|

Фаъолияти сармоягузории ширкати суғурта

Тартибдиханда: admin

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2016-05-30

Ширкатҳои суғурта дар ихтиёри худ маблағҳои зиёде доранд. Ин нати ҷаи он аст, ки дар байни пардохти ҳаққи суғурта ва пардохт аз рўи даъвоҳо фосилаи вақт ба миён меояд. Ҳаққи суғурта мумкин аст дар моҳи январ супорида шавад, аммо даъвоҳо, агар умуман ворид шаванд ҳам, метавонанд то декабр ворид нашаванд,. Суғуртакунанда ин маблағҳоро дар ин мўҳлат метавонад сармоягузорӣ кунад. Дар ҳақиқат, ширкати суғуртавӣ дар ихтиёри худ ҳаққи суғуртаи ҳамаи суғурташудагонро, ки дар давраи тўлонӣ  ҷамъ кардааст, дорад. Ин маблағҳо «маблағҳои муваққатан озод» номида мешаванд. Дар Қонуни  Ҷумҳурии То ҷикистон «Дар бораи суғурта» (моддаи 23) тартиби сармоягузорӣ намудани ин маблағҳо ифода карда шудааст.
Фоида аз он вобаста аст, ки пул ба ку ҷо сармоягузорӣ шудааст. Ширкатҳои суғурта шаклҳои гуногуни сармоягузориро истифода мебаранд.
Дар шароити рақобати шадиди байни ширкатҳои суғурта дивидентҳои аз фаъолияти сармоягузорӣ бадастомада метавонанд ҳа ҷми ҳаққи суғуртаро (тарифҳоро) ба андозае арзон карда, хизмати суғуртавиро ба табақаи васеи аҳолӣ ва шахсони ҳуқуқӣ дастрас гардонанд.
Ба ғайр аз ин, соҳаи суғурта самтҳои васеи сармоягузориро фаро гирифта, ба рушти иқтисодиёти мамлакати худ, саноат ва савдо ёрӣ мерасонад. Ширкатҳои суғурта қарзҳоро дар шаклҳои гуногун пешниҳод карда, саҳмияҳоро дар бозори кушод озод харида, як қисми, ба истилоҳ, сармоягузори дохилиро ташкил медиҳанд. Маблағ инчунин ба амвол гузошта мешавад: дар мамлакатҳои мутараққӣ гоҳо дар эълонтахтаҳои назди биноҳои нави сохташаванда хондан мумкин аст, ки лоиҳаи мазкур аз  ҷониби ширкати суғурта таъмин карда мешавад.
Бояд қайд кард, ки ин маблағҳо дар нати ҷаи пардохти ҳаққи суғуртаи ҳазорон одамони гуногун ва корхонаҳо, ташкилотҳо  ҷамъ мешаванд. Ба маъние, мав ҷудияти бозори суғурта ба пайдоиши амонатҳои ма ҷбурӣ мусоидат мекунад. Одаме, ки хонаи худро суғурта мекунад, шояд маблағи кофии озод надорад, то ки саҳмияҳо, моликият харад ё пулро ба қарз диҳад. Аммо вақте, ки ҳаққи суғуртаи ў ба ҳаққи суғуртаи якчанд ҳазор одамони дигар илова мешавад, маблағи зиёд  ҷамъ мешавад, ки онро барои маблағгузорӣ истифода бурдан мумкин аст.
Ҳаққи суғурта, ки суғурташавандагон месупоранд, фондро зиёд мекунад. Харо ҷоти соҳибкорӣ ва ё худ «пеш бурдани кор», пардохтҳо оид ба даъвоҳо ва андозҳо ҳа ҷми фондро кам мекунанд. Барои он, ки фонд дар муддати тўлонӣ бомуваффақият фаъолият намояд, онро сол аз сол пурзўр гардонидан лозим аст. Гарчанде чунин фарзия имкон дорад, ки суғуртакунандагон маблағҳои муваққатан озодро дар депозити бонк (аз он фоиз гирифта) нигоҳ медоранд, маълум аст, ки онҳо даромади калон гирифта метавонанд, агар маблағи фондро ба дороиҳои (активҳои) гуногун гузоранд, ба он  ҷое, ки бонк метавонад маблағи ба депозит супоридаро гузорад. Бонк фоизро ба амонатгузор пардохта метавонад, фақат агар худаш ба он касе қарз диҳад, ки вай ба бонк маблағи барои пардохти фоизи соҳиби пул ва пўшонидани харо ҷоти бонк кифояро диҳад. Суғуртакунандагон низ метавонанд бевосита маблағро ба қарз диҳанд. Азбаски суғуртакунандагон бонк нестанд, одатан ин корро тавассути хариди саҳмияҳо ан ҷом медиҳанд.
Тарзи дигаре, ки суғуртакунандагон маблағи фондро сармоягузорӣ менамоянд ва барои он масъуланд, масалан, сохтмони объектҳо барои ба и ҷора супоридан (ё барои фурўш), инчунин истифодаи воситаҳои гуногуни молиявӣ мебошад.
Барои устувории гузаронидани амалиётҳои суғуртавӣ ширкатҳои суғуртавии аз нав таъсисёфта дар як вақт суғуртаи умумӣ ва суғуртаи ҳаётро намегузаронанд. Ширкатҳои серсоҳаи мав ҷуда ин ду намуди фаъолиятро дар алоҳидагӣ ан ҷом медиҳанд. Чунин амал дуруст аст, зеро моҳиятан табиати ин фондҳои суғуртавӣ ба куллӣ фарқ мекунад. Маблағи суғуртаи ҳаёт ба вақти тўлонӣ  ҷамъ мешавад: агар суғуртакунандагон фондро мунтазам ва дуруст идора кунанд, ҳар сол танҳо ҳиссаи хурди фонд барои пардохтҳо сарф мешавад.
Ҳамин тариқ, идораи фонди суғуртаи ҳаёт хусусияти дарозмўҳлат дорад, аз ин рў, маблағи онро, масалан, барои саҳмияҳо, амволи ғайриманқул ё дигар соҳаҳо сармоягузорӣ кардан мумкин аст, ки дар ояндаи наздик самараи калон намебахшад (аммо афзоиши сармоя ва фоидаи хубро дар давоми пан ҷ-бист сол таъмин мекунад). Агар чунин маблағгузорӣ ба воситаи сармоягузории бозоргир мутавозин гардонда шуда бошад, феҳристи умумии маблағгузорӣ (портфел) сиёсати маблағгузории суғуртакунандаро оид ба суғуртаи ҳаёт беҳтар менамояд. Ба суғуртакунандагон пул барои ҳисоб дар бонк ё дороиҳои (активҳои) бозоргир лозим аст, ки барои пардохти таъ ҷилии даъвоҳо кифоя бошад, захираҳои боқимондаро онҳо бо ихтиёри худ истифода бурда метавонанд.
Чорабиноҳои дар боло зикрёфта оид ба сармоягузории маблағҳои муваққатан озоди суғуртакунандагон дар мамлакатҳои иқтисодиёти мутараққӣ татбиқ карда мешаванд.
Дар вақти ҳозира, яъне дар шароити гузариш ба муносибатҳои бозоргонӣ, дар қонунгузории суғуртавии мамлакатҳои ИДМ, аз  ҷумла дар  Ҷумҳурии То ҷикистон,  ҷойгиркунии захираҳои суғуртавӣ бояд аз  ҷониби суғуртакунандагон бо шартҳои эътимоднокӣ, баргардондагӣ, фоиданокӣ, бозоргирӣ ва диверсификатсионӣ ба амал бароварда шавад, гарчанде, ки принсипҳои мазкур дар та ҷрибаи  ҷаҳонӣ аз тарафи умум эътироф шудаанд.
Инкишофи бозори суғуртавӣ ва афзоиши муомилоти ширкатҳои суғуртаи  ҷумҳурӣ шавқи чунин муассисаҳои молиявӣ, ба монанди бонкҳо, фондҳои нафақа ва дигар фондҳоро ногузир баланд менамоянд. Масалан, дар ИМА бинобар баланд будани обрўи ширкатҳои суғурта, ба онҳо идоракунии маблағҳои бисёрмиллиардаи фондҳои гуногуни нафақа дода шудаанд. Дар ин маврид ба вазифаи ширкатҳои суғурта на фақат маҳфуздории ин маблағҳо, инчунин бо роҳи сиёсати самарабахши маблағгузорӣ афзун гардонидани маблағҳои боварикардашуда низ дохил мешавад. Барои идоракунии ин маблағҳо ширкатҳои суғуртавӣ ҳаққи комиссионӣ меситонанд. Ҳатто меъёри муътадил – 01 фоизи маблағи барои идоракунӣ қабулшуда, даромади зиёд меорад.
Бояд қайд кард, ки аз 10 ҳазор ширкатҳои суғурта дар ШМА ягонтои онҳо давлатӣ намебошанд. Захираҳои калони маблағгузорӣ ширкатҳои суғуртаро ба яке аз марказҳои бонуфузи назорати молиявӣ нисбат ба он ташкилотҳои саноатӣ ва дигар ташкилотҳое, ки иқтисодиёти мамлакатро ташкил медиҳанд, табдил додаанд. Манфиати асосӣ ин аст, ки худи давлат барои амалӣ гардонидани чунин назорат аз бу ҷети худ ягон маблағи чашмрасе сарф намекунад.
Бо мақсади таъмини қобилияти пардохтпазирии суғуртакунанда мўҳлати  ҷойгиркунии захираҳои суғуртавӣ ба мўҳлати ўҳдадории суғуртакунанда оид ба шартномаи суғурта бояд наздик карда шавад.
Онҳоро аз нуқтаи назари саҳмашон дар таъмини устувории молиявии суғуртакунандагон дар пайдарҳамӣ баррасӣ менамоем.
Эътимоднокӣ ва баргардандагӣ чунин маънӣ дорад, ки маблағгузорӣ ба ширкатҳои ба таври эътимоднок идорашаванда ё ба коркардҳо сурат мегирад, ки он бо эҳтимолияти зиёд бомуваффақият ан ҷом хоҳад ёфт. Суғуртакунандагон вақте аз ҳад зиёд бемасъулиятона муносибат мекунанд, ки агар онҳо ба корхонаҳои ҳаннот ё хафнок маблағгузорӣ намоянд, ҳатто агар онҳо фоидаи калонро ваъда диҳанд (дар мавриди мав ҷуд будани хатар, ки ин маблағгузориҳо дар нати ҷаи тағйир ёфтани вазъи иқтисодӣ, омилҳои и ҷтимоӣ ё сиёсӣ барабас мераванд).
Принсипи мазкур  ҷойгиркунии боэътимоди активҳоро, ки он дар ҳа ҷми пурра баргаштани онҳоро таъмин менамояд, дар назар дорад.
Фоиданикӣ барои он зарур аст, ки пардохти  ҷории маблағро ба фонди суғуртавӣ таъмин намояд. Баъзан ба суғуртакунандагон даромади хеле зиёдро ваъда медиҳанд, аммо дар сурати маблағгузориҳои хатарнок, ки ширкати суғурта бояд аз ин худдорӣ намояд.
Азбаски суғуртакунандагон ҳамеша барои гирифтани даромади калон манфиатдор мебошанд, ҳамаи маблағгузориҳои дар назар дошташуда бояд аз  ҷиҳати эътимоднокӣ мавриди баррасӣ қарор гиранд. Хулоса, дар маблағгузории фондҳои суғуртаи ҳаёт омилҳои асосии зеринро номбар кардан мумкин аст:

  1. робитаҳо бояд дарозмўҳлат бошанд: хатогиҳо ба суғурташудагон зарар меоранд. Бинобар ин мадохилоти ҳаққи суғурта бояд устувор ва доимӣ бошад;
  2. харо ҷот ҳам нисбати ҳа ҷм ва ҳам нисбати дар вақташ тақсим кардани он асоснок ва бодиққат арзёбӣ карда шавад: он набояд хусусияти муро ҷиати ногаҳонӣ ба фондҳоро дошта бошад;
  3. эҳтимолияти хатари фалокатовар бояд калон набошад;
  4. ҳаққи суғурта фоидаро, ки дар давраи амали шартнома ба даст омадааст, ба ҳисоб мегирад. Фонди суғуртаи ҳаёт қобилияти пардохткуниро бо даромади маблағгузориҳо, ҳамчунин бо мадохилоти ҳаққи суғурта таъмин мекунад. Бинобар ин маблағи фурўш бояд ақаллан ба ҳаққи ҳангоми ҳисобу китоб пешбинишудаи суғурта баробар бошад;
  5. сиёсати маблағгузорӣ ба андозаи фаъолият оид ба андеррайтинг муҳим аст, захираҳои калони ширкатҳо оид ба суғуртаи ҳаёт, ки ба манфиати суғурташудагон идора карда мешаванд, аз ҳа ҷми захираҳои ширкатҳои суғуртаи умумӣ хеле зиёд аст;
  6. бо назардошти он, ки қарордодҳо хусусияти дарозмўҳлат доранд, ҳангоми ҳисоби пардохтҳои суғуртавӣ ба ҳисоб гирифтани таъсири равандҳои таваррум лозим меояд;
  7. шартномаҳои суғуртавии даромаднок бо хариди кафолатноки маблағ ва имконияти пардохт бо пули нақд муносибати то як андоза дигарро ба маблағгузориҳо, масалан, ба маблағгузориҳои серхаридор, тақозо менамоянд.
  8. ин хусусиятҳо баъзе оқибатҳоро дар соҳаи маблағгузорӣ муайян менамоянд;
  9. бинобар дарозмуддат будани шартномаҳои суғурта (давомнокиашон 5 сол ва зиёда аз ин), захираҳои суғуртавиро оиди суғуртаи ҳаёт одатан ба қоғазҳои қиматноки дарозмўҳлат мегузоранд;
  10. азбаски даромади ширкатҳо оид ба суғуртаи ҳаёт одатан аз харо ҷоташон зиёд аст ва ҳамаи  ҷубронҳои суғуртавӣ, харо ҷот ва ғайраҳоро аз ҳисоби даромад аз ҳаққи суғурта ва маблағгузориҳо пардохт кардан мумкин аст, ба қоғазҳои қиматноки кўтоҳмуддат гузоштани фондҳои суғуртаи ҳаёт ягон зарурат надорад;
  11. та ҷрибаи актуарҳо нишон медиҳад, ки сиёсати қобили қабул барои ширкатҳо оид ба суғуртаи ҳаёт - бо ҳам мувофиқа кардани мўҳлати итмоми амали масъулият аз рўи шартномаҳо бо мўҳлати тамомшавии амали муомилот дар бастаи (портфели) маблағгузорӣ мебошад;
  12. аз назария чунин бармеояд, ки ба иштибоҳ роҳ додан дар муомилоти дарозмўҳлат нисбат ба муомилоти кўтоҳмуддат сабуктар аст. Аксарияти маблағгузориҳои фондҳои суғуртаи ҳаёт ба мўҳлати миёна ва дароз ан ҷом дода мешаванд, маблағгузориҳои фондҳои нафақа бошад, ба мўҳлати дароз сурат мегирад.

 Серхаридии амонатҳо чунин маъноро дорад: сохтори умумии маблағгузорӣ тавре бояд бошад, ки ҳар вақт маблағҳои серхаридор ё маблағгузориҳои асосӣ мав ҷуд бошанд, ки бе душворӣ ба мабалағҳои серхаридор баргардонида шаванд, ба ибораи дигар, ширкати суғурта ҳар лаҳза бояд маблағи нақд дошта бошад, то ки пардохти маблағи дар шартнома пешбинишударо ба суғурташудагон дар мўҳлати муқарраргардида таъмин намояд.
Диверсификатсияи амонатҳо ё «принсипи ивазкунӣ ва парокандакунӣ» - ин гуногунии гузоштани маблағ (маблағгузорӣ) бо мақсади ба ву ҷуд овардани пакети саҳмияҳои нисбат ба калавишҳои бозор устувор мебошад. Мувофиқи баҳои мутахассисони Ғарб бастаи (портфели) устувори саҳмияҳо аз қоғазҳои қиматноки камаш 12 ширкати гуногун ташкил меёбад, ки сеяки онҳо-калон, сеякашон-миёна ва сеякашон-ширкатҳои хурди зудинкишофёбанда мебошанд. Эътимоднокии портфел аз рўи  ҷамъбасти сол дар асоси «қоидаи даст» (пан ҷ ангушт) муайян карда мешавад: аз онҳо, аз пан ҷ саҳмияи чунин баста - яктоаш ба проблемаҳои ғайри чашмдошт дучор мегардад, сетои дигар - ба мақсадҳои гузошташуда то дара ҷае ва яктоаш - аз чашмдошт зиёдтар ноил мегарданд.
Ташкилоти сугурта наметавонад, ки яку якбора хамаи маблагхои худро сармоягузори кунад. Аз ин саба хачми маблагхои сармоягури карда мешудаги аз тарафи сохторхои давлати муайян карда мешаванд.

Дидан карданд: 1198

Мавзӯъҳои монанд:

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи дониш

Иди Фитрро дар Тоҷикистон 5 июн таҷлил мекунанд

Қарори Шӯрои уламо дар бораи оғози моҳи мубораки Рамазон

Тасдиқи халтачаҳои наврӯзӣ аз ҷониби Пешвои миллат

Ангораи «Наврӯз – 2019» тасдиқ шуд

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (26.12.2018)

Суханронӣ дар вохӯрӣ бо устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ва кормандони соҳаи тандурустӣ ба муносибати Рӯзи дониш ва оғози соли нави таҳсил

Тақвими моҳи шарифи Рамазон-2018 (Ҷумҳурии Тоҷикистон)

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22-12-2017

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 2016

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: