|

Тараққиёти касбу санъат ва сохаҳои мухими рўзгор

Тартибдиханда: admin

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2016-05-05

Садриддин Айнӣ дар пайравии маорифпарварон китоби дарсии «Таҳзиб-ус-сибён»-ро таълиф карда буд, ки он бештар ба масъалаҳои муҳими иҷтимоии ҷомеа бахшида шудааст.
Дар шаҳрҳои Буҳоро, Самарқанд, Хуҷанд, Истаравшан, Қуқанд, Ҳисор, Кўлоб ва дигар шаҳрҳо соҳаҳои гуногуни ҳунармандӣ мавҷуд буд, ки фаъолияти ҳунармандони дар рисолаҳои косибии худ нафишта мешуд. Дар тўли чанд вақт аҳли ҳар як ҳунар ҷамъ шуда, он рисолаҳоро мутолиа мекарданд ва ба шогирдоне, ки ин ва ё он ҳунарро пурра омўхтаанд, маросими камарбандро гузаронида, ба онҳо ҳуқуқи кушодани устоҳонаҳои шахсӣ медоданд. Ҳар як ҳунармандони халқӣ шаҳрҳо ва гузарҳои худро доштанд. Ҳунармандони машҳур дар Хуҷанд – Неъматшайхи Наҷҷор, Мулло Шайхи наққош, Мир Ҳайдари наққош, дар Истаравшан – Мир Арбоби наққош, Бобоҷони наққош, дар Исфара – Мошариф оқсаққол, дар Конибодом – Боирҷони Кушкакӣ, Муҳаммад Шукури Наҷҷор, дар Балҷувон – Сафари Чўбтарош, Усто Нур, Ҳакими заргар, дар Буҳоро – Мулло Муҳаммадшароф, Усто Баротбой, Усто Ҳакими Буҳороӣ, Усто Суфӣ, Усто Бегим, Абдураҳими Кўлобӣ, Маҳмудҳоҷаи Балҷувонӣ, Зокири Хатлонӣ, Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ, Ҳоҷи муҳҳамиди Кўлобӣ, Бисмили Ҳисорӣ, Саидвалии Ҳисорӣ, Карим Девона, Мавзуни Бадахшонӣ, Мусои Бадахшонӣ, Мулло Ёри Ванҷӣ ва даҳҳо дигарон буданд, к ибо ҳунари хеш машҳур шуда буданд.
Ҳар як касби пири худро дошт. Масалан: пири оҳангарон – Довуд, санъати тасвирӣ – Дониёр, дўзандагию рассомӣ – Бибӣ Зўҳро ва дигарон. Агар мардон маҳсули ҳунари худро дар меъморӣ, кулолгарӣ чўбтарошӣ, ороишӣ, кандакорӣ тасвир намоянд, духтарону занҳои тоҷик завқи бадеӣ, орзую умеди худро ба рўи матоъҳо, рўймолҳо, тоққиҳо, чодар, борпўшҳо, чойхалта, ҷияк, дастпонак, гилем ва ғайра мекашиданду медўхтанд.
Яке аз хусусиятҳои муҳимтарини фарҳанги ин давра дар он буд, ки олимону нависандагон ва шоирон, на танҳо дар шаҳрҳои марказӣ, балки дар аҳрҳои дигар, марказҳои адабиро ташкил карда, асарҳои худро офаридаанд.
Масалан бузургтарин пайрави сабки Бедил ин Нақибҳон Туғрали Аҳрори Валӣ мебошад, ки маҳсули маънавиёташ аз мухаммас, қасида, маснавӣ, достонҳои «Фироқнома» ва «Соқинома» боқӣ мондаанд.
Мавзўъҳои бенавоӣ, қшшоқӣ, зулм, истибдод, меҳру муҳаббат дар эҷодиёти даҳонии мардуми тоҷик бештар ба чашм мерасид. Масалан: достони «Гуруғлӣ»-и тоҷикӣ аз дигар мардум бо хусусиятҳои ватанпарварӣ, инсондўстӣ ва қаҳрамононаш фарқ мекунад.
Гарчанде ки дар сатҳи иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии халқи тоҷик дар асри 19 ибтидои асри 20 навовариҳои зиёде ва вуқўъ пайваста бошад ҳам, мардум анъана, урфу одат ва маросимҳои милли худро давом медоданд. Масалан: тўйҳои суннатӣ, иди рамазон, тўйи арўсӣ, иди қурбон, Наврўз сурудҳои гаҳворабандон, сурудҳои аллаи модарон, базми гул, суруди ёр-ёри арўсӣ, сурудҳои мавсимию маросимӣ ба монанди гулгардонӣ, наврўзӣ, сайри лола, сумалак, суруд-ҳои марсиявӣ, гиря, чўпонӣ, гандумдаравӣ, хирмакўбӣ, бофандагӣ, силсилаи суруду оҳангҳои класикии шашмақом, суруду оҳангҳои тоҷик аз мақомҳои Бузург, Рост, Наво, Дугоҳ, Сегоҳ, Ироқ ва ғайраҳо. Намояндагони соҳаи санъати мусиқӣ оид ба мақом бисёр рисолаҳои илмӣ навиштаанд. Яке аз он рисолаҳо «Рисолаи шашмақом»-и (1884) Мусохўҷаи Туркистонӣ буда, дар бораи таркиби сохти шашмақом маълумотҳои муфид додаст. Дар соҳаи санъати театрӣ бошад театри халқии Лўхтак, дорбозӣ, масхарабозӣ, ҳирсбозӣ, булбулбозӣ ва ғайра амал мекард.
Омўхтани ин ва ё он илм ба будану набудани мударрисҳо вобаста буд. Оид ба фаъолияти мударрисҳо, таълиму тарбия ва зисту зиндагонии онҳо дар асри 19 ибтидои асри 20 –и мардуми тоҷик устод Садриддин Айнӣ дар асарҳояш «Ғуломон», «Дохунда», «Мактаби кўҳна», «Одина» ва «Ёддоштҳо» ошкору ҳаққони ва суфассал баён намудааст. Дар он давра мадрасаҳо маркази тайёр кардани аҳли илму фарҳанг буд ва ин гунна даргоҳ барои мардуми тоҷик муқаддас дониста мешуд.
фархангшиноси


Дидан карданд: 1282

Мавзӯъҳои монанд:

ДОВТАЛАБ КАИ ВА ЧЙ ТАВР БОЯД АЗ ҚАЙД ГУЗАРАД?

ДӮЗАНДАГӢ (Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ)

АДРАСБОФӢ (Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ)

ЗАРДӮЗӢ (Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ)

КУЛОЛӢ (Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ)

ЛИБОСҲОИ МИЛЛИИ ТОҶИКӢ (Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ)

КАМАРБАНД (Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ)

ЮНЕСКО ва тамаддуни Осиёи Марказӣ

Алочабофӣ ва таърихи мухтасари он

“Боғкўчӣ”, яъне чӣ?

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: