи тичоратиро медихад.
- оператор (франчайзи) – корхонаи хурде, ки аз франчайзер мувофики шартнома хукукхои муайянро ва инчунин хукуки истифодабарии тамгаи тичоратиро, мегирад. Кайд кардан лозим аст, ки дар ин маврид оператор хамчун истехсолкунандаи мустакил баромад мекунад, ки шахси юридики буда, дорои хисоби шахси ва баланси мустакил аст. Аммо оператор бизнеси худро зери никоби (лавхаи) франчайзер мебарад, яъне тамгаи тичоратии уро истифода мебарад.
Операторон аз франчайзерон бо ухдадорихои шартномави вобастаанд, ки мувофики он оператор бояд хамаи коидахои савдо ва истехсолоте, ки дар фирма франчайзер чори шудааст риоя кунад. Яъне хизматрасонии фирмаро таъмин намояд. (мисол, истифодабарии либоси якхелаи коргарон дар «Макдональдс»). Ба шартномае, ки байни франчайзер ва оператор баста мешавад, ба гайр аз шартхои нишон дода шуда боз тарзи пардохтхо хам дохил мешавад.
Франчайзер. Сустии молиявии тарафи дуюмро, яъне корхонаро ба назар гирифта, одатан франчайзер чунин лахзахоро пешбини мекунад:
Мувофики шартхои шартнома франчайзер бояд комплекси хизматрасониро, ки бо ташкили дурусти истехсолоти оператор вобаста аст, расонад:
- таъминоти тачхизот;
- супоридани технология;
- таъминоти ашьёи хом;
- таъминоти хайати коркунон;
- хизматрасони оиди мухосибот ва гайрахо.
Оператор бояд ба талаботхое, ки ба сифати мол ё хизматрасони, ороиши онхо, яъне чизхое, ки бо обруи тамгаи тичорати вобаста аст, ичро кунад.
Франчайзинг - яке аз намудхои хамкории сохибкорони хурд бо сохибкорони калон франчайзинг мебошад. Ин шакли хамкории шартномавии байни тарафхои баробархукуки мустакил, ки яке аз онхо франчиздиханда-франчайзер ва дигаре франчиз-франчайзи. Дар бастани шартнома аз тарафи франчиздиханда ба франчиз хукуки франчайзро, яъне литсензия ба фаъолият намудан бо хукуки истифодабарии номи махсуси фирмаи машхури пешрафта, медихад.
Франчайзингро хамчун литсензия хамчун литсензия таъриф додан мумкин аст, ки аз тарафи франчайзер ба франчайзи хукуки фаъолияти сохибкори тахти тамгаи тичоратии франчайзер дода мешавад. Бо вучуди ин фурушандаи тамгаи худ бо харидор ёри мерасонад, муътадил назорат мекунад ва аз харидор барои хизматрасони мукофоти молияви мегирад.
Дар шартнома шартхои истифодабарии тамгаи тичорати ё вариантхои ёрирасонии франчиздиханда дар ташкили корхонаи хурд муайян мешаванд, ба монанди омузонидани хайати коркунон, додани технологияи «ноу-хау» ва гайрахо. Шартномае, ки дар шакли франчайзинг баста мешавад, пардохти ягон маблаг ё фоиз аз гирдгарди бо франчайзи дар назар дорад.
Франчайзер аз болои фаъолияти франчайзи дар тамоми мухлати амали шартномаи франчайзинги назорат мекунад, барои он ки корхонаи тичоратие, ки номи онро истифода мебарад ба стандартхои мукарраршуда мувофикат кунад. Пеш аз додани тамгаи тичорати франчайзер хатман имкониятхои потенсиалии франчайзиро тахлил менамояд, ки у обруи франчайзерро нарезонад ва ба у зарари модди ва маънави нарасонад.
Франчайзингро хамчун системаи таксимоти даромадро низ муайян кардан мумкин аст, ки ба шарти риоякунии меъёрхои муайян хам ба фирмае, ки хукуки истифодабарии тамгаи тичоратиро медихад, хам ба корхонае, ки хукуки истифодабарии тамгаи тичоратии ин фирмаро мегирад, фоида меоварад.
Якумин франчизхо дар Фаронса соли 1925 тахти тамгаи «Пингвин» пайдо шуданд. Дар ин мамлакат то холл франчиздихандаи «Пингвин» мавчуд аст, ки махсулоти пашмин истехсол карда, ба воситаи миёнарав – дистрибьюторони яклухтхар молошонро мефурушанд. Тахти тамгаи «Пингвин» дар дохили мамлакат 1200 магоза, дар хорича 1320 магоза кор мекунанд.
Франчайзинг баъди чанги дуюми чахон васеъ пахн гардидааст. Ин холат ба он вобаста буд, ки дар он вакт хизматчиёни харбии демобилизатсияшуда, бо гуруххои калон бо фаъолияти сохибкори машгул шуданд, аммо на дорои тачриба ва на имконияти бурдани бизнес буданд. Сабаби навбатии тараккиёти франчайзинг бухрони сузишвории солхои 70-ум гардид, чунки кисми зиёди ахолии фаъол аз чойхои кори махрум гардиданд ва давлат онхоро ба фаъолияти сохибкори чалб намуд. Чунин франчайзерон шухрати васеъ пайдо карданд, ба монанди фирмаи олмонии пойафзол «Саламандер», дар хуроки умуми – тарабхонаи хизматрасонии зуд ва менюи махдуд «Макдоналдс», фирмахои амрикои оиди истехсоли либос «Ле Монти», оиди истехсоли нушокихои гайриспирти «Кока-Кола», «Пепси», фирмаи компьютерии «Ай-Би-Эм» ва гайра.
Франчайз намуди «махсулот ва тамгаи тичорати» дар бозорхо солхои 70-ум пешраванда буд. Ин махсусан дар мисоли стансияхои бензингирии автомобилхо мушохида мешуд. Солхои 1972 дар ИМА такрибан 182 хазор стансияхои бензингирии автомобилхо амал мекард. Аз онхо 80 фоизашро колонкахои бензингирие, ки дар асоси франчайз фаъолият мебурданд, ташкил медоданд. Ин бошад, дар навбати худ, 84 фоизи тамоми корхонахоро, ки бо ин намуди франчайзинг кор мекунанд ва такрибан нисфи (48.6 %) тамоми корхонахое, ки шартномахои франчайзингиро истифода мебаранд, ташкил медихад.
Аммо имруз франчайзи намуди «махсулот ва тамгаи тичорати» 30 фоизи тамоми шартномахои франчайзингиро ташкил медихад. Мавкеъи пешравандаро дар иктисодиёт шакли дуюм, корпоратии франчайзинг – бизнес формат ишгол мекунад.
Ба гайр аз истифодабарии тамгаи тичорати, мол ва хизматрасони, он якчояшавии фирмаи операторро ба сикли пурраи фаъолияти хочагидории компанияи асоси пешбини мекунад. Корхонахо – сохибони франчайз вобаста ба стратегияи бозории корпоратсия, бо коидахои ба накшагири ва ташкили идоракуни амал мекунанд, талаботхои техники он, стандартхо ва шартхои таъмини сифатро риоя мекунад, дар барномахои таълим ва тараккиёти истехсолот, дар системаи ягонаи мубодилаи ахборот иштирок менамоянд ва пурра барои натичахои иктисодии кори худ чавобгаранд. Франчайзер ба корхонахо-франчайзи ёрии зарури, хизматрасонии машваратии муайянро мерасонад, чунки фоидаи он аз кори самараноки онхо вобаста аст.
Бизнес – форматодатан дар ташкили корхонахои хуроки зудтайёршаванда, мехмонхонахо, фуруши чаканаи махсулоти саноати, дар сохаи хизматрасони, дар хизматрасонии шахсии оиди мулки гайриманкул истифода бурда мешавад.
Созишнома оиди истифодабарии усулхо ва стратегияи хочагидории («формулаи бизнес») франчайзер аз тарафи франчайзи – фирма.
Дар тачрибаи байнанхалкии сохибкори дар секторхои фаъолият якчанд намудхои франчизхо чудо карда мешаванд.
Франчизхои саноати додани технологияи инженерии ва усулхои тичоратиро дар назар дорад. Мисол, ширкати «Кока-Кола» дар асоси хукуки франчиздихандаба франчизхои худ шираеро, ки танхо дар иёолоти Атлантаи ИМА истехсол мешавад, таъмин мекунад. Франчизхои истехсоли дар назар доранд, ки франчиздиханда саноати буда, франчиз бошад – дистрибьютор (миёнарав-таксимкунанда) мебошад. Дар ин маврид дар технологияи таксимкуни «ноу-хау» пешниход мешавад.
Дар хорича ин франчизхо хам дар хизматгузории калон ва хам хурд васеъ пахн гардидаанд, ва хам дар савдо, ки дар он ширкати калони тичорати бо обруй, тачриба ва дигар воситахои худ ба корхонахои хурдии тичорати ёрии гаразнокро мерасонад ва ба баланд шудани самаранокии фаъолияти онхо мустакамкунии ракобатнокии онхо боис мегардад.
Бояд кайд кард, ки франчайзинг кариб, ки дар тамоми намудхои бизнеси хурд истифода шуда метавонад – аз ошхонача то мини-нонвои, аз истехсоли мол то корхонахои калони хизматрасони (хизматрасонии техники, сартарошхонахо, тозакунии кимиёвии либосхо, таъмири пойафзол ва гайрахо), аз савдои автофургони то шабакахои калони супермаркетхои фирмави. Франчайзинг – системаи кашиест, ки мувофики шароитхои намудхои гуногуни фаъолияти тичорати, хусусиятхои истехсолот ва фуруши махсулот ва хизматрасони мувофик мешавад.
Дар тачрибаи хоричи франчизхои гуногун амал мекунанд, аз корхонахое, ки дар онхо як нафар фаъолият мекунад, то лоихахои калоне, ки барои онхо сармояхои капитали амик лозиманд. Тамгаи тичоратии франчайзер сохибкорони зиёдро муттахид мекунад, ки услуби ягона, шаклхо ва усулхои якхелаи фуруши махсулот ё хизматрасониро риоя мекунанд. Франчайзер – ташкилкунандаи кор, сохиби тамгаи тичорати, сохиби «ноу-хау», таъминотчии яклухти махсулоти зарури, мол, ашьёи хом, маводхо, тачхизотхо, технологияхо барои бизнес намудан. Сабаби асосии васеъ пахн гардидани франчайзинг дар давлатхои иктисодиёташ мутаракки – манфиати мутакобила барои хар ду тарафи иштирокчии шартнома: агар ба фирма - оператор ин рохи бемалоли шуруъ намудан ва рушд бошад, барои фирмаи асоси бошад – яке аз роххои нигох доштани обруй ва мустахкамкунии мавкеъи бозории худ мебошад.
Номукаммалии дониши хам асоси ва хам махсус – оиди ташкили бизнесро, бо ёрии одатан барномахои кутохмуддати таълим, ки аз тарафи франчайзер ташкил мешавад, пурра кардан мумкин аст.
Муносибатхои франчайзинги боиси он мегарданд, ки франчайзер тачхизот, ашьёи хом, маводхо ва тамоми он чизхое, ки барои истехсоли мол (хизмат) заруранд бо нарххои нисбатан паст, назар ба онхое, ки франчайзи мехарад, таъмин мекунад.
Франчайзи молхои ниёзи мардум, бо тамгаи тичоратии боэътибор мефурушад, ки корхонаи хурд обру оварда, андозаи гардиши молро зиёд мекунад. Дар натича зарурати истифодабарии рекламаи мол ва худи ширкат зарур намеояд.
Просмотр: 6800
Музыка способна оказывать известное воздействие на этическую сторону души; и раз музыка обладает такими свойствами, то, очевидно, она должна быть включена в число предметов воспитания молодежи.
© 2020 DURAHSHON.TJ. All rights reserved