|

Маркетинг дар низоми бонкӣ

Тартибдиханда: admin

Дохил кард: Алишер Фозилов

Санаи дохилгардида: 2017-10-05

Нақша:

  • Маркетинги бонкӣ – қисми таркибии маркетинги молиявӣ.
  • Нақша ва вазифаи маркетинги бонкӣ.

 

Адабиёт

1.И.Т.Балабанов «Банки и банковское дело». Санкт –Петербург изд-во «Питер»  2002с – 256с.
2.О.И.Лавруғин «Банковский менедҷмент». М: изд-во «Финансқ и статистика» 2009c- 560с.
3. О.И.Лаврушин “Банковское дело” М: “Финансқ и статистика” 2006с – 660с.

 

  • Маркетинги бонкӣ – қисми таркибии маркетинги молиявӣ.

Маркетинг – ин раванди банақшагирӣ ва ҷори намудани ақидаҳо, нархгузорӣ, пешбарӣ ва ба амалбарории ғояҳо, молҳо ва хизматҳо, ки бо воситаи ивази онҳо талаботи шахсони гуногун ва ташкилотҳо қонеъ гардонида мешавад.
Маркетинги молиявӣ – ин ифодакунандаи муомилаи низоми сармоягузор  - фурӯшанда ба идоракунии раванди фурӯши дороиҳои молиявӣ (пул, қоғазҳои қиматнок, санг ва филизҳои қиматнок) ва муомилаи низоми сармоягузор – харидор ба идоракунии дороиҳои молиявии ҷамъшуда аст. Соҳаи фаъолиятбарии маркетинги молиявӣ ин бозори молиявӣ аст,  аммо таркиби қисми маркетинги молиявӣ ин маркетинги молиявии бонкӣ, ки хизматрасониҳоро дар бозори молиявӣ ё дар бозори моли бонкӣ ифода мекунад.
Маркетинги бонкӣ – ин раванд, ки дар худ банақшагирии истеҳсоли маҳсулоти бонкӣ, таҳқиқи бозори молиявӣ, танзими робита, муқаррар намудани нарх, ташкили пешбарии маҳсули бонкӣ ва вусъат додани хизматрасонии бонкиро дар бар мегирад.
Вазифаи маркетинги бонкӣ ин:

  • пешгӯии талаботи мизоҷон нисбати маҳсули бонкӣ;
  • омӯзиши талабот ба маҳсули бонкӣ;
  • барориши маҳсули бонкии ба талаботи мизоҷон мувофиқкардашуда;
  •  муқаррар намудани сатҳи нарх ба маҳсули бонк бо ҳисоби шароити рақобатнокӣ;
  • болобардории нуфузи бонкӣ;
  • болобардории саҳми бозори молиявӣ, ки бонк онро назорат мекунад.

      Консепсияи (фарз, тахмин) маркетинги бонкӣ фаъолияти бонкро  дар бозори молиявӣ тавсиф ва муайян мекунад.
Мизоҷони маҳсули бонкӣ талаботу завқ ва захираҳои пулии гуногун доранд ва барои ин бонк бояд ба кадом гурӯҳ пешкаш намудани маҳсулоти худро бояд донад. Аз ин ҷ оду самти имконияти фаъолиятбарии бонк мавҷуд аст:

  • назардошт ба талаботи устувори омма, нархи паст ба маҳсулоти бонкӣ (меъёри фоизҳо), хизматрасонии маҳдудкардашуда ба мизоҷон;
  • назардошт ба талаботи ноустувор ба гурӯҳи махсуси мизоҷон пешкаш намудани маҳсулоти бонкӣ бон архи баланд, доираи васеӣ хизматрасониҳо.

       Бо муқаррар намудани нархҳо, онҳоро набояд ба мизоҷони миёна муайян кард, балки ба гурӯҳи муайян. Типология (намуд) - и истифодабарандагони маҳсули бонкӣ ҳамчун асоси баландбардории фаъолияти самаранокии тиҷоратӣ дида баромада мешавад. Типология – оғозёбии фаъолияти маркетингӣ аст.
Фаъолияти маркетингӣ ин маҷмӯи амалиётҳо оид ба коркарди истеъмоли типологӣ, омӯзиши талабот, банақшагирии истеҳсоли маҳсулоти бонкӣ ва ташкили кор барои фурӯши он аст.
Фаъолияти  маркетингӣ бо коркарди схемаи таснифии талабот ба маҳсулоти бонкӣ оғоз меёбад. Таснифи талабот , тақсими талабот ба гурӯҳҳои алоҳида бо нишонаҳои муайян барои муваффақ шудан ба мақсади гузошташударо мефаҳмонад ва бо ин нишонҳо фарқ мекунад:

  • талаботи устувор;
  • талаботи интихобӣ;
  • талаботи ҳавасмандгардонӣ.

Талаботи устувор ин талаботи мустаҳкам ба намуди ҷудогонаи маҳсулоти бонкӣ аст. Масалан, амонатҳо дар бонкҳо бо маблағи минималии пасандоз на зиёда аз 300 сомонӣ, саҳмияҳои бонкҳои калон.
Талаботи интихобӣ, ки пасандозгузор баъди таҳлили имкониятҳои молиявии худ, сатҳи даромад ва фоидаи худ, хавфи гузоштани сармояро ба маҳсулоти бонкӣ қабул менамояд.
Талаботи ҳавасмандгардонӣ талаботи ногаҳонӣ, ки мизоҷ баъди интихоби худ бо маслиҳати дигарон , реклама ва дигар омилҳо  қарори худро дигар менамояд. Ба ин қоғази қиматнок дохил мешавад, ки дивиденд ё фоизи баланд ваъда карда мешавад.
Талабот ба маҳсулоти бонкӣ бо сатҳи қонеъгардонии дархости мизоҷон тавсиф карда мешавад ва бо ин нишона тақсим карда мешавад:

  • талаботи амалишуда (он вақте, ки маҳсулот ба мизоҷ пешниҳод мешавад);
  • талаботи қонеъгардида – талабот ба маҳсулоти бонкии буда дар фурӯш;
  • талаботи ташкил мешуда - талаботи номуайян. 

          Талаботе, ки аз тарафи харидорон ташкил мегардад, талабот ба навовариҳои бонкӣ аст, яъне ба хизматрасонӣ ё амалиёти бонкӣ.
Дар таҳқиқӣ маркетинги фаъолияти бонкӣ нишондиҳандаҳои талаботу пешниҳод ба маҳсули бонкӣ истифода мешавад. Масалан, ҳамчун андозаи ҳақиқии рендит, андозаи ҳақиқии спрэд, сатҳи ӯ бо фоизи максималии талаботи нарх, баҳампайвастшавии ҳаҷми талаботу пешниҳод, нархи миёна ба талаботу пешниҳод.
Рендит – нишондиҳандаи нисбии даромаднокии қоғази қиматнок аст. Масалан, рендити саҳмия бо мутаносиби фоизи пардохтшудаи дивидендҳобо қурби бозории саҳмияҳо муайян карда мешавад. Чи қадаре, ки андозаи рендит зиёд бошад, ҳамон қадар саҳмия даромаднок аст.
Масъала:
Саҳмия бо арзиши 100 сомонӣ ба 200 сомонӣ фурӯхта мешавад. Дивиденди саҳмия дар  соли гузашта 200% ё 200 сомониро ташкил карданд: (200 * 100)/ 100.
Рендити саҳмия 2/20* 100 ӯ 10%.
Спрэд – фарқияти байни нархи минималии пешниҳод ва нархи максималии талабот аст.
Масъала, нархи минималии пешниҳод ба саҳмия 0 сомонӣ, нархи максималии талабот – 49 сомонӣбуда, андозаи мутлақи спрэд ба 1 баробар аст: 50 -49 ӯ 1.
Сатҳи спрэд бо фоиз бон архи максималии талабот 2%- ро ташкил мекунад: 1/50 * 100 ӯ 2%.

      2.  Нақша ва вазифаи маркетинги бонкӣ.

       Банақшагири сатҳи танзими ояндаро назардошт бо имкониятҳои ҳозира ифода мекунад. Банақшагирӣ ҳама вақт бо муайян намудани сатҳи дурусти ба дастории мақсадҳои гузошташуда  амалӣ мешавад: баҳисобгирии дурусти дигаргуниҳои сатҳи хоҷагидорӣ, банақшагирии услубҳо ва ахбори боэътимод.
Қисми ҳамаи тиҷорат – нақшаҳо нақшаи маркетингӣ аст, аммо барои амлиёти бонкӣ нақшаи маркетингӣ бонкист.
Объктҳои нақшаи маркетинги бонкӣ мебошанд:

  • хизмат ва амалиётҳои бонкие, ки ба мизоҷони бонк маъмуланд;
  • навовариҳои бонкӣ: амалиёт ва хизматрасонии нави бонкӣ.

      Нақшаи маркетинги бонкӣ, нақшаи баамалбарории маҳсули нави бонкиро ифода мекунад: анъанавӣ ва нав. Ин нақша муайян мекунад, ки кадом маҳсули бонкӣ, кадом навоварии бонкӣ дар кадом   территория  ва бо кадом нарх ва мӯҳлат фурӯхта мешавад. Нақшаи маркетинги бонкӣ бисёр соҳаҳои банақшагирии дохилибонкиро ба ҳам вобаста мекунад, махсусан нақшаи хароҷоти моддӣ, қувваи корӣ, дохилшавии пулҳо ба хазини бонк, захираҳои ахборотӣ, нақшаи фоида.
Тартиби нақшаи маркетинги бонкӣ аз коркарди стратегияи бонкӣ (барои барориш) дар доираи маркетинг оғозёфта бо истифодаи тактикаи маркетингӣ ба охир мерасад.

         Стратегияи маркетинги бонкӣ раванди таҳлили имконияти бонк оид ба барориши  ин ё он намуди маҳсулоти бонкӣ, муайян намудани мақсади барориши маҳсулот, асоснокгардонии навоварии бонкӣ ва хусусияти он, таҳқиқи маркетинги бозори молиявӣ ва имконияти баамалбарории маҳсулоти ҷориро ҳам ба давраи ҷори ва оянда ифода мекунад ва нишон медиҳад.
Стратегияи маркетинги бонкии бозори молиявӣ аз чунин консепсияҳо иборат аст:

  • сегментатсияи бозори молиявӣ;
  • интихоби мақсадноки бозори маҳсули бонкӣ;
  • муайян намудани «таҳмонӣ» бозори молиявӣ;
  • интихоби усули баромад ба бозор;
  • интихоби воситаи маркетингӣ;
  • интихоби давраи баромад ба бозор.

       Сегментатсияи бозори молиявӣ тақсимоти бозор ба шӯъбаҳои ҷудогонаро ифода мекунад. Ҳар яки ин зинаҳо дорои хусусияти хосанд, қоидаҳои гузаронидани муомилот бо дороиҳои молиявии худ доранд. Дар ин сегментҳо  гурӯҳи мизоҷон баромад мекунанд, ки талабот ва рафторҳои гуногун доранд. Дар шароити рақобат як бонк ҳамаи талаботи мизоҷонро бо маҳсули муайяни бонкӣ қонеъ гардонида наметавонад. Барои ҳамин ҳам бонк ҳамаи имконият ва захираҳои худро ба ягон сегменти муайяни бозори молиявӣ равона мекунад. Ин раванд интихоби мақсадноки бозор ё интихоби «таҳмонӣ» бозори молиявии худ ном дорад.
Метод (усул) – и баромад ба бозор рушди худи бонк ё ҳамкории ӯ бо дигар тоҷирон (ҳамкорони муштарак) аст.
Воситаи маркетингӣ омилҳои аз тарафи таъсиркунандаро мефаҳмонад. Масалан, бонк, ки вомбарг барориш кард, ба зудфурӯши ва ба нархи он таъсир карда метавонаду халос.
Вақти баромад ба бозор тадқиқи бозори молиявиро, талабот ба маҳсули бонкӣ ва ҳаҷми талабот, ҳолатҳои иқтисодӣ дар давлат,вазъияти рақобатро тахмин мекунад.
Тактикаи маркетинги бонкӣ услубҳои мушахасро оиди ба мақсад ноил гардидани нақшаи маркетинги бонкиро ифода мекунад. Ба инҳо дохил мешавад:

  • реклама;
  • пешбарии массулоти бонкӣ ба бозор;
  • ташкили кори нуқтаҳо оиди фурӯ шва хариди маҳсули бонкӣ.

     Вазифа
Ба маркетинги бонкӣ вазифаҳои муайян хос аст. Вазифаи маркетинги бонкӣ  ин маҷмӯи намудҳои фаъолияти маркетинги бонк оид ба амалбароирии маҳсули бонкӣ аст. Вазифаҳои асосии таҳлили маркетинги бонкӣ, ин:

  • ҷамъоварии ахборот;
  • тадқиқи маркетингӣ;
  • банақшагирии фаъолият оид ба барориш ва фурӯши маҳсулоти бонкӣ;
  • реклама.

    Тадқиқи маркетингӣ ҳамаи раванди маркетингиро аз ҷустуҷӯи пешниҳоди нав ва намуди маҳсулоти бонкӣ то истифодабарии мизоҷон дар бар мегирад.

Дидан карданд: 1982

Мавзӯъҳои монанд:

Маркетинг дар низоми бонкӣ

Таърихи пайдоиши бонкҳо дар Тоҷикистон

Низоми бонкии Ҷумхурии Тоҷикистон дар замони ҳозира

Бонки миллии Тоҷикистон ва вазифаҳои он

Ташкилотҳои молиявии ғайрибонки ва вазифаи онҳо

Вазифаҳои асоси ва мақсади бонки тиҷорати

Муносибати бонки тиҷорати бо Бонки миллии Тоҷикистон

Захираҳои қарзи ва таснифи онҳо

Воситаҳои хусусии бонк

Воситаҳои пулии ҷалбшаванда

Коментари дохил карданд:

Каментарй дохил кард: fayzalii.komil@mail.ru
Санаи дохилгардида: 2018-01-22

crfxfn


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: