Дата: 2017-10-18
Тавре ?айд намуда будем, тан?о пас аз пайдоиши механикаи квант? ва дар асоси он бунёд шудани химияи квант?, илми химия асоси назарияв? пайдо намуда, системаи дониш?ои химияв? аз савияи та?рибав? то ба дара?аи назарияв? бароварда шуд.
Маф?ум?о ва объект?ои асосии химия атом?о ва молекула?о мебошанд. Атом – зарраи майдатарини элементи химияв? мебошад, ки хосият?ои ин элементро дорад. Атом?о бо ёрии банд?ои химияв? пайваст шуда, молекула?оро ба ву?уд меоранд. Молекула – зарраи майдатарини модда мебошад, ки хосият?ои ин моддаро со?иб аст.
Шумораи атом?ои маълум, ё худ элемент?ои химияв? имрўз зиёда аз 100 (~110) мебошад. Дар айни замон шумораи молекула?ои таби? ва бо ро?и сунъ? ?осил шуда зиёда аз 18 миллион мебошад. Ин ?адар шумораи зиёд аз он сабаб аст, ки аксари атом?о (?айр аз газ?ои инерт?) ба ?амдигар таъсир намуда, молекула?оро ба ву?уд оварда метавонанд. Сониян дар молекула?о шумораи атом?о гуногунанд. Масалан, молекула?ои газ?ои инерт? якатома, ?идроген ва нитроген дуатома, об – сеатома ва ?оказо. Молекула?ои модда?ои мураккаб ба монанди сафеда?о ва кислота?ои нуклеат (макромолекула?о) аз да??о ва сад?о ?азор атом?о иборатанд. Атом?о дар молекула?о бо тартиб ва ?ойгиршавии фазоии муайян ало?аманданд. Аз ин рў, бо ву?уди нисбатан кам будани элемент?ои химияв? (~110), шумораи модда?ои химияв? ни?оят зиёданд (~18 миллион).
Химияи квант? таълимотест, ки дар асоси маф?ум?о ва принсип?ои механикаи квант? ва физикаи статистик? бунёд гардида, барои омўхтани хосияти атом?о, молекула?о ва модда?ои химияв? татби? карда мешавад. Ба хотир меорем, ки яке аз муваффа?ият?ои механикаи квант? бунёди назарияи квантии сохти атом мебошад. Та?риба?ои да?и?тарин ва бор?о такроршуда нишон доданд, ки атом?о аз ядрои заряди мусбат дошта иборат буда, дар атрофи он электрон?ои заряди манф? дошта давр мезананд. Дар айни замон, андозаи атом та?рибан ба 10-10 м ва андозаи ядрои он наздик ба 10-15 м мебошад.
Аз физикаи ядро? маълум аст, ки ядрои атом?о аз протон?ои заряди мусбати электрик? дошта ва нейтрон?ои безаряд таркиб ёфтаанд. Аз ин рў, ба протон ва нейтрони дохили ядро номи махсус – нуклон додаанд. Яке аз характеристика?ои му?имтарини атом заряди ядрои вай мебошад. Дар навбати худ заряди ядро аз шумораи протон?ои он вобаста буда, ба ин ё он атом мансуб будани ин ядроро нишон меди?ад.
?амин тавр, ядрои атоми ра?ами тартибиаш N ва адади массавиаш М аз N протон?о ва (М – N) нейтрон?о иборат буда, дар атрофи он электрон?ои шумораашон ба шумораи протон?о баробар давр мезананд. Азбаски заряди протон?о ба заряди электрон?о ададан баробар, вале мусбат мебошад, пас заряди ядрои атоми додашуда ба +eN, суммаи заряди электрон?о ба -eN баробар ва, бинобар он, атом дар ?олати нормал? нейтрал, яъне безаряд мебошад. Агар атоми нейтрал як ва ё якчанд электрони худро гум кунад, ба иони мусбат (катион) ва агар электрон?ои изофа ?абул намояд, ба иони манф? (анион) табдил меёбад. Массаи атомро асосан массаи ядрои вай ташкил меди?ад, зеро массаи электрон аз массаи протону нейтрон (нуклон?о) та?рибан 2000 маротиба хурд мебошад. Дар айни замон ядрои ?амон як элемент шумораи гуногуни нейтрон?о дошта метавонад. Дар нати?а ин ядро?о ба заряди якхела, вале адади массавии гуногун со?ибанд. Атом?ое, ки ядрои он?о тан?о ба шумораи нейтрон?ояш фар? мекунанд, изотоп?о номида мешаванд. Масалан, элементи химиявии ?идроген, ки ядрои он тан?о аз як протон иборат аст, се изотоп – протий, дейтерий ва тритий дорад. Ядрои ин изотоп?о, мувофи?ан, нейтрон надорад, як ва ду нейтрон дорад.
Электрон?ои атом дар атрофи ядрои он ?абат-?абат ?ойгир шудаанд ва та?симоти электрон?о дар ?абат?о ба ?онуне итоат мекунад, ки принсипи Паул? номида мешавад. Мувофи?и ин принсип дар ?ар як ?олати квантии атрофи ядро зиёда аз як электрон мав?уд буда наметавонад. ?олати квантии электрон?оро чор адади квант? – адади квантии асос?, адади квантии орбитал?, адади квантии орбиталии магнит? ва адади квантии хусус? (спин) муайян мекунанд. Онго?, мувофи?и принсипи Паул?, ?ар як электрони атрофи ядрои атом аз дигараш а??алан бо як адади квантиаш бояд фар? кунад. ?амин аст, ки ин принсипро одатан принсипи манъи (ё худ манъкунандаи) Паул? меноманд.
Мувофи?и принсипи Паул? электрон?о ?абат?оро тан?о бо тарзи муайян пур мекунанд. Инак, дар ?абати якуми ба ядро наздиктарин то ду электрон, дар ?абат?ои дуюм ва сеюм то 8 электрон, дар ?абат?ои чорум ва пан?ум то 18 электрон ва дар ?абат?ои шашум ва ?афтум то 32 электрон ?ойгир шуда метавонанд.
Дар ?осилшавии банд?ои химияв? тан?о электрон?ои ?абати берун? иштирок мекунанд. Бинобарон шумораи электрон?ои ?абати берун? дара?аи фаъолнокии химиявии элемент?о ва валентнокии он?оро муайян мекунад. Тартибу низоми пуршавии ?абат?ои электрон? ?ойгиршавии элемент?оро дар системаи даврии Менделеев му?аррар менамояд. Мувофи?и ин низом шумораи элемент?ои химияв? дар ?ар як давр ба шумораи электрон?ои ?абати берун? баробар аст.
Бунёди назарияи квантии атом?о натан?о му?имияти фундаменталии назарияв?, балки а?амияти сирф амал? низ дорад. Пеш аз ?ама ин назария ба рушду такомули энергетикаи атом? мусоидат намуд. Сониян вай барои васеътар намудани ?удуди олами атом?о такони ?идд? дод. Дар замони Менделеев зиёда аз 60 (~63) элементи химияв? маълум буд. Сол?ои 30 – уми асри 20 давраи кашфи элемент?ои химиявии таби? ба охир расида, системаи даврии Менделеев бо элементи уран (ра?ами тартибиаш 92) ан?ом ёфт.
Дар давоми сол?ои 1940 – 1955 бо усули синтези ядрои атом?о як ?атор элемент?ои нави химияв? ?осил карда шуд. Дар замони ?озира шумораи элемент?ои системаи давр? ба 110 баробар аст. Суръатфизо?ои зарра?ои элементар? ?оло имкон меди?анд, ки ядро?ои боз ?ам вазнинтар синтез карда шаванд, аммо он?о бени?оят ноустуворанд, ё худ давраи ?аёташон ни?оят ночизанд (аз миллион?о як ?иссаи сония ва аз ин ?ам кўто?тар). Вале а?идае маълум аст, ки мувофи?и он баъзе элемент?ои ра?ами тартибиашон аз 120 боло э?тимол устуворанд. Бино бар он проблемаи номгўи пурраи системаи даврии Менделеев масъалаи кушода ?исобида мешавад.
Просмотр: 3545
Музыка способна оказывать известное воздействие на этическую сторону души; и раз музыка обладает такими свойствами, то, очевидно, она должна быть включена в число предметов воспитания молодежи.
© 2020 DURAHSHON.TJ. All rights reserved