Дата: 2016-04-22
Сарчашмаи асосии карзи бонки пеш аз хама маблаг?ои пулии худи бонк аст. Бонк?ои са?омию тичорати бо маблаг?ои сахмдорон созмон дода шуда, сармояи оинномавии бонкро ташкил медиханд ва бонк фаъолияти худро огоз менамояд. Меъёри сармояи оинномавии бонки са?омию тичоратиро Бонки милли (маркази) муайян мекунад. Бонк дар аввал карз?оро аз хисоби сармояи ташкилшуда медихад ва дар ?олати нокифоя будани он барои конеъ намудани талаботи муштариён дигар сарчашма?оро дарёфт менамояд.
Яке аз сарчашма?ои зиёд кардани сармояи бонк интишор ва фуруши когаз?ои клматнок аст. Бонк?ои са?омию тичорати ду шакли когаз?ои киматнокро (сахмия?оро) нашр карда мефурушанд: сахмияи одди ва сахмияи имтиёзнок. Дар сахмияи имтиёзнок фоизи (дивиденди) солона дарч карда мешавад. Дорандаи сахмияи оддй чун сахмдор дар мачлис?ои сахмдорон иштирок мекунад ва вобаста ба маблаги сахмияи харидааш дар мачлис сохиби овози халкунанда мебошад. Дорандаи сахмияи имтиёзнок дар мачлиси сахмдорон иштирок мекунад, аммо овози халкунанда надорад ва новобаста аз сатхи даромади бонк фоизи (дивиденди) дар сахмия нишондодашударо мегирад. Даромади дорандаи сахмияи одди бошад ба фоидаи солонаи бонк вобастаги дорад. Дар ?олати бад шудани фаъолияти молияви, бонк метавонад дивиденди ин навъи сахмия?оро кам кунад ва ё тамоман надихад.
Сарчашмаи дигар ва доимии карзи бонки ин амонат ва пасандоз?ои муштариёни бонк ба шумор меравад. Муштариён дар бонк?о барои нигох доштани пули милли ва асъори ?оричи хисоб?о мекушоянд ва дар ин хисоб?о пул?ои муваккатан озод мемонанд, ки сохибонашон он?оро истифода намекунанд. Бонк ин пули муваккатан озодмондаро ба муштариёне, ки ба маблаг?ои пулии иловаги эхтиёч доранд ба як муддати кутох бо шарти бозгардонидан карз медихад.
Бонк хамчунин аз муштариёне, ки дар хисоб?ояшон пул доранд, аммо кисми он?оро истифода намекунанд, дар як давраи муайян ба шакли амонат (депозит) карз мегирад ва талаботи дигар муштариёнро ба маблаг?ои пули конеъ месозад. Бонк?о аз руи амонат?ои гирифтаашон ба муштариён фоиз медиханд.
Дар бонк?о а?оли низ пули муваккатан озоди худро ба шакли пасандоз мегузорад ва бонк?о ин пасандозро чун сарчашмаи карз истифода мекунанд. А?оли пули худро дар бонк ба ду шакл пасандоз менамояд:
а) ба мухлати муайян;
б) бе муайян кардани мухлат.
Агар пасандоз ба як мухлати муайян гузошта шавад барои бонк созгор аст, зеро бонк дар ин мухлат метавонад он?оро карз дихад. То таърихи 1 январи соли 2001 пасандози а?оли дар хамаи бонк?ои тичорати ва Бонки давлатии амонатгузори ба хисоби миёна 57134,5 хазор сомониро ташкил дод, ки аз ин 1720 хазор сомониаш пасандози мухлатдор мебошад.
Бозори карзии байнибонки низ сарчашмаи захира?ои карзи ба шумор меравад, зеро бонк?ое, ки захира?ои карзиашон зиёд аст, дар ин бозор он?оро мефурушанд ва дигар бонк?о ин захира?оро харида, талаботи муштариёнашонро конеъ мекунанд. Мавчудияти бозори захира?ои карзи аз як тараф ба харидорон созгор буда, аз тарафи дигар ба бонки фурушандаи ин захира?о фоидаовар аст. Бонки фурушанда аз хисоби фуруши захира?ои зиёдатиаш фоидаи бонкро зиёд мекунад, зеро харидор баъд аз сипари шудани мухлати шартномави, карзро бо фоизаш бармегардонад.
Сарчашмаи дигар ва мухими захира?ои карзии бонк?ои са?омию тичорати карзи мутамаркази Бонки милли (маркази) аст. Агар захира?ои карзии бонки са?омию тичорати барои таъмини эхтиёчоти муштариёнаш кифоят накунад, вай метавонад аз Бонки милли (маркази) захираи карзи гирифта, талаботи он?оро конеъ созад. Дар чумхурии мо бонк?ои тичорати аз карзи мутамаркази Бонки миллии То?икистон ба таври доими истифода мебаранд. Масалан, карз?ои аз тарафи Бонки миллии То?икистон ба бонк?ои тичорати додашуда то таърихи 1 январи соли 2001 - 13 млн. 505 хаз. сомониро ташкил дод.
Фаъолият намудан дар шароити иктисоди бозори муносибати бонк?оро бо бонк?ои мамлакат?ои дигар васеъ мекунад ва бонк?о метавонанд захира?ои карзиро аз ?оричи кишвар низ дастрас намоянд. Дар чумхури барои дарёфт намудани захира?ои карзи аз мамлакат?ои ?оричи тамоми тадбир?о андешида шудаанд. Имруз Бонки са?омию тичоратии "Ориёнбонк" ва "То?иксодиротбонк" захира?ои карзии худро аз ?оричи кишвар низ дарёфт менамоянд.
Просмотр: 4402
Музыка способна оказывать известное воздействие на этическую сторону души; и раз музыка обладает такими свойствами, то, очевидно, она должна быть включена в число предметов воспитания молодежи.
© 2020 DURAHSHON.TJ. All rights reserved