Дата: 2017-10-18
Дар ?ама давру замон одамонро сирру асрори пайдоиши Олам, осмони ситоразор, Офтобу Замин, сабаб?ои ивазшавии фасл?ои сол, шабу р?з ва ?айра ба худ ?алб менамуданд. Бино бар он, аз ?адимулайём, аз замон?ое ки дониш?о оид ба ?одиса?ои табиат асоси илм? (ба маънои имр?зааш) надоштанд, дар байни мардум а?ида?ои гуногуни асотир?, ё худ афсонав? оид ба ин масъала?о мав?уд буданд. А?ида?ои дин? бошанд пайдоиши Оламу ?ирм?ои осмон? ва ?одиса?ои табиатро амру хости худованд баён менамоянд.
Бо пайдоиши дониш?ои илм? тасаввурот?ои пештара оид ба масъала?ои зикршударо фикру а?ида?о ва тахмин?ои илм? иваз мекунанд. Пайдоиш ва эволютсияи Оламро ?исми махсуси астрономия – космология меом?зад.
Космология, ё худ кай?оншинос? Оламро ?амчун системаи ягонаву яклухт меом?зад ва ?адафи асосии он му?аррар намудани ?онуният?ои пайдоиш ва эволютсияи ин система мебошад. Хулоса?ои ин ом?зиш, ки модел?ои космологии Олам номида мешаванд, ба ?онун?ои физик?, маълумот?ои астроном? ва принсип?ои фалсаф? асос ёфтаанд. Яке аз принсип?ои му?имтарини фалсафии кай?оншинос? ну?таи назарест, ки мувофи?и он ?онун?ои физикии дар ягон ?исми ма?дуди Олам (масалан, дар р?и Замин) му?аррар гардида, дар со?а?ои хеле васеътари он ва, умуман, дар тамоми Олам амалкунанда ?исобида мешаванд. Принсипи дуюми фалсаф? талаб менамояд, ки нати?аи мушо?ида?ои астрономии ягон ?итъаи Олам барои ?итъа?ои дигари он низ татби? карда мешаванд. Мувофи?и принсипи сеюми фалсаф? тан?о он хулоса?о ?а?и?? ?исобида мешаванд, ки ба имконияти мав?удияти худи мушо?идакунанда мухолифат накунад. Масалан, мувофи?и принсипи якум тахмин карда мешавад, ки ?онуни ?озибаи умумиолами Нютон на тан?о барои ?одиса?ои р?и замин? ва ё системаи офтоб?, балки барои ?одиса?ои ?итъа?ои дигари Олам низ татби?шавандааст. Тан?о бо назардошти ин принсип?о космология таълимоти илм? ?исобида мешавад.
Тавре ?айд намудем, ?одиса?ои космолог? модел?ои пайдоиш ва эволютсияи Олам номида мешаванд. Саволе ба миён меояд, ки «Чаро модел?». Сабаб дар он аст, ки мувофи?и принсипи асосии табиатшиносии муосир тан?о он хулоса?ои илм? ?а?и?? ва асл? ?исобида мешаванд, ки исботи та?рибав? дошта бошанд. Яъне тан?о ва тан?о та?риба меъёри ?а?и?ати илм? ?исобида мешавад. Вале аксари мушо?ида?ои астрономиро дар та?риба такрор кардан ?айриимкон аст. Бино бар он хулоса?ои ин мушо?ида?оро ?онун гуфтан хатост ва онро модел, ё худ яке аз маънидод?ои имконпазир меноманд.
Модел?ои космологии ?ар давру замони таърих? вобаста аз он, ки ба кадом принсип?ову ?онун?ои физик? асос ёфтаанд, аз якдигар хеле ва хеле фар? мекунанд. Тасаввурот?ои космологии аввалин, ки дар замон?ои ?адимтарин пайдо шудаанд, ?айриилм? ва соддалав?она буданд. Вале бо мурури замон, дар баробари инкишофи илм?ои мухталиф, аз ?умла табиатшинос?, тасаввурот?ои космолог? низ инкишоф ёфта, замина?ои илм? пайдо мекунанд. Пайдоиши космологияи муосир бо бунёди назарияи нисбияти Эйнштейн, астрофизикаи релятив? ва механикаи квант? робитаи ногусастан? дорад.
Яке аз модел?ои дар космологияи муосир эътироф шуда модели Олами васеъшавандаи як?инса, изотроп?, ?айристатсионар? ва тафсон мебошад, ки дар асоси назарияи умумии нисбият ва назарияи ?озибаи релятивии Эйнштейн пешни?од шудааст. Як?инса ва изотроп? будани Олам маънои онро дорад, ки хосият?ои Олам, мувофи?ан, дар тамоми ну?та?ои он ва дар ?ама самт?о якхелаанд. ?айристатсионарии Олам бошад аз ва?т вобаста будани хосият?ои онро нишон меди?ад.
Соли 1916 А. Эйнштейн ?алли статсионарии (аз ва?т новобастаи) муодила?ои назарияи умумии нисбиятро ёфта, модели статсионарии эволютсияи Оламро пешни?од кард. Физик ва математики рус Александр Фридман соли 1922 ?алли ?айристатсионарии муодила?ои Эйнштейнро пешни?од намуда, бо ро?и назарияв? исбот намуд, ки олами бо моддаи ?азбшаванда пуршуда статсионар? буда наметавонад ва бояд ба таври давр? васеъ ва фишурда шавад. Дар аввал?о Эйнштейн ин нати?аи илмии Фридманро инкор кард, вале соли 1923 вай и?рор шуд, ки хулоса?ои Фридман комилан дурустанд. Дере нагузашта олими амрико? Эдвин Хаббл ?одисаи «эффекти ?ойивазкунии сурх» номидашавандаро такроран кашф ва маънидод намуд, ки он тасди?и та?рибавии а?ида?ои А. Фридман мебошад. Мувофи?и ин нати?а?ои назарияв? ва та?рибав? ба хулоса омадан мумкин аст, ки Олам васеъшаванда аст. Вале агар Олам васеъшаванда бошад, пас вай бояд ибтидо дошта бошад. Онго? савол?ое ба миён меоянд, ки Олам дар ибтидо дар кадом ?олат буд, аз ибтидо то имр?з чанд ва?т гузаштааст, ояндаи Олам ч? гуна хо?ад буд ва ?оказо.
Сол?ои 40 – уми асри 20 физики амрико? Георгий Гамов дар асоси нати?а?ои назарияв? ва та?рибавии зикршуда модели стандартии Оламро пешни?од намуд. Мувофи?и ин модел Олам дар ибтидо ну?таеро мемонад, ки зичии беандоза калон (? ~ 1094 г/см3) ва ?арорати ни?оят баланд (Т > 1015 0С) дорад. Мувофи?и принсип?ои физик? чунин ?олати система мутла?о ноустувор аст ва система бояд аз ин ?олат ра?о ёбад. Ро?и ягонаи баромадан аз ин ?олати ноустувор? таркиш аст. Аз ин р?, хулоса?ои модели мазкурро консепсияи таркиши бузург низ мег?янд ва ла?заи ибтидоии ин таркишро ибтидои эволютсияи Олам ме?исобанд. Фарз карда мешавад, ки ин таркиш та?рибан 15 – 20 миллиард сол пеш ба амал омада, дар нати?аи он Олам аввал бо суръати баланд ва минбаъд о?истатар васеъ ва хунук мешавад. Аз р?и дара?аи васеъшав? олимон оид ба ?олати материя дар давра?ои гуногуни васеъшав? хулоса?о мебароранд.
Тахмин карда мешавад, ки ?амаг? пас аз 0,01 сонияи баъди таркиш зичии материя то 1014 г/см3 ва ?арорат то 109 0С кам мешавад. Дар ин вазъият дар Олами васеъшаванда бояд фотон?о, электрон?о, позитрон?о, нейтрон?о, антинейтрон?о ва ми?дори камтари нуклон?ои сабук (ядрои атоми ?идроген ва гелий) мав?уд бошанд. Дар айни замон ба амал омадани табдилёби?ои аннигилятсия ва тавлиди ?уфти зарра ва антизарра аз р?и на?шаи е– + е+ ?? ? + ? аз э?тимол дур набуд. Боз э?тимол меравад, ки пас аз 3 да?и?аи баъди таркиш аз нуклон?о ва электрон?ои мав?уда атом?ои сабуктарини ?идроген ва гелий ба ву?уд омада, Олам аз омехтаи ин газ?о пур мешавад.
Эволютсияи минбаъдаи Олам, ки дар ?араёни он ситора?о, ?ирм?ои дигари кай?он? ва системаи он?о пайдо мешаванд, дар мавз?и оянда му?окима карда мешавад (нигар мавз?и 6.). ?оло бошад ба му?окимаи кашфиёт?ое шур?ъ менамоем, ки боэътимодии модели стандартиро нишон меди?ад ва аз он хулоса?ои аз назари илм? боварибахш ?осил мешаванд.
Просмотр: 2649
Музыка способна оказывать известное воздействие на этическую сторону души; и раз музыка обладает такими свойствами, то, очевидно, она должна быть включена в число предметов воспитания молодежи.
© 2020 DURAHSHON.TJ. All rights reserved