|

Системаи Офтобӣ ва пайдоиши он. Сохт ва таърихи геологии Замин

Тартибдиханда: admin

Дохил кард: Алишер Фозилов

Санаи дохилгардида: 2017-10-20

Офтоб, тавре қайд карда будем, яке аз ситораҳои қатории Галактикаи мо – Роҳи каҳкашон буда, дар атрофи он сайёраҳо, кометаҳо, астероидҳо ва метеорҳо давр мезананд. Офтобро ҳамчун кураи оташин тасаввур кардан мумкин аст, ки зичиаш ҳамагӣ 1,4 г/см3 буда, ҳарорати сатҳи берунааш 6000 ºС ва ҳарорати қаъраш 30 – 40 миллион градус мебошад. Вай асосан аз газҳои гидроген ва гелий, ки аз сабаби баланд будани ҳарорат дар ҳолати ионизатсия (плазмашакл) мебошанд, иборат аст. Радиуси кураи офтоб 700 ҳазор км мебошад, яъне аз кураи Замин зиёда аз 100 маротиба калон аст. Офтоб бо объектҳои зикршудаи атрофаш Системаи офтобиро ташкил медиҳад. Системаи офтобӣ мувофиқи маълумотҳои астрономӣ 4,5 – 4,7 миллиард сол пеш ба вуҷуд омадааст. Объектҳои калонтарини ин система – сайёраҳо мебошанд, ки аксари онҳо радифҳои худро доранд ва нисбат ба марказ (Офтоб) бо тартиби муайян ҷойгир шуда, характеристикаҳои зерин доранд:

Ҷадвали 2
Нишондодҳои асосии сайёраҳои системаи Офтобӣ

Сайёра

Масофа аз Офтоб (воҳ. астр.)*

Даври гардиш (соли заминӣ)

Радиус (нисбат ба радиуси Замин)**

Масса (нисбат ба массаи Замин)***

Шумораи радифҳои маълум

1

Аторуд (Меркурий)

0,4

0,24

0,38

0,055

0

2

Зўҳро (Венера)

0,7

0,62

0,95

0,815

0

3

Замин

1,0

1,00

1,00

1,000

1

4

Миррих (Марс)

1,5

1,88

0,53

0,107

2

5

Муштарӣ (Юпитер)

5,2

11,87

11,20

318

65

6

Зуҳал (Сатурн)

9,6

29,67

9,40

95,2

61

7

Уран

19,2

84,05

4,00

14,5

27

8

Нептун

30,1

164,49

3,90

17,2

13

* 1 воҳиди астрономӣ = 150 млн. км
**Радиуси Замин = 6370 км
***Массаи Замин = 5,9 * 1024 кг

Мадорҳои сайёраҳо тақрибан доирашакл мебошанд. Масофа аз Замин то Офтоб ~ 150 млн. км буда, радиуси Системаи офтобӣ (яъне масофа аз Офтоб то Нептун) тақрибан 4,5 млрд. км аст.
Пас аз Нептун мумкин як ё якчанд сайёраи дигар мавҷуд бошад, вале бо сабаби дурии масофа ва эҳтимол, хурд будани онҳо то ба ҳол кашф нашудаанд. Воқеан, соли 1930 сайёраи нўҳуми Системаи офтобӣ – Плутон кашф шуда буд, вале дар ибтидои асри 21 бо қарори Конгресси байналхалқии астрономҳо аз сабаби хурд будан ва кам будани маълумотҳо Плутон аз қатори сайёраҳо хориҷ карда шуд.
Аз рўи хусусиятҳои физикию химиявӣ сайёраҳо ба 2 гурўҳ: сайёраҳои навъи заминӣ (Аторуд, Зўҳро, Замин, Миррих) ва сайёраҳои азим (Муштарӣ, Зуҳал, Уран, Нептун) ҷудо мешаванд.
Пас аз солҳои 60 – ўми асри 20 сайёраҳо ва радифҳои онҳо бо ёрии дастгоҳҳои кайҳонӣ (мушакҳо, стансияҳо) омўхта шуда истодаанд. Аз ҷумла, фазою сатҳи 6 сайёраи аввал тадқиқ
карда шуда, бо ёрии асбобҳои фурудшаванда хосиятҳои физикӣ ва химиявии сатҳи Зўҳро, Миррих ва Моҳ муайян карда шудаанд, кайҳоннавардони амрикоӣ 2 маротиба ба Моҳ парвоз карда, сатҳи онро бевосита тадқиқ намудаанд. Имрўзҳо (охири соли 2012) дастгоҳи амрикоии ба Миррих фуруд омада сатҳи онро тадқиқ намуда, оид ба таркиби химиявии сайёра ба Замин маълумотҳои заруриро фиристода истодааст. Дар барномаи имрўзаи кайҳоннавардӣ қадами навбатӣ - парвози нахустини инсон ба Миррих мавқеи хоса дорад ва ин парвоз дар ояндаи наздик пешбинӣ шудааст. Омўзиши сайёраи Миррих ба мо аз он ҷиҳат муҳим аст, ки аз рўи ҳолати кунунии ин сайёра оид ба таърихи геологии гузаштаи дури Замин хулосаҳои илмӣ баровардан мумкин аст.
Кометаҳо (болидҳо), ки дар урфият «ситораи думдор» меноманд, одатан дар атрофи Офтоб аз рўи мадорҳои эллиптикӣ давр мезанад. Як даври пурраи гардиши онҳо даҳҳо ва садҳо солро дар бар мегирад ва, аз ин рў, дар давоми як насли инсон кометаи додашуда мумкин як маротиба намудор шавад (ба Замин наздик шавад) ва ё умуман намудор нагардад. Таркиби кометаҳо асосан аз оби яхбаста иборат буда, ҳангоми ба Офтоб наздик шудан дар қафои он аз оби бухоршуда гўё «дум» пайдо мешавад, ки ба миллионҳо километр тўл мекашад. Бинобарон кометаҳо рафта-рафта хурд ва ниҳоят, нест мешаванд.
Астероид (сайёраи хурд) дар атрофи Офтоб аз рўи мадорҳои доирашакл давр мезананд. Шумораи онҳо нисбатан калон буда (садҳо ҳазор), ҳангоми ба ҳам бархўрдан пора-пора гашта ба метеорҳо табдил меёбанд.
Метеорҳо – объектҳои сершумортарини Системаи офтобӣ буда, сангпораҳоро мемонанд, андоза ва ҳаҷми гуногун доранд ва аз ҳисоби сершумор будан эҳтимолияти калони бархўран бо объектҳои дигари Системаи офтобӣ доранд. Дар давоми шабонарўз ҳазорҳо метеор ба Замин меафтанд, вале аксарияти онҳо аз ҳисоби бо атмосфера соиш хўрдан сўхта нобуд мегарданд. Бино бар он шабонгоҳ афтидани метеорҳоро бевосита дидан мумкин аст ва дар урфият ин ҳодисаро «ситора афтид» мегўянд. Агар метеори ба Замин афтида ҳаҷман калон бошад, то ба сатҳи Замин расидан пурра сўхта нобуд намегардад ва боқимондаи онро метеорит меноманд. Одатан дар осорхонаҳои кишваршиносӣ онҳо ба намоиш гузошта мешаванд. Ҳодисаи фалокатовари афтидани метеор зиёда аз 100 сол пештар (соли 1908) дар Сибири шарқӣ рўй додаст, ки бо номи «метеорити Тунгуска» машҳур аст.
Сохти сайёраҳо қабат – қабат буда, қабатҳои алоҳидаи онҳо бо хусусиятҳои физикию химиявиашон аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Қабатҳои сайёраҳои навъи заминӣ асосан аз ҷинсҳои сахт иборат буда, ба истиснои Аторуд, онҳо қабати газшакл – атмосфера доранд. Сайёраи Замин қабати обӣ – гидросфера низ дорад, ки аз оби уқёнусҳо, баҳрҳо, кўлу дарёҳо ва обҳои зеризаминӣ иборат аст.
Радиуси Замин ~ 6400 км, массааш ~ 6*1024 кг ва зичии миёнаи он ~ 5,5 г/см3 мебошад. Суръати даврзании Замин дар атрофи Офтоб ~ 30 км/сон мебошад. Илме, ки сохт ва эволютсияи Заминро меомўзад, геология номида мешавад. Мувофиқи маълумотҳои геологияи муосир замини сахт асосан аз 3 қабат – ядро, мантия ва қишри Замин иборат аст. Ядрои Замин асосан аз оҳан иборат буда, бо вуҷуди ҳарорати баланд (2000 – 5000 ºС) доштан дар ҳолати сахт мебошад, зеро таҳти фишори ниҳоят баланд қарор дорад. Қабати ба ядро наздики мантияи Замин аз ҳисоби ҳарорати ядро дар ҳолати гудохташуда аст. Вале қабати болоии он сахт буда, дар якҷоягӣ бо қишри Замин литосфераи онро ташкил медиҳад.
Замин
Литосфераи Замин яклухт набуда, балки аз блокҳои (тахтасангҳои) литосферӣ иборат аст. Блокҳои литосферӣ доимо дар ҳаракат мебошанд ва бино бар он қад – қади хатти шикасти байни блокҳо шиддатҳои деформатсионӣ ба вуҷуд меоянд, ки дар натиҷаи он ҳодисаи фалокатовар – заминларза ба вуҷуд меояд. Агар дар ин хатти шикаст рахна ба вуҷуд ояд, моддаи гудохташудаи мантия бо суръати калон ба сатҳи Замин бароварда мешавад, ки дар натиҷа ҳодисаи дигари фалокатбор – оташфишонии вулқон мушоҳида мешавад. Яке аз ин  хатҳои шикасти литосферӣ аз баҳри Миёназамин сар шуда, аз Туркия, Эрон, Тоҷикистону Афғонистон ва Хитой гузашта то ҷазираҳои Япония давом меёбад. Бино бар он дар ин минтақаҳо ҳодисаҳои заминларза ва оташфишонии вулқонҳо бештар мушоҳида мешаванд.
Дар натиҷаи ҳаракати блокҳои литосферӣ манзараи сатҳи Замин бо мурури замон тағйир меёбад, баъзе минтақаҳо баланд шуда теппаҳо пайдо мешаванд, минтақаҳои дигар фурў рафта ба пастхамиҳо табдил меёбанд. Ҳисобкуниҳо нишон медиҳанд, ки ҷазираҳои Дания оҳиста – оҳиста зери оби баҳр рафта истодаанд. Соҳилҳои шимолу  ҷанубии кўли Байкал тадриҷан аз ҳамдигар дур шуда истодаанд. Агар ин просесс давом ёбад, аз эҳтимол дур нест, ки пас аз миллион солҳо қитъаи Евроосиё ба ду қисм ҷудо шуда байни онҳо уқёнус пайдо гардад. Айнан ҳамин тавр миллионҳо сол пеш (135 млн сол пештар) қитъаҳои Африқо ва Амрикои Ҷанубӣ аз ҳам ҷудо  гашта, байни онҳо уқёнуси Атлантик ба вуҷуд омадааст.
Геологияи асри 20 оид ба сохт ва эволютсияи Замин маълумотҳои дақиқтарин ба даст овардааст. Мувофиқи ин маълумотҳо қишри Замин аз се навъи ҷинсҳои кўҳӣ – ҷинсҳои таҳшинӣ, магматӣ ва метаморфозӣ иборатанд. Ҷинсҳои таҳшинӣ дар натиҷаи дар таги обанборҳо ҷамъшудани моддаҳо, ҷинсҳои магматӣ дар натиҷаи амали вулқонҳо аз мантияи Замин берун омадани моддаҳо ва ҷинсҳои метаморфозӣ дар натиҷаи дубора гудохта шудан ва шах шудани ҷинсҳои таҳнишинӣ ва магматӣ ба вуҷуд омадаанд.
Геологияи муосир 3 давраи ибтидоӣ ва 3 давраи ҳаётии эволютсияи Заминро фарқ мекунад.
Давраи якуми ибтидоӣ, ки давраи ташаккулёбии сайёра мебошад, марҳилаи пайдоиши Замин номидан мумкин аст ва он давраи аз 4,5 то 3,9 млрд. соли пештараро дарбар мегирад. Дар охири ин давра қишри Замин ташаккул ёфта, организмҳои соддатарини зинда пайдо мегарданд.
Давраи дуюми ибтидоӣ (3,8 – 2 млрд сол пештар) манзараи имрўзаи Замин ташаккул ёфта, просесси фотосинтез ба вуҷуд меояд. Дар натиҷа таркиби атмосфераи ибтидоӣ тағйир ёфта, дар он оксиген пайдо мешавад.
Дар давраи сеюми ибтидоӣ (2 – 0,57 млрд. сол пештар) қитъаҳои Замин пайдо мешаванд, дар атмосфера миқдори кифояи оксиген ба вуҷуд меояд. Бино бар он ин давраро марҳилаи ташаккулёбии биосфераи муосир номидан мумкин аст.
Дар се давраи минбаъдаи ҳаётӣ, ки палеозой, мезозой ва кайнозой номида мешаванд, эволютсияи биологӣ ҷараён гирифтааст. Мувофиқан ин давраҳо 340 млн. сол, 160 млн. сол ва 70 млн. соли охирро дар бар мегирад.
Дар давраи палеозой дар қаъри Замин захираҳои зиёди ангишт, нафт ва гази табиӣ ба вуҷуд меояд, ки то имрўз инсоният ба нафъи худ истифода мебарад.
Дар давраи мезозой ҳайвонҳои бузургҷуссаи алафхўр ва дарранда (динозаврҳо) пайдо шуда, дар ибтидои давраи кайнозой (тақрибан 65 млн. сол пештар) нест мешаванд.

Асосан дар давраи кайнозой растаниҳо ва ҳайвоноти имрўза пайдо шуда, дар марҳилаи охирини он (дар тўли як чанд миллион сол) гузаштагони дури мо – махлуқҳои бошуур арзи ҳастӣ мекунанд. Бинобарон ин марҳилаи эволютсияи Заминро антропогенез меноманд, ки дар мавзўи ҳафтўм муфассалтар омўхта мешавад.

Дидан карданд: 6332

Мавзӯъҳои монанд:

Биотехнологияи муосир ва ояндаи инсоният

Табиатшиносӣ ва ояндаи тамаддун

Консепсияи худташкилёбӣ дар илм

Хусусиятҳои табиатшиносии асри 21

Пайдоиши ҳаёт дар рўи Замин ва давраҳои эволютсияи он. Консепсияҳои пайдоиши инсон, муносибатҳои иҷтимоӣ, шуур ва забон

Табиати зинда, хусусиятҳо ва савияҳои ташаккули он

Инқилоб дар биологияи молекулавии нимаи дуюми асри 20

Самтҳои инкишофи биологияи муосир ва принсипҳои асосии он

Нишондодҳои методологии астрономияи асри

Системаи Офтобӣ ва пайдоиши он. Сохт ва таърихи геологии Замин

Коментари дохил карданд:

Каментарй дохил кард: умед
Санаи дохилгардида: 2018-11-24

чирмхоии осмони

Каментарй дохил кард: умедчон
Санаи дохилгардида: 2018-11-24

нурафкани ситорахо

Каментарй дохил кард: rahimzoda2110@gmail.com
Санаи дохилгардида: 2019-09-14

Маъданиятхои илми табии ва гуманитари(хами мавзура партоен акачон)


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: