Дата: 2018-09-17
Дар ?удуди ?азо?истони ?озира аз замон?ои ?адим ?абила?ои турки к?чманч? зиндаг? мекарданд. Дар охир?ои асри ХV ва ибтидои асри ХVI ?збек?ои бодиянишин бо сардории Му?аммад Шайбонихон Мовароун-на?ри Марказ? ва баъдтар тамоми ?исмати бо?имондаи давлати Темуриёнро забт намуданд. Давлат ва сулолаи нав бо номи таъсискунандаи худ - Шайбон? маш?ур гардид. Худи Шайбонихон аз хонадони Чин?изхон буд.
Шайбонихон аз муборизаи байни ворисони Темур истифода мебурд. О?ибат, соли 1500 Самар?анд бе ?анг ба дасти Шайбонихон даромад. Аммо як ?исми атрофи Бухоро ва Самар?анд пин?он? бо шо?зодаи ?авони темур? – Бобурмирзо мукотиба намуда, ?ро ба Самар?анд оварда, подшо? эълон намуданд. Вале ниго? доштани ша?р ба Бобур муяссар нагардид. Ба Бобур касе ёр? нарасонид, ? ба ?а?ат? ва гуруснаг? тоб наоварда, ро?и гурезро пеш гирифт. Соли 1501 Самар?анд дубора ба дасти Шайбонихон даромад.
Баъд аз пойдор гаштан дар Самар?анд Шайбонихон хост Ўротеппаро иш?ол намояд. Иш?оли ин ша?р муяссар нашуд. Чунки Ўротеппа чунон исте?коми муста?кам дошт, ки Шай-бонихонро ба ?айрат гузошта буд. Вале к?шиш?ои Шайбонихон бе о?ибат монданд.
Шайбонихон бо лашкараш барои иш?оли Ху?анд равон гашт. Сокинони ин ?алъаи муста?кам бо ро?барии шо?зода ?а?онгир бар зидди душман истодагари карда натавонистанд. Иш?оли ?алъаи устувори Ху?анд ро?и водии Фар?онаро кушод. Шайбонихон соли 1504 Фар?она ва соли 1503 ша?ри Тошкандро тобеъ кард.
Дар як муддати к?то? ша?ру вилоят?ои Мовароун-на?р тобеи Шайбонихон гаштанд. Акнун ? ма?сад дошт, ки Хуросон ва пойтахти дигари Темуриён ша?ри ?иротро забт намояд. Соли 1507 Шайбонихон ?иротро тобеъ намуд. Бо ?амин ?укмронии давлати Темуриён ба охир расида, ба сари ?окимият дар Мовароунна?ру Хуросон сулолаи Шайбониён омад.
Исло?оти пулие, ки Шайбонихон дар соли 1507 ба амал овард, аз к?шиш?ои ў дар бобати ба тарафи худ ?алб кардани таба?а?ои ?окимияти давлати истилокардааш ва ба ин васила васеъ намудани базаи синфии худ гуво?? меди?ад.
Исло?оти пулии Шайбонихон дар тамоми давлат муомилоти ягонаи пулиро ташкил карда, онро аз ?ар гуна та?ирот раво намуд. Вай, вазн, ?а?м ва навъи сикка?ои ну?рагию мис? ва муносибати байни он?оро муайян кард.
Дар миёнаи асри ХVI ?ангу низоъ?ои феодал? як ?одисаи му?аррар? гардид. Ва?те ки ?окими Тошканд Навр?з - А?мадхон ба тахти салтанат нишаст, ?анг?ои байнихуд? хеле ав? гирифт. О?ибат ду гур??и асосии мухолифи якдигар ба ву?уд омад; хонадони амлокдорони тошкент? бо сардории ?о?он Навр?з - А?мадхон ва гур??е, ки дар сари он Абдулло – султони ?авон меистод.
Охири охирон пир?зи насиби Абдуллохон мегардад. Соли 1557 ? Бухороро иш?ол намуд. Падари Абдулло Искандар фа?ат исман ?укмрон буд. Абдулло соли 1573 Балх, соли 1574 ?исор, соли 1578 Самар?анд ва соли 1582 Тошкентро иш?ол кард.
Абдулло соли 1583 пас аз вафоти падараш бо номи Абдуллохони II маъруф гардид. Абдуллохони II ходими бар?астаи давлат? буд. Ў барои пурз?ршавии ?окимияти марказ? барои тара??иёти и?тисодиёт шароити мусоид фаро?ам овард. Исло?оти пулии Абдуллохони II махсусан а?амияти калон дошт. ? ба зарби танга?ои тиллоии асил шур?ъ кард. Акнун пул?ое, ки асосан дар Бухоро бароварда мешуданд, аз “садди мулк?” берун омада, дар саросари давлат баробар ба гардиш даромаданд. Исло?оти пул? ?ам ба манфиати давлат гардид.
Дар асри ХVI бинокор? хеле ав? гирифт. Дар ша?р?ои Бухоро, Самар?анд, Ху?анд, ?исор, Ўротеппа ва дар дигар ?ой?о бозор?о, ?амом?о, мадраса?о, мас?ид?о сохта шуданд. Иншоот?ои му?ими меъмории замони Шайбониён; мадрасаи Мири Араб (Бухоро), мадрасаи Абдуллохон (Бухоро), мас?иди Калон (Бухоро), мас?иди К?кгунбаз (Уротеппа) ва ?айра?о буданд.
Илму фан ва адабиёт дар ин давра то як дара?а риво? ёфт. Аз байни адибони он давра Зайниддин Восиф? ба ?айр аз ашъор асари хеле ?олиби саргузаштие бо унвони «Бадоеъ-ул-ва?оеъ» дорад.
Шоир ва муаррихи ном? Камолиддини Бино? мебошад. Дар байни осори ? девон?о, маснавии «Бе?р?зу Ба?ром», асар?ои таърихии «Шайбонинома» ва «Футу-?оти хон?» ш??рати бештаре пайдо карданд.
Бадриддин ?илол? шоири ?азалсарои асри ХVI буд. ?айр аз девони ?азалиёт ба ?алами ?илол? боз се девон - «Лайли ва Ма?нун», «Сифот-ул-оши?ин» ва «Шо?у дарвеш» тааллу? дорад.
Дар асри ХVI таърихнигор? ?ам хеле пеш рафта буд. Яке аз муаррихони ин аср Хондамир мебошад, ки бо асар?ои «?абиб-ус-сияр», «Дастур-ул-вузаро», «?умоюн-нома» ш??рат пайдо кардааст. Яке аз сарчашма?ои таърихи ва адабии асри ХVI асари Бобур Мирзо “Бобурнома” мебошад. Ин асар дар бораи Мовароунна?р, Аф?онистон, ?индустон, ша?р?ои он ?ой?о маълумоти да?и? меди?ад.
Просмотр: 4500
Музыка способна оказывать известное воздействие на этическую сторону души; и раз музыка обладает такими свойствами, то, очевидно, она должна быть включена в число предметов воспитания молодежи.
© 2020 DURAHSHON.TJ. All rights reserved