Дата: 2016-04-22
Захира?ои карзии дар натичаи амалиёти пассиви ба вучудомадаи бонк, дар тарафи пассиви тавозуни (баланси) он дарч мегарданд. Захира?ои бонк аз ин?о иборатанд: восита?ои хусусии бонк, восита?ои карзй ва восита?ои чалбшуда. Дар мачмуъ бонк ин захира?оро ба воситаи амалиёти активии худ истифода намуда, даромад ба даст меоварад. Амалиёти активи ва пассивии бонк бо хамдигар алокамандии зич доранд. Амалиёти активии бонк ба таркиб ва хусусияти тарафи пассиви тавозуни (баланси) бонк вобастааст, зеро аз таркиби пассиви тавозуни он имконияти гузаронидани амалиёти активи вобастагии зиёд дорад ва бонк сиёсати карзии худро мутобики он тартиб медихад ва амали мегардонад.
Сарчашмаи асосии бунёди захира?ои бонки амонат ва пасандози муштариёни бонк ба шумор меравад. Аммо барои ин ки муштариён ба бонк бовари дошта бошанд, бонк бояд дорои восита?ои хусуси бошад ва муштариён донанд, ки дар вакт?ои зарури талаботашонро бонк конеъ карда метавонад.
Ба восита?ои хусусии бонк ин?о дохил мешаванд: фондиоинномави, фонди захира, фонд?ои дигар, ки аз хисоби фоидаи бонк ташкил мегарданд ва фоидаи дар давоми сел хануз таксимнашуда.
Фонди (сармояи) оинномавии бонк - пойгохи асосии фаъолияти бонк аст. Бобаста ба шакли таъсиси бонк, сармояи оинномавии он бо якчанд рох ташкил карда мешавад. Агар бонк хамчун чамъияти са?оми созмон дода шавад, сармояи оинномавии он баробари маблаги сахмия?ои баровардашуда буда, сахмия?о ба таври озод фурухта мешаванд (агар бонк хамчун чамъияти са?омии озод созмон дода шуда бошад) ва сахмия?о байни сахмдорон мувофики маблаги сахми хар яки он?о таксим карда мешаванд (агар бонк хамчун чамъияти са?оми бо фаъолияти махдуд таъсис дода шуда бошад).
Дар Чумхурии То?икистон, мутобики Конуни Чумхурии То?икистон "Дар бораи бонк?о ва фаъолияти бонки" бонк?о дар шакли чамъияти са?омии махдуд бе хукуки баровардани сахмия?ои беном таъсис дода мешаванд. Ба чамъияти са?омии номахдуд табдил додани бонк ба шарте мумкин аст, ки агар бонк аз лахзаи барои ичрои амалиёти бонки гирифтани ичозатномаи Бонки миллии То?икистон, дар тули як соли таквими пайваста безиён фаъолият намояд ва меъёр?ою дигар коидаю андоза?ои хатмии мукарраркардаи Бонки миллии То?икистонро риоя созад.
Новобаста ба шакли ташкилию хукукии таъсис додани бонк, сармояи оинномавии он пурра аз хисоби шахсони хукукию вокеие, ки бонкро созмон медиханд, ташкил карда мешавад. Ташкили сармояи оинномавии бонк аз хисоби карзи бонки ба кулли манъ карда шудааст ва номумкин аст. Инчунин ба ин максад маблаг?ои бучетиро низ истифода кардан мумкин нест.
Вобаста ба шакли созмондихии бонк сармояи оинномавии он зиёд мешавад. Бонки тичоратие, ки чун чамъияти са?оми созмон дода шудааст, барои зиёд намудани сармояи оинномавиаш метавонад сахмия?ои иловаги нашр намуда, ба шахсони хукуки ва вокеи фурушад.
Барои бонк?ои навтаъсисшаванда, аз тарафи Бонки миллии То?икистон меъёри хадди акалли сармояи оинномави дар рузи бакайдгирии он?о муайян карда мешавад.
Бонк?ое, ки бо иштироки сармояи ?оричи таъсис дода мешаванд, сармояи оинномавиашон кисман бо асъори ?оричи ташкил карда мешавад. Шарт, коида ва хиссаи сармояи ?оричи дар таъсиси бонк?ои тичоратиро Бонки миллии То?икистон бо розигии Хукумати Чумхурии То?икистон муайян менамояд.
Фонда захираи бонки тичорати барои чуброни зарар аз амалиёти активи, додани фоиз?о ва дивиденд аз руи сахмия?ои имтиёзнок дар ?олат?ои нокифоя будани даромад ва дигар максад?о истифода мегарданд. Ин фонд аз хисоби фоидаи солонаи бонк баъд аз пардохти андоз ташкил карда мешавад.
Гайр аз ин фонд, бонк?ои тичорати аз фоидаи худ боз фонд?о барои таъминоти ичтимои ва тараккиёти истехсолот ташкил мекунанд.
Кисми асосии восита?ои хусусии бонки тичорати ин фонди бима (сугурта) аст. Ин фонд асосан барои химояи манфиати муштариён, сари вакт баргардонидани амонат ва пасандоз?о ташкил карда мешавад.
Вазифаи асосии восита?ои хусусии бонки тичорати таъмини ухдадори?ои бонк дар назди муштариён аст. Дар тачрибаи кори бонки восита?ои хусуси накши восита?ои захиравиро ичро карда, пардохтпазирии бонкро таъмин менамоянд.
Просмотр: 5156
Музыка способна оказывать известное воздействие на этическую сторону души; и раз музыка обладает такими свойствами, то, очевидно, она должна быть включена в число предметов воспитания молодежи.
© 2020 DURAHSHON.TJ. All rights reserved