Дата: 2016-04-22
Вазифа?ое, ки бонки ти?орати ичро менамояд, бо сатхи тараккиёти иктисодиёти мамлакат ва муносибат?ои бозори алокаманданд. Бинобар ин, вобаста ба сатхи муносибат?ои бозори, бонк метавонад дар назди худ вазифа?ои зиёдеро гузорад. Баъзе аз вазифа?ои асосии бонкро ба таври зерин шарх додан мумкин аст.
Яке аз вазифа?ои бонк миёнарави байни фурушандагон ва харидорон буда, вай дар додани карз низ накши миёнаравиро ичро менамояд. Миёнарави барои додани карз дар аз навтаксимсозии маблаг?ои пулии муваккатан озодмондаи кор?она?о ва а?оли ифода меёбад. Додани карз дар муздноки будани он, баргардонидан ва таъмини модди доштани он асос меёбад, вакте ки бонк ин вазифаи худро ичро менамояд, ба субъект?ои ?очагидорие, ки ба маблаг?ои пули зарурат пайдо мекунанд, талаботи он?оро конеъ мекунонад. Гирандаи карз бошад бо ин пул маводи заруриро харидори намуда, фаъолияти хешро идома медихад ва аз фуруши махсулот даромад гирифта, фоида ба даст меорад. Аз даромадаш маблаги карзи гирифтаашро бо фоизаш баргардонида фаъолияташро давом медихад.
Бонк бо ин амали худ боиси ривоч ёфтани иктисоди бозори мегардад. Бояд тазаккур дод, ки бонк дар вакти додани карз фаъолияти карзгирандаро хаматарафа меомузад ва хатари барнагаштани карзро пешгири менамояд.
Маблаг?ои пули дар чамъият метавонанд бе иштироки бонк?о низ чо ба чо гузошта шаванд, яъне кор?она?о байни худ додугирифт намоянд. Аммо дар ин ?олат хатари барнагаштани ин маблаг?ои пули зиёд мешавад, зеро имкон дорад кор?онаи карздиханда аз пардохтпазирии кор?онаи кдрзгиранда хабар надошта бошад. Агар маблаг?ои муваккатан озодмондаи як ё якчанд кор?она бо воситаи бонк ба карз дода шавад, бонк пеш аз хама фаъолияти молиявии кор?онаи карзгирандаро хаматарафа меомузад, баъд масъалаи додани карзро хал менамояд.
Вазифаи дигари бонки ти?орати - ин хавасмандгардонии субъекти ?очагидори ва а?оли барои дар бонк?о нигох доштани маблаг?ои пули башумор меравад. Дар шароити иктисоди бозори инкишоф додани соха?ои ?очагии халк, бояд пеш аз хама на аз хисоби маблаггузори?ои ?оричи, балки аз хисоби маблаг?ои дохили ба рох монда шавад. Бинобар ин, бонк?ои ти?оратиро на тан?о ба ифтитохи суратхисоб ва хисоб?ои чори ва дар он?о нигох доштани маблаг?ои муваккатан озодмонда, балки зиёд шудани муштариён хавасманд мегардонад. Ин чорабини дар натичаи дуруст ба рох мондани сиёсати амонатии бонки ти?орати татбик мегардад. Бонки ти?орати бояд дар сиёсати худ барои зиёдтар чалб намудани амонату пасандоз?о фоизи он?оро зиёд намояд. Дар шароити ?озира кор?она?о ва а?оли сатхи таваррумро мушохида намуда, рафти истифодаи маблаг?ои пулиашонро муайян месозанд. Аз ин ру агар фоизе, ки аз амонат?о ва пасандоз?о ба даст меоранд нисбат ба сатхи таваррум зиёд бошад, албатта пули худро дар бонк?о нигох медоранд.
Кобили тазаккур аст, ки зиёд кардани фоизи амонат?ою пасандоз?о ?оло гарави он шуда наметавонад, ки хачми амонат ва пасандоз?о зиёд шавад. Ба гайр аз фоиз боз бонк?о гарави дар вакташ баргардонидани амонат ва пасандоз?оро бояд дода тавонанд.
Дар шароити имруза ягона гарави баргардонидани амонат ва пасандоз?о дар ?олати бад шудани вазъи молиявии бонки ти?орати, ин захира?ои хатмии он?о дар Бонки миллии То?икистон ба хисоб меравад. Бонк?о бояд ташкилоти сугуртавии амонат ва пасандоз?оро ташкил кунанд. Мавчудияти ин гуна ташкилот дорандагони маблаг?ои пулиро бе шубха хавасманд менамояд, ки пул?ои муваккатан озоди худро дар бонк?о нигох доранд. Хамин тарик, бонк?о дар натичаи чалб намудани амонат ва пасандоз?о фонди инвеститсионии мамлакатро афзун гардонида имконияти инвеститсионии дохилиро барои рушди иктисодиёт ва истифодаи самараноки он таъмин менамоянд.
Вазифаи сеюми бонк?ои ти?орати – миёнарави байни субъект?ои чудогонаи ?очагидорист, ки дар шароити иктисоди бозори маънои навро ба худ мегирад. Дар даврае, ки моликияти чамъиятии инхисори (монополияи) давлати вучуд дошт тамоми хисоббаробари?о байни субъект?ои ?очагидори асосан тавассути бонки давлати сурат мегирифт ва хатари бонки аз ин амалиёт кариб вучуд надошт ва дар ?олати мавчудият хам бисёр ночиз буд. Зеро шакл?ои пардохт аз тарафи бонки давлати муайян карда мешуд ва истифодаи дурусти он?о барои хамаи субъект?ои ?очагидорию бонк?о хатми буданд. Акнун дар ?олате, ки бонк?о мустакил фаъолият мекунанд ва хисоббаробаркуни байни бонк?ои мустакил анчом дода мешавад, дар ин амалиёт хатари бонки ба миён меояд. Дар ин шароит чавобгарии бонк?ои ти?орати барои ичро намудани супориши муштариён хеле зиёд гардид.
Дар тамоми мамлакат?ое, киба иктисоди бозори гузаштаанд ва гузашта истодаанд, дар бехтар намудан ва ривоч ёфтани пардохт?ои пулии бе истифодаи пули накд байни субъект?ои ?очагидори, бонк?ои ти?орати накши мухимро мебозанд ва бонк?о ухдадоранд, самаранокии ин пардохт?оро таъмин намоянд.
Бонк?ои ти?оратие, ки барои фаъолияти бонки ичозатнома доранд, хукук доранд когаз?ои киматнок нашр кунанд ва фурушанд, когаз?ои киматноки дигаронро харидори намоянд ё барои нигохдори бигиранд ва гайра.
Бонк?ои ти?орати метавонанд ба муштариёни худ дар бораи барориши когаз?ои киматнок маслихат?ои музднок бидиханд ва аз номи муштариён ин когаз?ои киматнокро дар бозор фурушанд. Бонк?о метавонанд маблаг?ои худро низ барои харидани когаз?ои киматнок истифода намуда, даромад ба даст оваранд.
Омухтан ва арзёби намудани имконият?ои бонки шароит фарохам меорад, ки барои бехтар намудани фаъолияти бонки чора?ои зарури андешида шавад, яъне барномаи дурнамои бонк ва фаъолияти он дар шароити иктисоди бозори ва барномаи идорасозии он тартиб дода шавад.
Тахлили имконият?ои хизматрасонии бонки бояд аз нуктаи назари шароити дохилии бонк ва берунии он (мухити атроф) огоз ёбад. Шароити беруни хеле васеъ буда, бо самти сиёсати ?очагидории давлат, чора?ои танзими иктисодиёт, инчунин бо накшаи назоратии Бонки милли (маркази) вобастагии зиёд дорад.
Тахлили шароити дохилии бонк аз арзёбии фаъолияти молиявию иктисоди, тахлили фехристи хизматрасони, таъмин будан бо техникаи ?озиразамон, сатхи дониши кормандон ва дигар тараф?ои фаъолияти бонк огоз гардида, баъдан барномаи стратегии бонк тартиб дода мешавад.
Тахлили шароити берунии бонк аз омухтани талабот ба хизмати бонки огоз меёбад. Талабот-эхтиёчоти чамъиятро ба худ тачассум менамояд, ки аз талаботи истехсоли ва истеъмоли иборат аст. Ба талабот омил?ои зиёди дорои хусусияти сиёси, иктисоди, техники ва гайра таъсир мерасонад. Мохиятан маф?уми талабот бо чунин савол?о вобастаги дорад: "Барои чамъият хамин навъи хизматрасонии бонк зарур аст ё не?", "Ба кадом андоза ба ин навъи хизмат талабот вучуд дорад?" ва гайра.
Барои бонк донистани талабот барои навъи хизмат ?оло нокифоя аст, вай бояд талаботи пардохтпазириро донад, яъне талаботе, ки таъминоти пули ва гаравии карзро дорад, инчунин муштариёнеро, ки ?охиши бо он?о муносибат кардан дорад, хаматарафа омузад.
Чараёни омухтани талабот ба хизмати бонки аз ду омили асоси иборат аст:
1.Омухтани сатхи талаботи чори;
2.Ояндабинии талабот.
Омухтани сатхи талаботи чори, санчидани самти умумии эхтиёчоти муштариёни худи бонкро дар бар мегирад. Дар ин чараёни кор бояд хамон хизмат?ои бонкие омухта шаванд, ки ба он?о эхтиёчоти муштариён зиёдтаранд.
Барои ояндабинии талабот ба хизмати бонки, бояд самт?о ва равиши талабот ба хизмати бонки дар бозори амалкунандаи ин хизмат?о хаматарафа омухта, хамаи омил?ои ба он?о таъсиркунандаро барраси намуда, сатхи таъмини ин талаботро муайян кардан зарур аст.
Ба таври умуми ба ?олати талабот омил?ои зерин таъсир мерасонанд:
а) омил?ои хусусияти сиёсидошта (кабули конун ва хуччат?ои меъёрии нав, дастур?о ва гайра);
б) омил?ои иктисоди (тагйирёбии сатхи истехсолот, пардохтпазирии муштариён):
в) омил?ои пешрафти илмию техники;
г) тагйирёбии нархи хизмати бонки:
д) пайдоиш ва ривоч ёфтани ракобат аз тарафи дигар ташкилот?ои карзии гайрибонки ва ?оказо.
Хамин тарик, омухтани талабот ба хизмати бонки дар назди кормандони бонк масъала мегузорад, ки эхтиёчоти муштариён ба хизмати бонки хаматарафа тахлил карда шуда, имконияти бонк барои дар бозор фаъолият намудан ва максади бонк муайян карда шавад. Хамаи ин кор талаб менамояд, ки фаъолияти ояндаи бонк барномарези карда шавад.
Просмотр: 7492
Музыка способна оказывать известное воздействие на этическую сторону души; и раз музыка обладает такими свойствами, то, очевидно, она должна быть включена в число предметов воспитания молодежи.
© 2020 DURAHSHON.TJ. All rights reserved