Дата: 2016-04-22
Вазифаи умумии танзими фаъолияти хар бонки тичорати дар чорчубаи сиёсати ягонаи пулию карзии Хукумати мамлакат ба ухдаи Бонки миллии То?икистон гузошта шудааст. Ин танзим чихати мусоидат намудан ва таъмини омил?ои зерин равона карда мешавад:
- кори босубот ва кави намудани вазъи молиявии бонки тичорати;
- равиш ва хавасмандгардонии бонк барои додани карз ба самт?ои асосии иктисодиёт ва баланд бардоштани некуахволии чамъият;
- ташкили илмии муомилоти пули дар ?очагии халк ва гайра.
Барои дар амал чори намудани ин чорабини?о Бонки миллии То?икистон кабл аз хама усул?ои иктисодии идорасози ва дар ?олати нокифоя будани он?о усул?ои маъмуриро истифода мебарад. Ташкили муносибат?ои Бонки миллии То?икистон бо бонк?ои тичорати ва усули танзими фаъолияти он?о дар конунгузории. бонки дарч гардидааст. Мутобики конунгузории мавчуда Бонки миллии То?икистон барои танзими фаъолияти бонк?ои тичорати мачмуи усул?ои зерини иктисодиро истифода менамояд:
-тагйир додани захира?ои хатмие, ки бонк?ои тичорати дар Бонки миллии То?икистон нигох медоранд;
-муайян намудани худуди додани карз ба субъект?ои ?очагидори;
-тагйир додани фоизи карз;
-гузаронидани амалиёт бо когаз?ои киматнок, асъори ?оричи ва гайра.
Мутобики дастур "Дар бораи захира?ои хатмии бонк?о ва дигар ташкилот?ои карзие, ки дар Бонки миллии То?икистон нигох медоранд" аз 22 ноябри соли 1997 Бонки миллии То?икистон захира?ои системаи бонкиро ташкил медихад. Ин захира аз хисоби восита?ои пулии субъект?ои ?очагидори ва а?олии, ки бонк?о чун захира?ои карзи чалб менамоянд, ташкил карда мешавад.
Фонди захира?ои хатми барои он ташкил карда мешавад, ки бонк?ои тичорати дар мавриди зарури аз хисоби ин захира талаботи муштариёнро чихати гирифтани амонату пасандоз?о таъмин намоянд.
Бонки миллии То?икистон бо рохи тагйир додани меъёри захира?ои хатми ба сиёсати карзии бонк?ои тичорати таъсир расонида, ?олати муомилоти пулиро танзим менамояд. Дар ?олати кам кардани меъёри захира?ои хатми ба бонк?о шароит мухайё мегардад, ки маблаги захира?ои карзии чалбшударо ба таври пурра ба муштариён ба карз диханд, аммо ин амал боиси дар муомилот зиёд шудани хачми пули накд гардида, болоравии таваррумро метезонад.
Ба меъёри захира?ои хатми сатхи тараккиёти системам бонки ва умуман ?олати иктисодии мамлакат низ таъсир мерасонад. Меъёри захира?ои хатмии бонк?о ба шакли фоиз аз ухдадори?ои бонк муайян карда мешавад. ?олодар системаи бонкии То?икистон меъёри ин захира барои бонк?ои тичорати ба микдори 20 фоиз мукаррар карда шудааст. Аммо дар ?олат?ои зарури чихати таъмини пардохтпазирии бонк?о дар муддати мох кисми ин захира?о ба он?о баргардонида мешавад ва бонк?о бояд то охири хамон мох меъёри муайяншударо ичро намоянд. Ин захира?о боз дар вакти муфлисшавии бонк?о барои таъмини талаботи амонатгузорон ва пасандозкунандагон мавриди истифода карор мегиранд.
Дар ?олат?ои аз тарафи бонк?ои тичорати зиёд додани карз ба субъект?ои ?очагидори, Бонки миллии То?икистон ба бонк?ои тичорати худуди додани карзро муайян мекунад, зеро афзоиши хачми карз дар иктисодиёт боиси дар муомилот зиёд шудани пули накд гардида, ин ?олат низ таваррумро ба миён меоварад. Ин амали Бонки милли ба усулхри маъмурии танзими фаъолияти бонки дохил мешавад.
Тагйир до дани сатхи фоизи карз низ яке аз усул?ои танзими фаъолияти бонки буда, тавассути он ба афзоиши хачми карз таъсир расонида мешавад. Дар баъзе мамлакат?ои Итти?оди Давлат?ои Мустакил фоизи карз?ои аз тарафи бонк?ои тичорати додашавандаро Бонк?ои милли (маркази) муайян мекунанд (аз чумла, дар Федератсияи Русия). Аммо дар чумхурии мо ин амалро Бонки миллии То?икистон дар натичаи тагйир додани фоиз?ои бозтамвил (рефинансирования) танзим менамояд. То 1 январи соли 2001 фоизи карзие, ки аз чониби Бонки миллии То?икистон ба бонк?ои тичорати дода мешуд, ба воситаи музоядаи карзи муайян мегардид. ?оло бошад амали музоядаи карзи катъ гардида, бозори карзии байнибонки ташкил карда шуд. Дар оянда хангоми ба карз зарурат пайдо шудан як бонк аз бонки дигар карз мегирад.
Усули дигари танзими фаъолияти бонки, ин амал кардан дар бозори когаз?ои киматнок ва асъори ?оричи буда, бо ин усул Бонки миллии То?икистон метавонад ба хачми пули дар муомилотбуда таъсир расонида, як кисми онро аз муомилот гирифта захира намояд. Бо ин амал низ пеши рохи болоравии таваррум гирифта мешавад. Бояд кайд намуд, ки ?оло дар чумхурии мо бозори дуюминдарачаи когаз?ои киматнок инкишоф наёфтааст ва тан?о бозори якуминдарачаи ин когаз?о амал мекунад. Нахустин музоядаи Вексел?ои давлатии хазинадории То?икистон 2 сентябри соли 1998 барпо гардид. Максади асосии барориши Вексел?ои хазинадори ин дарёфти сарчашма?ои гайритаваррумии пушонидани касри бучети давлати аст. Дар ин музояда асосан бонк?ои тичорати ва ташкилот?ои молиявии гайрибонки иштирок меварзанд. Аз 15 марти соли 2001 тавассути музояда фуруши вом?ои Бонки миллии То?икистон огоз гардид, ки ин барои пешгири намудани зиёдшавии сатхи таваррум ва танзими микдори пули дар муомилотбуда ахамияти калон дорад. Аммо барои ба фаъолият огоз намудани бозори когаз?ои дуюмдарача тамоми чора?ои зарури андешида шуда истодааст ва дар ояндаи наздик ин бозор фаъолият ?охад кард. Баъд аз огози фаъолияти ин бозор имконияти Бонки миллии То?икистон барои дар бозори озод кор бурдан хеле васеъ мешавад.
Кайд кардан зарур аст, ки хамаи меъёр?ои аз тарафи Бонки миллии То?икистон муайяншударо бонк?ои тичорати бояд хатман ичро намоянд. Дар ?олати аз тарафи бонк?о риоя нашудани ин меъёр?о Бонки миллии То?икистон чора?ои зарури меандешад ва агар чора?ои дидашуда натича надиханд, фаъолияти ин гуна бонк кать карда мешавад.
Просмотр: 5481
Музыка способна оказывать известное воздействие на этическую сторону души; и раз музыка обладает такими свойствами, то, очевидно, она должна быть включена в число предметов воспитания молодежи.
© 2020 DURAHSHON.TJ. All rights reserved