Дата: 2016-04-22
а) амалиёти амонати ва пасандози.
Хусусияти ?оси муассисаи боиси он аст, ки хамчун як кор?онаи тичорати, кисми асосии захира?ои карзии вай аз хисоби маблаг?ои чалбшуда ташкил мегарданд. Восита?ои пулие, ки бонк?о чалб менамоянд таркиби хархела доранд. Шакли асосии он?о амонат?ои субъект?ои ?очагидорианд, ки дар натичаи ба шахсони хукуки хизмат расонидан ба вучуд меоянд; карз?ое, ки аз дигар муасисса?о мегиранд, инчунин карзи Бонки милли (маркази) мебошанд.
Амонат - муносибати иктисодиест, ки муштари пули худашро ба бонк барои истифодаи муваккати медихад.
Бонк аз руи амонат?ои кабулкардааш фоиз дода, он?оро дар навбати худ барои додани карз истифода мекунад, бинобар ин, амонат хам барои муштари ва хам барои бонк муфид аст. Фарк, байни фоизе, ки бонк аз карз?ои додааш мегирад ва фоизе, ки ба муштари аз руи амонат медихад, даромади бонкро ташкил мекунад. Чиддучахди бонк барои афзоиши амонат ба он равона карда мешавад, ки захираи карзии худро зиёд кунад.
Коидаи асоси ва мухими бонк ин аст, ки мухлати пас талаб кардани амонат?о ва дигар маблаг?ои чалбшуда бояд бо мухлати карз?ои ба муштариён додашуда баробар бошад, то ки дар ?олати зарури талаботи муштариёнро конеъ карда тавонад. Мувофики ин коида бонк маблаг?ои дар хисоби чории муштариён бударо чун захираи карзи истифода бурда наметавонад, зеро муштариён ин маблаг?оро дар вакт?ои барояшон зарури истифода мебаранд. Илова бар ин, дар давоми сол кисми ин маблаг?о дар суратхисоб ва хисоб?ои чории муштариён боки мемонанд, гайр аз ин, аксарияти амалиёти пардохти ба таври гайринакди сурат мегирад, аз ин ?отир аз руи баъзе хисоб?ои тахмини бакияи доимии хисоб?ои чори ва суратхисоб?оро муйян кардан мумкин аст. Барои муайян кардани бакияи маблаг?о дар суратхисоб ва хисоб?ои чории муштариён аз формулаи зерин истифода менамоем.
Бмс
БМ = ,
Гкдс
ки дар ин чо:
БМ - бакияи маблаг?ое, ки дар давоми сол дар суратхисоб ё хисоби чории муштари мавчуданд ва ба сифати захираи карзи истифода кардани он?о мумкин аст;
Бмс - бакияи миёнаи солонаи маблаг?о дар суратхисоб ё хисоби чории муштари;
Гкдс - гардиши кредитии (К-т) суратхисоб ё хисоби чории муштари дар давоми сол.
Агар муайян гардад, ки маблаги муайяне дар ин хисоб?о доими мемонад, пас бонк метавонад кисми ин маблаг?оро чун сарчашмаи карз истифода кунад, инчунин муштариён метавонанд он?оро ба бонк муваккатан амонат монанд ва аз он?о даромад гиранд.
Хисоб?ои амонати мувофики хусусият ба якчанд хел чудо мешаванд, масалан аз руи сарчашмаи пайдоиш, максадноки, дарачаи даромадноки ва гайра.
Аз руи меъёр ва хусусият хисоб?ои амонати таксим мешаванд ба:
- хисоб?ои амонатии шахсони хукуки (кор?она, ташкилот, ширкат ва гайра);
- хисоб?ои амонатии шахсони вокеи.
Аз руи шакли пас гирифтанашон таксим мешаванд ба:
-бемухлат (амонат?ое, ки мухлати муайян надоранд);
-мухлатдор (амонат?ое, ки мухлати муайян доранд).
Амонат?ои бемухлат маблаг?ои пулие хастанд, ки сохибонашон бе огохии бонк дар кадом мавриде, ки барояшон зарур аст он?оро аз бонк талаб менамоянд. Амонат?ои бемухлат иборатанд аз маблаг?ои пули дар суратхисоб?о, хисоб?ои чори, бучети ва дигар хисоб?о. Ин хисоб?о ба муштариён барои он лозиманд, ки дар вакти харидани мол ё додани хакки хизмати расонидашуда дар?ол пулашро бипардозанд, маблаги заруриро барои додани музду маош бигиранд ва гайра.
Бояд гуфт, ки аз нуктаи назари идора кардани пардохтиазирии бонк, барои бонк аз тарафи муштариён кушодани хисоб?ои чори, хисоб?ои тамвили (финансирование) сармоягузори?о, хисоб?ои таъиноти махсус муфид аст, зеро харакати маблаг аз ин хисоб?о (мухлати пардохт ва дохил шудани маблаг?о) имкон дорад барои бонк пешаки муайян гардад. Илова бар ин, сохибони хисоб?ои чори ва бучети аз бонк карз намегиранд ва бонк метавонад маблаг?ои дар хисоби он?о бударо чун сарчашмаи карзи кутохмуддат истифода намояд.
Дар баъзе бонк?о хиссаи амонат?ои бемухлат дар таркиби амонат?о хеле калон аст. Чун коида ин хел амонат?о барои бонк сарчашмаи карзии арзонанд, зеро аз руи ин амонат?о бонк фоизи ночиз медихад ва баъзан мумкин аст фоиз хам надихад. Аммо мавчудияти ин амонат?о бонк?оро водор месозанд, ки доимо захира?ои пули дошта бошанд, зеро сохибони ин амонат?о хар вакте ки ?оханд аз бонк гирифтани маблаг?оро талаб менамоянд ва дар ин ?олат?о бонк бояд талаби он?оро конеъ карда тавонад.
Тавре ки дар боло гуфта шуд пасандоз?ое, ки а?оли дар бонк?о мегузорад низ ба ду навь таксим мешаванд, яъне пасандози мухлатдор ва бемухлат.
Пасандози мухлатдор - пасандозе мебошад, ки бонк онро ба як мухлати муайян аз муштари кабул менамояд. Барои дар бонк гузоштани ин пасандоз муштари бо бонк шартнома мебандад. Дар шартнома маблаг, мухлати пасандоз, фоизе, ки бонк медихад ва дигар шарт?о дарч мегарданд. Ин пасандоз?о ба мухлат?ои то 3 мох, 6 мох, 9 мох, 12 мох ва зиёда аз 12 мох дар бонк гузошта мешаванд. Ин гуна пасандоз?о хам барон бонк ва хам барои муштари муфиданд. Бонк метавонад маблаги ин пасандозро дар мухлат?ои муайяншуда карз дихад ва муштари дар ин мухлат фоизи муайяншударо бигирад, Муштари метавонад фоизи пасандозашро хар мох ва ё баъд аз тамом шудани мухлати он гирад. Хусусияти ?оси ин пасандоз дар он аст, ки маблаг ва мухлати он бояд тагйир наёбад, агар муштари пеш аз мухлат пасандозашро гирифтани шавад, дар вакти додани маблаги пасандоз бонк фоиз?ои пеш додаашро баргардонида мегирад. Бинобар ин, муштариён аксаран пасандози худро баъди ба охир расидани мухлати он аз бонк мегиранд ё дубора шартнома мебанданд ва ё мухлати шартномаро дароз мекунанд.
Меъёри фоизие, ки бонк аз руи ин пасандоз?о медихад ба хачми маблаги пасандоз ва мухлати он вобастаги дорад, яъне агар маблаг ва мухлати пасандоз зиёд бошад, бонк фоизи зиёдтар медихад. Бинобар ин, одамоне, ки маблаг?ои пулии изофи доранд ин шакли пасандозро инти?об мекунанд.
Дар фаъолияти бонк?о боз дигар навъи пасандоз, амонат?о ва дигар амалиёт?о низ хастанд, ки ба воситаи он?о маблаг?ои пули чалб карда мешаванд.
б) карз?ои байнибонки - бонк?ои тичорати метавонанд захира?ои карзии худро аз хисоби дигар бонк?о зиёд кунанд. Бонк?ое, ки захира?ои доимии пулии зиёдати доранд метавонанд он?оро ба дигар бонк?о фурушанд, зеро пас гирифтани он?о нисбат ба карзе, ки ба ?очаги?о медиханд осонтар аст. ?оло хариду фуруши ин захира?о вучуд дорад, аммо номуташаккил аст. Бинобар ин бо Карори Мачлиси Олии Чумхурии Тоникистон "Оид ба самт?ои асосии сиёсати пулию карзи ва асъории Чумхурии То?икистон дар соли 2000-ум", Бонки миллии То?икистон ухдадор карда шудааст, ки чорабини?ои заруриро чихати ташкили бозори байнибонки биандешад. Илова бар ин, байни бонк?о боз дигар алока?ои хамкори баркарор кардан мумкин аст.
Мухлати карз?ои байнибонки гуногун аст. Дар тачрибаи байналхалки ин мухлат аз як руз то 6 мох аст. Бо вучуди ин, фоизи карзи байнибонкй аз фоизе, ки ба кор?она?о медиханд камтар аст. Сабаби асосии карз гирифтани як бонк аз бонки дигар дар он аст, ки бонки карзгиранда онро барои конеъ намудани талаботи муштариёни худ мегирад ва бо ин рох маблаггузории карзии худро зиёд мекунад. Дар вакти доду ситади ин карз байни бонки карздиханда ва бонки карзгиранда шартнома баста мешавад ва дар шартнома тамоми коида?ои доду ситади карз чой дода мешавад. Дар шартномаи карзии байнибонки хатман мухлати баргардонидани карз нишон дода мешавад ва дар баъзе маврид бонки карздиханда бандеро илова мекунад, ки мувофики он вай метавонад дар вакт?ои зарури, яъне хангоми бад шудани вазъи молиявиаш, карзи додаашро то ба охир расидани мухлати он ситонад.
Мувофики шартнома бонки карзгиранда бояд хар мох фоизи карзро ба бонки карздиханда аз хисоби худ интикол дихад. Дар ?олати сари вакт надодани фоизи карз, бонки карздиханда хак дорад аз хисоби муросилотии (корреспондентии) бонки карзгиранда ба таври мачбури онро ситонад.
Дар мамлакат?ои мутаракки бозори карзии байнибонки вучуд дорад ва доду ситади захира?ои карзии байнибонки тавассути ин бозор сурат мегирад. Дар ин бозор музоядаи карзи ташкил карда мешавад ва хар бонки харидор карзро бо шарту шароити ба худаш созгор харида мегирад.
в) карзи Бонки милли (маркази) - Бонки милли (маркази) сиёсати пулию карзиро дар амал татбик намуда, хачми пули дар муомилотбуда ва карз?оеро, ки бонк?ои тичорати ба иктисодиёт медиханд, танзим менамояд. Ин бонк сиёсати карзии мамалакатро дар иктисодиёт амали намуда, нисбати фаъолияти бонк?ои тичорати кушиш ба он равона мекунад, ки захира?ои карзии он?оро зиёд ё кам кунад. Барои ин амал сатхи фоиз ва хиссаи захира?ои хатмии бонк?ои тичоратиро истифода менамояд. Истифодаи усул?ои танзими Бонки милли (маркази) ба дарачаи тараккиёти муносибат?ои бозори дар мамлакат вобастаги дорад.
Дар рафти танзими фаъолияти бонк?ои тичорати ба бонк?ое, ки барои додани карз ба муштариён захира?ои зарури надоранд, Бонки маркази (милли) ба он?о аз захира?ои мутамаркизи худ карз медихад, то ки он?о зхтиёчоти муштариёнро ба маблаг?ои иловаги таъмин карда тавонанд. Бонки милли (маркази) аз руи карз?ои ба бонк?ои тичорати додааш фоиз мегирад.
Сатхи фоизи карз?ои Бонки миллии То?икистон баъди ба муомилот баровардани рубли то?ики чунин буд. Агар сатхи фоизро то 1 июни соли 1995 баробар ба 100 гирем, пас аз 1 июн то таърихи 1 сентябр -120, аз 1 сентябри с. 1995 то 1 марта с. 1996 - 250, аз 1 марта с. 1996 то 12 июни соли 1996 - 120 фоиз буда, баъдан бо поён рафтани сатхи таваррум (инфлятсия) паст фароварда шуд. Баъдан фуруши карз?ои мутамаркиз тавассути музояда (ауксион) аз 19 декабри соли 1997 ба рох монда шуд, ки фоизи карз вобаста ба талабот ва пешни?одот муайян карда мешавад. Барои мисол гуфтан мумкин аст, ки сатхи фоизи музояда дар таърихи 6 октябри соли 1998 - 41,0 фоизро ташкил дода дар давоми сол тагйир меёфт. Дар соли 2000-ум боз хам меъёри ин фоиз кам шуда аз таърихи 7 то 27 январи соли 2000-ум 14,3 фоизро ташкил дод.
Хусусияти ?оси карз?оеро, ки бонк?ои тичорати аз Бонки миллии То?икистон мегиранд, аз тарафи Бонки милли маржа (маржа - фоизи иловагиест, ки бонк?ои тичорати дар вакти додани карз аз муштариён мегиранд) муайян мекунад. Бонк?ои тичорати хукук надоранд ба болои фоизи карзи гирифтаашон аз маржаи муайяншуда зиёдтар фоиз монанд.
г) нашр ва фуруши когаз?он кнматнок - бонк?ои са?омию тичорати барои зиёд намудани сармояи оинномавии худ метавонанд когаз?ои киматнокро нашр карда ба фуруш бароранд, зеро яке аз сарчашма?ои зиёд кардани сармояи бонк ин нашр ва фуруши когаз?ои киматнок аст. Бонк?ои са?омию тичорати ду шакли когаз?ои киматнокро (сахмия?оро) нашр карда мефурушанд: сахмия?ои одди ва сахмия?ои имтиёзнок. Ба гайр аз сахмия?о бонк?о метавонанд боз дигар когаз?ои киматнок низ нашр карда ба фуруш бароранд. Аммо дар шароити имруза бонк?ои тичоратии кшпварамон аз ин амал истифода намекунанд. Дар фаъолияти бонк?ои мамлакат?ои Гарб ин шакли фаъолият тавсеа ёфтааст, зеро дар он кишвар?о бозори когаз?ои киматнок хеле таракки намудааст.
Просмотр: 3459
Музыка способна оказывать известное воздействие на этическую сторону души; и раз музыка обладает такими свойствами, то, очевидно, она должна быть включена в число предметов воспитания молодежи.
© 2020 DURAHSHON.TJ. All rights reserved