Дата: 2016-12-01
Он кас, ки шеър донад, донад, ки дар ?а?он Со?иб?ирони шоир? устод Р?дакист. (Низомии Ар?зии Самар?анд?)
Аб?абдулло? ?аъфар ибни Му?аммади Р?дак? на тан?о бузургтарин шоири давраи Сомониён, балки нахустин ва бузургтарин шоири Эронзамин ва падари шеъри форс? аст. Ма?оми Р?дак? дар шеъру адаби форс? то бад-он ?оест, ки дигар шоирон ва бузургон бартар? ва баландии пойго?и ?ро дар шеъру шоир? сутуда ва вайро «султони шоирон» ва «устоди шоирони ?а?он» номидаанд ва Ша?иди Балх? суханашро «тилви нуб?» (пайрави ?уръон) хондааст:
Ба сухан монад шеъри шуаро, Р?дакиро сухани тилви нубист.
Таърихи ?азорусадсолаи адабиёти навини то?ик, ки давоми бевоситаи адабиёти ?адими он аст, бо номи асосгузори он устод Р?дак? вобаста мебошад. Р?дакиро муосиронаш ва суханварони баъдина бо унвон?ои ифтихории ?офиласодори назми форс, со?ибкирони шоир?, устоди шоирон, султони шоирон ва одамушшуаро ёд мекунанд. Дар давоми ёзда? асри мав?удияти адабиёти то?ику форс анъана?ои Р?дак? ?амеша зиндаву ?овидон буданд. Имр?з ?ам ш??рат, манзалат ва э?тироми устод Р?дак? оламгир аст.
Соли 858 дар яке аз де?а?ои зебоманзари води Зарафшон Пан?р?д, ки маркази ?амоати Р?дак буд, модари хушбахте писаре зод, ки номи ?ро ?аъфар ни?оданд. Бо мурури замон ва гузашти айём ин к?дак ба дара?аи бузургтарин мардони номвари ?а?он? шинохта шуд. Номи пурраи Р?дак? ва падару бобоёни ? чунин аст: Аб?абдулло ?аъфар ибни Мухаммад ибни ?аким ибни Абдура?мон ибни Одам.?аъфар номи аслии ?ст, ки падару модар ба вай ин номро гузоштаанл. Аб?абдулло номи э?тиромии ?ст. Ин гуна ном барои одамони баобр?, хусусан олимону шоирон баъди ба камол расидан ва ш??рат ёфтани он?о гузошта мешуд. Сабаб он буд, ки мардум якнома гирифтани номи одамони со?ибэ?тиромро аз р?и одоб намедонистанд. Му?аммад номи падари ?аъфар буд, ?аким ва Абдура?мону Одам бобокалон?ои ?аъфар буданд. Р?дак? тахаллуси шоирии устод аст, ки аз номи де?аи зебои дурдасти худ Р?дак гирифтааст.
Но?ияи Р?дак? дар асри X ?амоат?ои Вор?, Р?дак? ва Колхозчиёни имр?заро фаро гирифта, дар маркази худ ?алъаи мирнишин, чанд мактаб ва мадрасачае дошт. Падари Р?дак?, ки аз таба?аи боимтиёз ва шахсони обр?манди но?ия буд, ба тарбияи фарзанди за?оватмандаш а?амияти зиёд медод. Аз ин р?, ?аъфар дар зодго?и худ маълумоти муаяне мегирад.
Р?дак? аз хурд? осори истеъдод зо?ир мекунад. ? «чунон зак? ва тезфа?м буд, ки дар ?аштсолаг? ?урьон тамоман ?ифз кард ва ?ироат биом?хт ва шеър гуфтан гирифт ва маонии да?и? мегуфт, чунон ки хал? бар вай и?бол намуданд ва ра?бати ? зиёдат шуд» (Му?аммад Авф?). Аз ин хабар маълум мешавад, ки Р?дак? дар бачаг? саводи комил бароварда, ?ан?з аз ?аштсолаг? шеър?ои пурмаънои а?оибе мегуфтааст, мардум он?оро меписандидаанд. Ма?з ?амим писанду ма?були хал? афтодан дили Р?дакиро ба гуфтани шеър гарм мекунад.
?аъфари хурдсол дар баробари а?ли расо, зе?ни гиро ва хотираи тавоно овози хуш ва савти дилкаше дошт. Ба ин сабаб ? дар пайи мутриб? меафтад. Вай даставвал ин ?унарро аз созандагону навозандагони хал? меом?зад. Дере нагузашта ин ?авони ташнаи дониш ро?и Самар?андро пеш мегирад. Baй дар мадраса?ои Самар?анд илм?ои замони ,худро меом?зад. Аз осори бо?имондаи ? маълум мегардад, ки ? ба ?айр аз забони араб? илми бало?ат ва лу?ат, дар мадраса ё пеши устодони хусус? фалсафа, ?икмат, таърих, фи?? (?онуншинос?), риёзиёт (математика) ва ну?ум (астрономия)-ро ба дара?аи аъло аз худ карда будааст. Маснавии Даврони офтоби Р?дак? оид ба илми ну?ум ба?с мекунад. Ма?з дар Самар?анд истеъдоди мутрибии Р?дак? ди??ати устоди ?унари муси?? Абулаббоси Бахтиёрро ба худ ?алб менамояд. ? чанд сол та?ти тарбияи ин устоди ом?згор навохтани ?ду р?д, барбату чанг ва танб?ру найро маш? карда, дар мутриб? ва ромишгар? мо?ир мешавад. Худи Р?дак? чандин бор ба муси?идониаш ишора мекунад:
Р?дак? чанг баргирифту навохт, Бода андоз, к-? суруд андохт.
Истеъдоди шоирии Р?дак? низ дар ин айём камол меёбад. Ш??рати ? дар г?шаю канор?ои кишвар па?н мегардад. Р?дакии суханвар ва ромишгар зиндагии серу пур ва сафобахш дошт.
Р?дакиро даставвал ба дарбори Насри I Сомон?, ки сол?ои 864-892 ?окими Самар?анд буд, мекашанд. ? ?амчунин дар манзил?ои де??онон, яъне заминдорони давлатманд ва мулкдор ба сарояндаг?, навозандаг? ва шоир? маш?ул мешавад. Аммо ин вобастагии Р?дак? бо он дарго??о доим? набуд. ? ва?ти худро бештар дар ма?лис?о ва ма?фил?ои адабию илм? мегузаронд. Баъди ин Р?дак? бо ташаббуси Абулфазли Балъам?, ки аз соли 892 то соли 938 вазир буд, ба Бухоро, ба пойтахти Сомониён даъват шуд. Р?дак? дар он замоне, ки ав?и болоравии худшиносии хал?и то?ик буд, даъвати Балъамиро ба ?он пазируфт. Зеро Сомониён дар сари ин ?аракат истода, ба э?ёи фар?анг ва расму одат ва му?аддасоти мардум мусоидат мекарданд. Иштироки Р?дак? дар ин ?аракат айни муддао буд.
? бо дарбори Исмоили Сомон? (892-907) ва А?мад ибни Исмоил (907-914) беало?а набудааст. Р?дак? дар дарбори Наср ибни А?мади Сомон?, яъне Насри II (914-943) ба мартабаи азим со?иб мешавад. Бинобар ?амим худи Р?дак? мег?яд:
Киро бузургию неъмат зи ину он буд?. Варо бузургию неъмат зи оли Сомон буд.
Насри I-и Сомон? д?стдор ва ташви?кунандаи адабиёти дар? буд. Худаш ?ам шеър мегуфт. Насри II Р?дакиро надим, яъне аз наздикони худ мегардонад. Р?дак? бо ? дар бисёр сафар?ояш ?амро?? карда, Нишопур, Марв, Сарахсу ?ирот ва бисёр ша?р?ои дигарро дидааст.
Нуфузи Р?дак? дар дарбор ни?оят бузург буд. Дар назди шахсияти ? амир ва вазиронаш сари таъзим хам мекарданд. Наср ибни А?мад ва сарлашкарону ?окимони ?аламрави ? ба шоир барои ?асидаву достон?ояш мукофот?ои калон медоданд. Инро аз гуфта?ои худи Р?дак?, шоири асри XI Унсур? ва Му?аммад Авф? (асри XIII) фа?мидан мумкин аст. Ш??рати Р?дак? дар суханвар? ба дара?ае буд, ки Абулфазл? Балъам?, ки аз сарпарастони устод Р?дак? буд, гуфтааст: Дар Анаму Араб мисли Р?дак? шоире нест.
Р?дак? тарбиятгар ва пешвои тамоми адибони замонаш буд. Ша?иди Балх?, Мурод? ва Фаролов? аз ин ?абил буданд.
Далел?ои зиёди таърих? аз таъсири фав?улоддаи ашъори Р?дак? ша?одат меди?анд. Боре Наср ибни А?мад ба ?ирот сафар кард. Ба сабаби хушии обу ?аво ва зебоии табиати он чор сол он ?о монд, пойтахти худ ша?ри Бухороро гуё аз ёд баровард. Вазирону сарлашкарони ?, ки мушто?и ёру диёр ва пазмони аёлу фарзандон буданд, майли Бухоро доштанд. Азбаски замони осоишта буд, амир аз фаро?ат даст намекашид. Саркарда?о хо?иши худро ба амир маъ?ул карда наметавонистанд. Он?о аз устод Р?дак? мадад ?устанд, ки чорагар? кунад. Р?дак? ба доди он?о расид. Вай дар васфи Бухоро ?асидае навишта, бо самимият, ташбе?у муболи?а шеъри г?шнавозе э?од кард. Паго?он?, ва?те ки амир хумори шабонаро мебаровард,он суруди пур аз нишоту шодмониро бо чанг дар пардаи Ушшо? capoид:
Б?и ?уй М?лиён ояд ?аме, Ёди ёри ме?рубон ояд ?аме. Реги Омуву дурушти?ои он Зери поям парниён ояд ?аме. Оби ?ай?ун бо ?ама па?новар? Хинги моро то миён ояд ?аме. Эй Бухоро, шод бошу дер з?! Шо? с?ят ме?мон ояд ?аме. Шо? мо? асту Бухоро осмон. Мо? с?и осмон ояд ?аме! Шо? сарв асту Бухоро б?стон. Сарв с?и б?стон ояд ?аме!
Аз таъсири шеъри ол?, овози хуш ва нолаи ?онбахши чанги Р?дак? Наср чунон мафтун гардид, ки м?заро нап?шида савори асп шуд ва бо дарбориёну лашкариёни худ ро?и Бухороро пеш гирифт. Р?дак? низ бо ?уломон ва амволи зиёди худ, ки аз ча?орсад шутур ва дусад ?улом иборат буд, ба Бухоро баргашт.
Ба ?амин минвол замони камолоти э?одии Р?дак? дар Бухоро гузашт. ? на тан?о дар дарбор, балки дар байни хал? ва хосса гур???ои равшанфикри а?ли ша?р низ ш??рати тамом ёфта буд. Ин ш??рат ва нуфузи шоир хусусан дар замони калонсол? ва пирии ? афзун гардид. Дар бораи пир? ва нотавонии худ Р?дак? аз ?умла дар ?асидаи Модари май ишора?о дорад. Вале ран?у азоб?ои Р?дак? дар ин айем бо кулфат?ои табиии пир? ма?дуд намешуд. Зеро хонадони сомон? дар аввали ?укмронии худ ба пайравони маз?аб?о, ?атто дин?о бетараф буданд. Аз соли 919 cap карда дар хоки Сомониён, аз як тараф табли?оти кармат? ав? мегирад, аз тарафи дигар, дар охир?ои замони Насри ибни А?мад (914- 943) таассуб ва хурофоти маз?аб? хеле боло рафт. Бисёр одамони равшанфикро бо т??мати кармат? будан ба ?азо?о гирифтор карда мешуданд.
?армати?о к? буданд? Кармати?о гур??и пур?уввати сиёсие буданд, ки дар асри IX пайдо шуда, де??онон, бодиянишин?о ва а?ли ?унар, хусусан, он?оеро, ки аз маз?аби расмии ислом ва сиёсати нажодпарастонаи халифа?ои аббос?, ки худро ?окими ?амаи мусулмон?о мешумориданд, нороз? буданд, мутта?ид мекарданд. Дар замони Сомони?о он ?амчун ?аракати хал?? мо?ияти зиддифеодал? дошта, бо баъзе хусусият?ои озодихо?? ва демократиаш эътибор пайдо карда буд. Таъсиру нуфузи он ба дара?ае буд, ки амирону вазирон ва шахсони дигари со?ибэътибор низ ба он майл мекарданд. Наср ибни А?мад ?ам ба он?о тава???? дошт. Маънои кармат к?то??ад аст. Сабаби чунин ном гирифтани ин ?араён дар он аст, ки асосгузори он ?амдон ибни Ашъас ?ад ва пой?ои к?то? дошт. Аммо мухолифати р??ониён ва сарлашкарони сомон? бо кармати?о дар он буд, ки кармати?о хавфи таназзули давлати сомон? ва ?у?уми бодиянишин?оро пай бурда, мехостанд, ки р??и нажодиро дар байни хал? пур?увват намоянд. Он?о аз сарлашкарони туркнажоди мамлакати худ низ бим доштанд. ?амаи инро ба ?исоб гирифта, а?ли хирад тадбир ме?уст. Таълимоти ?армат?, ки бузургии нажоди эрониро нисбат ба арабу турк табли? мекард, чун мафкура такяго?и хубе буд. Равшанфикрони он замон инро фа?мида, ба он пайрав? мекарданд. Аммо р??ониёни ислом ва дарбориёни ирти?о? нуфузи р?зафзуни ин мафкура ва бар зарари худ будани онро дарк намуда, ?ама мухолифони худро ?армат? меномиданд, он?оро ба бедин?, бадмаз?аб? айбдор мекарданд. Лашкариён бошанд, он?оро мек?фтанду ?орат мекарданд. Аз ?умла соли 938 Абулфазли Балъам? бо хамин «гуно?» аз вазир? фуроварда шуд. Балъам? дар мо?и ноябри соли 940 вафот кард. Ин во?еа ба та?дири Р?дак?, ки аз наздикони Балъам? буд, бетаъсир намонд.
Р?дак? аз фитна?о, бетартиби?о, амалиёти зиддихал?ии ?увва?ои ?удои??и марказгурез ва риво?и хурофоти маз?аб?, ки ?аёти шоирро талх карда, ба кори э?одии ? халал мерасонданд, ба танг омада, дар сафи одамони пеш?адам, ватанд?ст ва хал?парвар меистад. Вай ?атто аз он пушаймон мешавад, ки дар дарбор хизмат кардааст:
Басе нишастам ман бо акобиру аъён. Биозмудамашон ошкору пин?он?. Нахостам зи таманно магар, ки дастур?, Наёфтам зи ато?о магар пушаймон?.
?укуматдорон ин рафтори бебоконаи шоирро бардошта натавонистанд. Он?о молу мулки Р?дакиро мусодира карда, ба чашми ? мил кашида, к?р карданд. Мил кашидан аз ?абе?тарин ?азо?ои ?окимони феодал? буд, ки бо л?лачаи оханини тасфон гав?араки чашми одамонеро, ки аз ?и?ати мафкурав? хавфноктарин шумурда мешуданд, до? мекарданд.
Р?дакии пири нотавон, озорёфта ва ?азогирифта ба де?аи худ баргашт. ?амдиёрон ?ро дар о??ши навозиш ва ?амхор? гирифтанд.
Баъди бозгашт ба зодгох Р?дак? зиндагии пур??шу хур?ш ва осудаи худро ба ёд оварда,муло?иза меронд, ки чаро ?ро аз майдони мубориза берун карданд? Бале, гуно?е надошт. Шоири ран?ур навишта буд:
Басо, ки маст дар ин хона будаму шодон, Чунон ки ?о?и ман афзун буд аз амиру мулук. Кунун ?амонаму хона ?амону ша?р ?амон, Маро наг?й, ки аз ч? шудаст шод? сук?
Баъди се соли ба зодго?и худ баргаштан, яъне соли 941 Р?дак? аз олам гузашт. ?асади ?ро дар са?ни б?стони Пан?р?д ба хок супурданд. Оромго?и ? то имр?з зиёратго?и мухлисони назми пок ва сухани ол? мебошад.
Шикоят аз пир?
Маро бисуду фуру рехт ?арч? дандон буд,
Набуд дандон лобал чаро?и тобон буд,
Сапеду симрада буду дурру мар?он буд,
Ситораи са?ар? буду ?атраборон буд.
Яке намонд кунун зон ?ама, бисуду бирехт,
Ч? на?с буд! ?амоно ки на?си кайвон буд.
На на?си кайвон буду на р?згори дароз,
Ч? буд? Манат биг?ям: ?азои Яздон буд.
?а?он ?амеша чунин аст, гирди гардон аст,
?амеша то буд оини гард, гардон буд.
?амон ки дармон бошад, ба ?ойи дард шав,
Ва боз дард, ?амон кози нахуст дармон буд.
К??ан кунад ба замоне ?амон ку?о нав буд,
Ва нав кунад ба замоне ?амон ки хал?он буд.
Басо шикаста биёбон, ки бо?и хуррам буд.
Ва бо?и хуррам гашт он ку?о биёбон буд.
?аме ч? дон?? Эй мо?руйи мишкин м?й,
Ки ?оли банда аз ин пеш бар ч? сомон буд?!
Ба зулфи чавгони нозаш ?аме куни ту баду,
Надиди онга? ?ро ки зулф чавгон буд.
Шуд он замона ки р?яш ба сони дебо буд,
Шуд он замона ки м?яш ба со?и ?атрон буд.
Чунон ки хубии ме?мону д?ст буд азиз,
Бишуд ки боз наймад, азиз ме?мон буд.
Басо нигор, ки ?айрон буди баду дар, чашм,
Ба р?и ? дар, чашмам ?амеша ?айрон буд.
Шуд он замона, ки ? шод буду хуррам буд,
Нишоти ? ба фузун буду ?ам ба ну?сон буд.
?аме хариду ?аме сахт, бешумор дирам,
Ба шар? ?арга? яке турки нор пистон буд.
Басо канизаки неку, ки майл дошт баду,
Ба шаб зи ёрии ? назди ?умла пин?он буд.
Ба р?з чунки наёраст шуд ба дидани ?,
На?иби хо?аи ? буду ним зиндон буд.
Набизи равшану дидори хубу руй латиф,
Агар гарон? буд, зи ман ?амеша арзон буд.
Дилам хазонаи пурган? буду ган?и сухан,
Нишони номаи мо ме?ру шеъри унвон буд.
?амеша шоду надонистаме ки, ?ам ч? бувад?
Дилам нишоту тарабро фарохи майдон буд.
Басо дило, ки ба сони ?арир карда ба шеър,
Аз он сипас ки ба кирдори сангу сандон буд.
?амеша чашмам зи зулфакони чобук буд,
?амеша гушам зи мардуми сухандон буд.
Аёл на, зану фарзанд на, маунат на,
Аз ин ?ама танам осуда буду осон буд.
Ту Р?дакиро эй мо?руй! Кунун бин?,
Бадон замона надиди ки ин чунинон буд.
Бадон замона надиди ки дар ?а?он рафт?,
Сурудгуён, гуиё ?азордастон буд.
Шуд он замона ки ? унси родмардон буд,
Шуд он замона ки ? пешкори мирон буд.
?амеша шеър варо зи мулуки девон аст,
?амеша шеър варо зи мулуки девон буд.
Шуд он замона ки шеъраш ?ама ?а?он бинавишт,
Шуд он замона ки ? шоири Хуросон буд.
Ку?о ба гет? будаст номвар де??он,
Маро ба хонаи ? сим буду ?амлон буд.
Киро бузургиву неъмат зи ину он буд?,
Маро бузургиву неъмат зи Оли Сомон буд.
Бидод мири хуросонаш чил ?азор дирам,
Вазу фузуни як пан? мири мокон буд.
Зи авлиёш пароканда низ ?ашт ?азор,
Ба ман расид, бадон ва?т, ?оли хуби он буд.
Чу мир дид сухан, дод додмарди хеш,
Зи авлиёш чунон каз амири фармон буд.
Кунун замона дигар гашту ман ?ам дигар гаштам,
Асо биёр, ки ва?ти асову анбон буд
Просмотр: 2822
Музыка способна оказывать известное воздействие на этическую сторону души; и раз музыка обладает такими свойствами, то, очевидно, она должна быть включена в число предметов воспитания молодежи.
© 2020 DURAHSHON.TJ. All rights reserved