Дата: 2017-10-18
Методология худ назарияи фалсаф? оид ба принсип?о ва усул?ои тад?и?у та??и?и илм? буда, ба маънои васеътар таълимот оид ба аслу усули фаъолияти назарияв? ва амалии инсон мебошад. Масъала?ои методолог? алалхусус дар аср?ои 16 ва 17, замоне ки табиатшиносии муосир ташаккул меёфт ва проблемаи таносуби байни усули илм? ва усули натурфалсаф? пеш омада буд, дар мадди назар буданд. Ни?оят, дар асри 19 ба тавассути тад?и?от?ои саромадони фалсафаи классикии немис (И. Кант, Г. Гегел ва дигарон) муяссар шуд, ки на?ши диалектика ?амчун усули умумии идрок эътироф гардад.
Проблема?ои методологии табиатшиносии муосир масъала?оеро дарбар мегиранд, ки тамоми со?аи илм?ои ба тад?и?и табиат вобаста бударо ба ?ам мепайванданд, аз ?умла:
?алли объективонаи ин масъала?о пешни?оди системаи нишондод?ои методологиро та?озо дорад, ки ?исми му?ими таркиб? ва принсипи методологии умумитарини ?ар як со?аи илм ба шумор меравад. Ин нишондод?о на?ши танзимкунандаи фаъолияти илмиро бозида, ба бунёди хулоса?ои ?а?и?ии назарияв? ва та?рибав? мусоидат мекунанд. Аз рўи мазмуну мундари?а нишондод?ои методолог? системаи тасаввурот?о оид ба объекти омўхташаванда ва раванди тад?и?и ин объект буда, шаклу мазмуни нати?аи тад?и?отро муайян менамояд.
Азбаски дар рафти инкишофи таърихии ?ар як со?аи илм дер ё зуд объекти та??и?шаванда та?йир меёбад ва, аз ин рў, раванди омўзиш низ дигар мегардад, системаи нишондод?ои методолог? хусусият?ои таърихию во?еии фаъолияти илмиро муайян менамояд. Гузашта аз он, ?ар як со?аи тад?и?оти илм? ма?з аз рўи нишондод?ои методологии худ дар системаи фар?анг ма?оми худро пайдо мекунад. Бинобар он ?амон со?аи табиатшинос?, ки нишондод?ои методологиаш дар давраи додашудаи таърих? барои тамоми табиатшинос? хос ва муайянкунанда аст, илми пешбар шинохта мешавад. ?амин аст, ки аз асри 17 сар карда то имрўз физика илми пешбари табиатшинос? ?исобида мешавад. Тавре ?айд намуда будем, аз сол?ои охири асри 20 сар карда андеша?ое баён карда мешавад, ки ин на?ш тадри?ан ба ихтиёри биология гузашта истодааст. Ба а?идаи ин?ониб бо дарназардошти он тад?и?от?ое, ки сол?ои охир дар Коллайдери калони адрон? (ЦЕРН, Швейтсария) гузаронида шуда истодаанд ва он нати?а?ои илмие ки ба даст омаданд, бо итминони комил гуфтан мумкин аст, ки имрўз ва сол?ои наздиктарин физика ма?оми пешбарии худро аз даст додан? нест.
Просмотр: 2194
Музыка способна оказывать известное воздействие на этическую сторону души; и раз музыка обладает такими свойствами, то, очевидно, она должна быть включена в число предметов воспитания молодежи.
© 2020 DURAHSHON.TJ. All rights reserved