Дата: 2016-12-01
Амир Хусрави Де?лав?, ки аз номовартарин ва пурма?султарин суханварони адабиёти форсист, дар густариши адабиёти форси ?инд ва реша па?н кардани унсур?ои асосии он бештар аз ?ама хизмат кардааст.
Агар тахсини шеъри хештан бар дасти хеш асти, ?ама кас хештанро Р?дакию Унсури хонад. Вале ?аввоз аз дарё гу?ар берун кашад, аммо, Чу ва?ти ?имат ояд, ?имати он гав?ари донад.
?аёти шоир. Номи аслии шоир Яминиддин, ла?абаш Абул?асан буда, Хусрав тахаллуси адабии ? мебошад. Гузаштагони Хусрав дар Мовароунна?р зиндаг? кардаанд. Падари Хусрав дар ?ангоми истилои мугул ватани худ-ша?ри Кешро тарк намуда, ба ?индустон ?и?рат мекунад. Шоир дар асар?ои худ дар кадом сол таваллуд шудани худро кайд намекунад, аммо дар кадом сол чандсола будани худро равшан зикр кардааст. Чунончи, дар «Киронуссаъдайн» менависад:
Он ч? ба таърих зи ?и?рат гузашт, Буд сана шашсаду ?аштоду ?ашт. Соли ману р?з агар баррас?, Рост биг?ям, ки шаш буду с?.
Дар ?ои дигар:
Кунун, ки шашсаду ?аштоду чор шуд таърих, Маро ба сию се омад навиди сию ча?ор.
Агар аз р?и нишондоди порчаи болои соли 652 хи?ри таваллуд шудани Хусрав маълум шавад, аз далели дигар дар соли 651 таваллуд ёфтани шоир таъин мегардад. Аз ин р?, ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки Хусрав дар охири соли 651 хи?р?, яъне 1253 мелод? дар ша?рчаи Патёли наздикии Де?ли таваллуд ёфта будааст. Азбаски шоир бисёрии умри худро дар шахри Де?ли гузаронида, дар он ?о вафот ёфтааст ва мадфани ? низ дар он ?ост, нисбати Дехлави мегирад.
Дар соли 1261, ки Хусрав ?аштсола буд, падари ? дар ?анги зидди ?у?уми му?ул кушта мешавад. Бобои модарии Хусрав Имодулмулк к?даки ?аштсоларо дар тахти назорати худ мегирад ва барои аз худ намудани илму дониш ба ? к?мак мерасонад.
Дар байни сол?ои 1276-1278 Хусрави Де?лав? ба дарбор кашида мешавад ва пас аз ин зиндагии дарбории шоир сар мешавад. Соли 1279 дар дарбори Ту?рал, ки хокими Бангола буд, хизмат карда, баъд аз ин шоирро писари калонии ?иёсуддин Балбан султон Му?аммадхон, ки ?окими Мултон буд, ба дарбори худ талабид. Дар он ?о Хусрав дар муддати пан? сол хизмат мекунад. Баъди вафоти ?иёсиддин Балбан (1287) Муиззиддин Кайкубод ба тахти салтанат баромада, Хусравро ба дарбори худ даъват мекунад, вале азбаски тамоми кору бори салтанат ба дасти яке аз дарбориёни бонуфуз Низомиддин буд ва ин шахс бо Хусрави Дехлав? дар муносибати хуб набуд, шоир таклифи ба дарбори Муизиддин рафтанро ?абул намекунад. Дар соли 1299 дар ?аёти шоир бадбахтие р?й меди?ад. Модар ва бародари хурди шоир дар байни як ?афта вафот мекунанд. Хусрав дар достони «Ма?нун ва Лайли» аз ин ?одиса бо с?зу гудоз на?л намудааст:
К-имсол ду нур зи ахтарам рафт, ?ам модару ?ам бародарам рафт. Як ?афта зи бахти тофтаи ман Гум шуд ду ма?и ду ?афтаи ман
Хусрав со?иби фарзандони зиёд буд, аз р?и гуфта?ои худи ? маълум мешавад, ки вай як духтар (Афифа ё худ Мастура ва пан? писар (Масъуд, Хизр, Рукниддин, Айниддин, Малик А?мад ва Му?аммад) доштааст, ки аз байни онхо Малик А?мад дар замони худ ?амчун шахси бофазлу адаб ном бароварда буд. Хусрав 18-уми шавволи 725 ?и?ри (27 сентябри соли 1325) вафот мекунад ва ?ро дар назди ?абри Низомиддин ба хок месупоранд.
Мероси адабии Хусрави Де?лав?. Хусрав яке аз пурма?султарин шоиронест, ки ?увваи э?одии худро кариб дар ?амаи намуд?ои шеърии замони худ сан?ида, чи дар назм ва чи дар наср асар?ои зиёде навиштааст.
?исми асосии мероси адабии Хусрав ба забони форсист. Инчунин ба забон?ои урду ва ?инди низ асар навишта будааст.
Девонхои Хусрав. Дар сол?ои аввали э?одиёти худ Хусрави Дехлав?, асосан ?азалу ?асида менавишт ва тахаллуси аввалаи ? Султони буд ва бо ин тахаллус дар девони якуми ? бисёр ?азал?оро дидан мумкин аст. Тахаллуси дуюм ва асосии шоир Хусрав аст.
Ба навиштани достон шоир аз синни 36-солаги шур?ъ менамояд. Ашъори лирикии шоир дар пан? девон гирд оварда шудааст. Ин пан? девон дар давра?ои гуногуни ?аёти шоир тартиб дода шудаанд ва Хусрав мувофи?и давра?ои синну соли худ ба ?ар кадоми он?о номи махсусе додааст.
1. «Тухфатуссигар» (Т??фаи ?авон?) — девони аввалини шоир мебошад, ки ашъори ?ро то синни нузда?солаг? дар бар мегирад. Дар дебоча Хусрави Де?лав? дар бораи дар айёми хурдсоли ба шеърнавис? шу?л варзидани худ, оид ба тахаллуси аввалааш Султони, инчунин доир ба масъалаи имти?он шудани ? дар со?аи назм ва амсоли ин?о сухан меронад.
2. «Васатул?аёт» (Миёнаи ?аёт). Ин девон ашъори то синни 34-солагии шоирро дар бар мегирад. Марсия?ои дар ?а??и султон Му?аммад Коон маш?ур ба Хони ша?ид навиштаи Хусрав дар он дохил шудаанд.
3. «?урратулкамол». Ин девон ашъори айёми камолот, яъне давраи 34-40 солагии шоирро дар бар мегирад. Девон дебочаи муфассале дорад, ки дар он шоир аз бисёр масъала?ои му?ими адабиёт, инчунин аз тар?имаи ?оли худ сухан меронад.
4. «Ба?иятулна?ия». дар соли 1318 (ё ки соли 1316) мураттаб шудааст. ?асидаву тар?еъбанд ва таркиббанд?ои ин девон ба таърифи Низомиддин Авлиё, султон Алоуддин ва писарони ? Муборакшо? ва Хизрхон ва чанде аз дарбориени бонуфуз бахшида шудаанд. Дар ин девон мисли девон?ои дигари муаллиф ?азалиёт, ?итъаот ва рубоиёт низ дохил гардидаанд.
5. «Ни?оятулкамол». Девони пан?умин ва охирини Хусрави Де?лав? мебошад. Дар ин девон марсияи ?иёсуддин Туглук (с.в.1325) ва ?асида?о дар васфи писари ?иёсуддин султон Му?аммад Ту?лук (1325-1351) низ дар? шудаанд. Аз ин р?, метавон гуфт, ки «Ни?оятулкамол» чанд мо? пеш аз вафоти Хусрав ?амъовари гардидааст. Дебочаи девон дар ?амди Худову наъти пай?амбар ва тавсифи Низомиддин Авлиё мебошад. Девон ?асоиду тар?еъбанд, маснави?ои ?а?ман хурд, ?азалиёт, ?итъаву рубоиётро дар бар мегирад.
Ба ?алами шоир зиёда аз 300 ?асида тааллу? дорад, ки да?яки он?о ?асида?ои фалсаф? мебошанд. Дар ин гуна ?асида?о бисёр фикр?ои и?тимо? ва тарбияви-ахло?ии замони шоир акс гардидаанд. Ба як ?атор ?асида?ои шоир (ба мисли «Дарёи аброр» ва ?айра?о) бисёр намояндагони адабиёти минбаъда, аз ?умла Абдура?мони ?ом? ва Алишер Наво? назира навиштаанд.
Маснавиёти Амир Хусрав. Аз соли 1289 сар карда, Хусрави Де?лав? дар баробари жанр?ои лирик? ба э?од намудани асар?ои эпик? низ шур?ъ менамояд. Дар жанри достон Амир Хусрав худро шогирди Низомии Ган?ав? мешуморад ва онро дар чанд ?ои осори худ таъкид менамояд.
Аввалин достони худ – «?иронуссаъдайн»-ро соли 1289 навиштааст ва дар соли 1291 достони дуюми худ «Мифто?улфуту?»-ро э?од менамояд.
Дар байни сол?ои 1299-1302 Хусрави Де?лав? ба «Хамса»-и Низомии Ган?ав? ?авоб менависад. «Хамса»-и Амир Хусрав аз ин достон?о фаро?ам омадааст: «Матлауланвор», «Ширин ва Хусрав», «Ма?нун ва Лайли», «?афт би?ишт», «Оинаи Сикандар?». Баъди достони «Хамса» Хусрав боз се достони дигар – «Дувалрони ва Хизрхон» (соли 1316), «Нух Сипехр» (соли 1318) ва «Туглукнома» (та?рибан соли 1324) – ро таълиф менамояд. ?айр аз ин достон шоир боз чанд достони дигари ?а?ман хурд низ навиштааст. Аз ?умла, достони «Асбнома» — ро шоир ба ?окими Авад Али Сарчондор маш?ур ба ?отамхон бахшидааст.
Мавз?и панду ахло?, ки маъмултарин мавз?и адабиёти ?а?оншумули форси ма?суб мегардад, дар ашъори Амир Хусрав ма?оми баландро дорост. Шоир тавассути ашъори пандомез бе?тарин хислат?ои инсониро ситоиш мекунад ва барои тарбияи насли наврас дар таргиби нак?кор?, ме?натд?ст?, ростиву растагори барин хислат?ои ?амидаи инсон? са?м мегузорад:
Чу напсанди ?уборе бар дили хеш, Хазон дар гулистони кас меяндеш, Чу поят гирад аз барги гул озор, Ба рах мапсанд дар пои касон хор. (Аз «Дувалрони ва Хизрхон»)
Касеро то?и сар бар зар ди?ад зеб, Ки н-ояд бар заиф аз тахташ осеб. (Аз «Дувалрони ва Хизрхон»).
Озори касе талаб ?амеша, К-озурдани хал? кард пеша. (Аз «Ма?нун ва Лайл?»).
Касе, к-аз ран?и мардум гум набошад, Ба назди мардумон мардум набошад. (Аз «Ширин ва Хусрав»).
?авонмарди ба даст ом?з худро, Ки назди ?амгинон ми?дор ёб?. Ба дасти дод бояд шуд ?авонмард, ?авонмарди забон бисёр ёб?. (Аз девони «Бакияи накия»).
Як ?атор сухан?ои ибратбахши Хурави Де?лав?, ки он?оро шоир дар нати?аи та?рибаи бои зиндаг? гуфтааст, мисли ма?олу зарбулмасал?ои хал?и садо меди?ад:
?ар ч? ки бар хеш надори раво, Бар дигаре низ набошад даво.
Нохун, ки харош чун хасон кард, Бо ? он кун, ки бо касон кард.
Он, ки надорад сифати мардуми, Нест бари одамиён одаме.
Чунон кун зиндагони дар замона, Ки аз вай зинда мони ?овидона.
Ба осоиш басе бошанд ёрон, Ба ?ам кун озмуни дустдорон.
?арчи ба ?ангом наг?яд касе, Хомуши аз гуфт нак?тар басе.
Як шох, ки мевае ди?ад тар, Бе?тар зи ?азор бо?и бебар.
Амир Хусрав Дар э?оди ?азал ба Саъдии Шерози пайрави кардааст ва аз се?ри сухани ин ?азалсарои бузург таъсир бардоштааст. Чуноне ки худи ? мег?яд:
Хисрави сармаст андар со?ари маън? бирехт Шира аз хумхонаи масте, ки дар Шероз буд.
Шумораи ?азалиёти Амир Хусрав бештар аз 37 ?азор байтанд ва дар равониву шевои дилпазиру дилнишинанд. Намунаи ?азалиёти шоир манзур мегардад:
Эй че?раи зебои ту рашки бутони озар?, ?арчанд васфат мекунам, дар хусн аз он болотари. ?аргиз наёяд дар назар на?ше зи р?ят хубтар, Шамси надонам ё ?амар, хури надонам ёпари? Офокро гардидаам, ме?ри бутон варзидаам, Бисёр хубон дидаам, аммо ту чизи дигари. Олам ?ама я?мои ту, халке ?ама шайдои ту, Он наргиси ша?лои ту оварда расми кофар?. Эй ро?ату ороми ?он, бо ?адди чун сарви равон, З-ин сон марав доманкашон, к-ороми ?онам мебар?. Азми тамошо карда?, о?анги са?ро карда?, ?ону дили мо бурда?, ин аст расми дилбар?? Хусрав ?ариб асту гадо, афтода дар мулки шумо, Бошад, ки аз ба?ри Худо с?и ?арибон бингар?.
Диле дорам, ки ?уз ?онон нахо?ад, ?амин маъшу?а хо?ад, ?он нахо?ад. Агар ?он хо?ад аз вай хубр?е, Равоне бид?аду фармон нахо?ад. Гузар дар к?и мо он д?захирост, Ки ?он дар равзаи ризвон нахо?ад. Сари ман з-ин пасу шамшери хубон, Касе то хуни ман з-эшон нахо?ад. Нигоро, розиям бар хар чи дор?, Ки дардатро кассе дармон нахо?ад. ?ам омад дар дили тангам надонист, Ки дар танги кассе ме?мон нахо?ад. Биран?ам, гар ту Хусравро нахо??, Ту хо??, лек ин фармон нахо?ад.
Просмотр: 5836
Музыка способна оказывать известное воздействие на этическую сторону души; и раз музыка обладает такими свойствами, то, очевидно, она должна быть включена в число предметов воспитания молодежи.
© 2020 DURAHSHON.TJ. All rights reserved