|

Эътимодият (надежность) ва бехатарии (безопасность) базаи маълумот. Усулҳои кор бо ҷадвалҳои базаи маълумот

Тартибдиханда: admin

Дохил кард: Алишер Фозилов

Санаи дохилгардида: 2017-09-05

Эътимодияти базаи маълумот накши мухимро мебозад. Окибати гум кардани хуччате, ки дар тахриргари матни ё тахриргари графики сохта шудааст бо харчи вакте, ки барои азнавбаркароркунии он лозим аст,  бахогузори намудан мумкин аст. Гум намудани базаи маълумот ба катъ гардидани сохаи истехсолот оварда расонида метавонад, ки он окибати глобали дорад. Бзахои маълумоте вучуд дорранд, ки аз онхо харакати наклиёт, кори бонкхо ва ташкилотхои саноати вобаста аст. Базахое мавчуданд, ки маълумотхои хаётан зарури хусусияти тибби доштаро дар бар мегиранд.
Эчодкорони системахои идоракунии базаи маълумот наметавонанд ба он такя намоянд, ки истифодабарандаи аник дар вакташ додани фармонро аз хотир намебарорад. Онхо ба хисоб мегиранд, ки хангоми кор метавонад катъ шудани барк ба амал ояд. Дар ягон холат набояд информатсия гум шавад, барои хамин хамаи тагйиротхо зуд ва ба таври автоматӣ  дар диск сабт мешаванд.
Истифодаи муштараки маълумотхо
Системахои идоракунии базаи маълумот бояд ба хисоб гиранд, ки бо базаи маълумот метавонанд дар як вакт бисёр одамон кор кунанд. Агар бо базахо монанди хуҷҷати протсесори матнӣ кор мекарданд, он гоҳ як шахси файлро барои таҳрир намудан кушода ин файлро монополия менамуд ва даромадани дигар истифодабарандагон манъ мешуд, то он даме, ки файл пушида ва нигох дошта нашавад.  
Дар базахои маълумот як истиодабарандае, ки ба база тагйирот медарорад, танхо як кайдро, ки дар он кор мекунад, мухосира намояд ва он хам дар муддати кутох. Масалан, маълум аст, идораи тафтишоти автомобили базаи маълумоти автомобилхои дуздидашударо доранд. Он далеле, ки дар кучое дар умури маркази дохил намудани кайд оиди автомобилхои дуздидашуда рафта истодааст, ин ба тафтишотчиён  (инспектор) дар чойхо халал намерасонад, ки онхо ба база бо шабакаи компютери мурочиат намоянд ва маълумоти лозимаро гиранд. Замоне, ки дохил намудани кайди навбати ба охир мерасад, он ба хамаи тафтишотчиён барои дида баромадан дастрас мегардад ва барои баъзеи онхо (ба касе ки аз руи вазифа ичозат дода шуда бошад) барои тахрир намудан.  
Агар дар шабакаи локали ё глобали дар як база якчанд исифодабаранда кор кунанд, он гох хар яки онхо дар речаи вакти реали метавонанд он тагйироте, ба база хамкорони онхо дохил менамоянд, дида метавонанд.
Усулхои кор бо чадвалхои базаи маълумот
Бо базаи маълумот метавонем бо усулхои оддии идоракуни бо воситаи мушак кор кунем.
Сатри холат(строка состояния) дар кисми поёнии Access майдони раками кайд номида мешавад. Ин майдон тугмахои гузаришро дорад, ки бо воситаи онхо метавонем самаранок дар чадвал аз чой бо чои дигар гузарем.
Хар як кайд аз тарафи чап тугмача дорад(маркери кайд). Пахш намудани имн маркер хамаи кайдхоро чудо менамояд ва онро ба нусхабардори, чойивазнамои ва тозакунии он тайёр менамояд.
Пахш кардани тугмаи рост  дар кайди интихобшуда менюи констектиро барои ичрои амалхо бо ин кайд мекушояд.
Маркере, ки дар кисми чапи болоии чадвал мавчуд аст ин маркери чадвал аст. Ба он пахш намудан тамоми чадвалро чудо менамояд, пахши тарафи рост бошад менюи констектиро барои амалхо бо ин чадвал мекушояд.
Майдони базаи маълумот  дар чадвал ба намуди сутунхо пешниход шудаанд. Хар як сутун сарлавха дорад, ки дар он номи майдон ё ин ки он кайде, ки  дар хусусияти Имзо(подпись) дода шудааст, навишта мешавад.
Агар кайди дар майдон дар ячейкаи чадвал пурра чйгир нашавад, мо метавонем сутунро васеъ гардонем. Хангоми бурдани нишонаи мушак ба сархади байни сутунхо нишона формаи дигарро мегирад. Акнун сархадро метавонем дигар намоем, бо методи ба чои дигар гирифтан, пахши думаротибаи дар ин холат ичро шуда  ба таври автомати васегии сутунро аз руи дарозии маълумоти дар он буда муайян менамояд.
Пахш намудан дар сарлахаи сутун тамоми сутунро чудо менамояд, пахши тугмаи рост дар сутуни чудошуда менюи констектиро мекушояд. Дар он пунктхои ачоиб хастанд, ки имкони сортировка намудани кайд дар ин майдон, сутуни нав гузоштан, пинхон кардани сутунро доранд.

Сутуни пинхоншуда аз база гум намешаванд, танхо дар экран инъикос намешаванд. Барои аз нав инъикос намудани он бояд нишонаро ба сархади байни сутунхоба он чое барем, ки сутун пинхон шуда буд ва пахши думаротибаи ичро менамоям. Сутуни пинхоншуда боз бармегарданд. 

Дидан карданд: 961

Мавзӯъҳои монанд:

Мафхуми умумии SQL, типи маълумот ва воситахои муайянкардани доменхо. Таърихи кутохи SQL

Ҳисоботҳо

Сохтан ва таҳрири майдонҳои алоқаманд

Сохтани навиштаҷот

Формаҳо ва сохтори онҳо. Кор бо формаҳо

Кор бо дархостҳо. Дархостҳои ҷамъбастӣ

Кор бо дархостҳо. Ҳисоббарорӣ дар дархостҳо

Кор бо дархостҳо. Дархост бо параметрҳо.

Кор бо объекти базаи маълумот: дархостҳо. Дархости интихобӣ

Мафҳуми «робита» дар СИБМ Соз кардани робитаи байни ҷадвалҳо.

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: