|

Ташкилотҳои молиявии ғайрибонки ва вазифаи онҳо

Тартибдиханда: admin

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2016-04-22

Ташкилотҳои молиявии ғайрибанки – шахсони хуқуқианд, аммо бонк намебошанд ва дар асоси ичозатномаи (литсензияи) Бонки милли (маркази) хуқуқ доранд баъзе амалиёти бонкиро анчом дода, ба шахсони хуқуқи ва воқеи аз чихати молияви хизмат расонанд.
Ба ташкилотҳои молиявии ғайрибонки ташкилотҳои зеринро дохил кардан мумкин аст: ташкилотҳои суғурта, фонди нафақа, иттиҳодияҳои карзи ва ғайра.
Ташкилотҳои суғурта дар натичаи суғурта кардани амвол ва хаёти одамон инчунин амволи шахсони хуқуқи сармояи суғуртави ташкил медиханд. Аз хисоби ин сармоя, дар вақти руй додани ҳодисаҳои ғайричашмдошт ба шахсони воқеи ва хуқуқи пули суғурта пардохта мешавад. Дар ҳолатҳои озод мондани маблагҳои ин сармоя ташкилотҳои суғурта метавонанд ба шахсони воқеи ва хуқуқи карзҳои кутохмуддат диханд. Илова бар ин, ташкилотҳои суғурта метавонанд когазҳои киматнок нашр намуда, ба муштариёни худ фурушанд, ки ин низ манбаи афзоиши фонди пулии онҳо мебошад.
Фонди ичтимоии аҳоли аз хисоби маблаги субъектҳои ҳочагидори ташкил мегардад. Субъектҳои ҳочагидори хар мох дар вақти хисоб кардани музду маоши коргарон бимаи ичтимои хисоб карда як кисми онро ба ин фонд мегузаронанд ва аз ин фонд ба нафақахурон нафақа ва маблаги варакаҳои корношоями пардохта мешавад. Дар ин фонд доимо маблаги муайяни пули боки мемонад ва ташкилоти фонди нафақа метавонад кисми ин маблагҳоро барои додани карзҳои кутохмуддат истифода барад.
Дар баъзе мамлакатҳо иттиҳодияҳои карзи вучуд доранд, ки дар катори бонкҳо онҳо низ карз медиханд. Фаъолияти ин иттиҳодияҳо дар ИМА хеле ривоч ёфтааст.
Иттиҳодияҳои карзи асосан бо ташаббуси иттифоки касаба ё ки бо ташаббуси гурухи одамон ташкил карда мешаванд. Ин иттиҳодияҳо асосан карзро ба аъзои худ медиханд. Агар маблаги пулии онҳо кофи бошад, метавонанд ба дигар шахсони хуқуқи ва воқеи низ карз диханд.
Системаи бонкии хар мамлакат бояд тавре фаъолият намояд, ки болоравии сатхи истехсолот, даромади милли ва дарачаи баланди зиндагонии мардум таъмин карда шавад.
Хар мамлакат ба мавчудияти системаи бонкии босубот ва устурор эхтиёч дорад. Барои эхтиёчманд будани давлат ба мавчудияти системаи бонкии устувор чанд сабаб вучуд дорад.
Якум, барои рох надодан ба суст шудан ва ё вайрон гардидани системаи пардохтии мамлакат, зеро кисми зиёди пардохтҳои пули тавассути бонкҳо сурат мегиранд ва амалиёти пардохти тахти назорати онҳо амали мегардад. Вайроншавии системаи пардохт ба иктисодиёти мамлакат зарари калон мерасонад.
Дуюм, барои дар бонкҳо зиёд намудани пасандоз ва амонатҳо ва таъмини кафолати баргардонидани онҳо. Зеро афзоиши пасандозҳои аҳоли ва амонати субъектҳои ҳочагидори иктидори маблаггузории бонкҳоро зиёд мекунад ва боиси болоравии иктисодиёти мамлакат мегардад.
Сабаби сеюм аз он иборат аст, ки системаи бонкии устувор самаранокии маблаггузориҳоро дар мамлакат таъмин менамояд ва ба болоравии сатхи иктисодиёт мусоидат мекунад.
Дар охир, Хукумат метавонад, ки пасандозҳои нисбатан ками аҳолиро химоя намояд ва барои ин хачми хадди акалли сармояи хусусии бонкҳоро таъин менамояд.
Дар шароити ҳозира чанбаи (аспекти) фаъолияти босуботу устувори бонкҳои тиҷоратии чумхури дорои ахамияти ҳос аст.
Бонкҳо узви асосии иктисодиёт ва яке аз сохаи асосии он ба шумор мераванд. Ҳолати молиявии бонкҳо ва иктисодиёти мамлакат ду чизи бо хам алокаманд мебошанд. Аз ҳолати молиявии бонкҳо натанҳо пешравии худи онҳо, балки пешравии муносибатҳои чамъияти вобастагии зиёд дорад.
Маълум аст, ки тараккии системаи бонки ва самаранокии он боиси болоравии иктисоди мамлакат мегардад.
Муфлисшавии як бонки нисбатан бузург дар мамлакат натанҳо ба фаолияти системаи бонки, балки ба муносибатҳои берунаи мамлакат таъсири манфи мерасонад. Аз ин сабаб масъалаи устувори ва боэътибории бонкҳо дар маркази диккати идораҳои давлати ва чамъияти мебошад.

Дидан карданд: 2489

Мавзӯъҳои монанд:

Маркетинг дар низоми бонкӣ

Таърихи пайдоиши бонкҳо дар Тоҷикистон

Низоми бонкии Ҷумхурии Тоҷикистон дар замони ҳозира

Бонки миллии Тоҷикистон ва вазифаҳои он

Ташкилотҳои молиявии ғайрибонки ва вазифаи онҳо

Вазифаҳои асоси ва мақсади бонки тиҷорати

Муносибати бонки тиҷорати бо Бонки миллии Тоҷикистон

Захираҳои қарзи ва таснифи онҳо

Воситаҳои хусусии бонк

Воситаҳои пулии ҷалбшаванда

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: